ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САТТОР ТУРСУН. АДИБИ ЗАБАРДАСТИ ТОҶИК ДАРГУЗАШТ

САТТОР ТУРСУН. АДИБИ ЗАБАРДАСТИ ТОҶИК ДАРГУЗАШТ

07 июн 2023, Чоршанбе
138
0
 
5 июни соли 2023 дили адиби забардасти тоҷик Саттор Турсун, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар 77-солагӣ аз тапидан бозмонд. Даргузашти ин шахсияти маъруф барои соҳаи адабиёт ва рӯзноманигорӣ талафоти бузург маҳсуб меёбад. Ӯ чун адиби тавоно ва донандаи асрори нозуки адабиёт ва журналистика дар миёни хонандагон бо офаридаҳои ҷолибу баландмазмунаш аз обрӯи хос бархӯрдор буд.
 
Фаъолияти кории худро аз маҷаллаи миллии «Садои Шарқ» пас аз хатми факултети шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дар соли 1970 оғоз бахшидааст. Масъулиятшиносии адиб дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публитсистика, мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунандаи вазифаи сардабирии ин маҷалла ва сармуҳарририи маҷаллаи адабии «Помир» (бо забони русӣ) намунаи ибрат буд.
Баъдҳо дар вазифаи сардабирии «Баҳори Аҷам» – нашрияи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ фаъолияти назаррас дошт.
Ин ифтихор мо – аҳли эҷоди рӯзномаро насиб гардидааст, ки ӯ муддате дар солҳои вазнин барои кишвар, яъне дар оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар «Ҷумҳурият» фаъолият дошт. Рӯзнома дар нашри навиштаҳояш, чи адабӣ, чи сиёсӣ ва чи фарҳангӣ дар он рӯзгор ва баъдҳо низ, саҳм гирифт. Адиб ва рӯзноманигор ба муҳимтарин масъалаҳо рӯ меовард. Навиштаҳояш дар он рӯзгор ба хотири сулҳу ваҳдат, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, ҳувияти миллӣ, шинохту эҳтироми арзишҳои миллӣ, хидматҳои бесобиқаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳ, эҳёи давлату давлатдорӣ буд. 
Ба ҳикоянависӣ аз даврони донишҷӯӣ рӯ овардааст. Нахустин китобашро бо номи «Дили гарм» дар соли дуюми фаъолияташ дар «Садои Шарқ» ба табъ мерасонад ва аз ҳамин давра, дақиқтараш соли 1972 ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта мешавад.
Саттор Турсун дар миёни хонандагон бештар бо повесту роман ва қиссаҳояш «Сукути қуллаҳо», «Камони Рустам», «Пайванд», «Ситораи корвонкуш», «Обдорӣ», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Барф ҳам мегузарад», «Падар», «Се рӯзи як баҳор», «Думбура», «Дарахти ҳазорсола», «Санг дар бағал ба тӯфон» ва ғайра маъруфу маҳбуб гардидааст. Аз ҷониби адабиётшиносону мунаққидон ва мутахассисони соҳа баҳои баланд гирифтаанд ва дар мавриди ин асарҳо андешаҳои ҷолиб иброз доштаанд. Асарҳои ӯ бо беш аз 20 забони халқу миллатҳои дунё тарҷума шуда, ба табъ расидаанд. Худ низ, намунаи осори маъруфи адибони оламшумулро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Лев Николаевич Толстой, Ҷек Лондон, Андрей Улит, Грант Матевосян аз ин зумраанд.
Тарзи нигориш, забони шевову равон, баёни андешаҳо, расондани эҳсоси қаҳрамонҳои асарҳои Саттор Турсун борҳо ситоиш шудаанд. 
Муҳаммадҷон Шакурӣ, адабиётшиноси маъруф, дар борааш гуфтааст: «Ба насри реалистии мо ҷомаи тахайюл пӯшонд ва онро ба мартабаҳои баланд бардошт».
Аз суханони шоири маъруф, Муъмин Қаноат дар ҳаққи ӯст: «Аз шакли насри одӣ даст кашид ва аз сабки инсонофаринишӣ кор гирифт».
Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, баён дошт: «Аз худ мактаби ҷадиди нависандагӣ – насри андешаро боқӣ гузошт».
Соли 1982 Киностудияи «Тоҷикфилм» аз рӯи асари ин адиби маъруф «Камони Рустам» филми ҳунарии «Айёми туманҳои тобистон»-ро ба навор гирифт.
Саттор Турсун, агарчи ҷисман аз дунё даргузашт, руҳан бо асарҳои мондагор ва ҳунари волои нависандагиву рӯзноманигорияш дар миёни ихлосмандони сершумор ҳамеша зинда хоҳад монд. Оре, на ҳар кӣ аз дида рафт, аз дил меравад.
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 07.06.2023 №: 119
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив