ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶОЯШ АНДАР ДИЛУ ДИДАҲО МЕМОНАД. ЗАФАР МИРЗОЁН МОРОВУ ДУНЁРО ПАДРУД ГУФТ

ҶОЯШ АНДАР ДИЛУ ДИДАҲО МЕМОНАД. ЗАФАР МИРЗОЁН МОРОВУ ДУНЁРО ПАДРУД ГУФТ

07 июн 2023, Чоршанбе
26
0
Хабари марги Зафар Мирзоён, нависанда, публитсист, узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, донишманди маъруф, мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, муаллифи фаъоли рӯзномаи «Ҷумҳурият» 7 июни соли равон дар баробари ҳазорон дӯстдорон, наздикон, пайвандон, мутахассисон, омӯзгорон моро низ, сахт андуҳгин намуд.
 
Ҳарчанд хабари даргузашти ин инсони нексиришт ва дӯстдору ғамхори миллат дақиқ асту ҳақиқат дорад, дил мехоҳад онро ҳеҷ бовар накунад. Ҳанӯз ҳам дидори ӯ дар чашму гуфтораш дар гӯш аст. Мебинем, ки бо табассуми зебо ва шодномӣ дар бораи як дастоварди миллат, ҳақиқати таърихӣ, асрори ҷашнҳои ниёгони барӯмандамон сухан мекунад. Ҳамзамон, дар хусуси ягон масъала ва маълумоти фаромӯшшудаи мардум андешаҳояшро иброз медорад. Дар ин маврид мавқеъву тасмими моро донистан мехоҳад. Чун дармеёбад, ки бо ҷону дил ҷонибдораш мебошем, мегӯяд: «Ана, ман дар ҳамин бора як матлаби хуби тадқиқӣ менависам. Фаҳму дарки он барои худшиносии мо бисёр зарур аст. Мақсад боло бурдани маърифати шаҳрвандон ва эҳсоси ватандӯстии онҳост».
Зафар Мирзоён дар озмунҳои таъсисдодаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» фаъолона ширкат меварзид. Навиштаҳояш бо масъалагузориҳояш аз дигар муаллифон ба маънии некаш тавофут дошт. Аз онҳо ҷаҳонбинии васеи ӯро баръало мушоҳида кардан мумкин буд ва ҳам зебо менавишту пурмаънову таъсирбахш. Қариб ба ҳар матлаби эҷоднамудааш хонандагони сершумори рӯзнома ҳамовозӣ менамуданд. Муаллиф худро дар ин ҳол хушбахт меҳисобид, зеро  эҳсос  мекард, ки ба мақсади доштааш расидааст.
Ифтихори аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият» боз дар он аст, ки бо пешниҳоди силсилаи мақолаҳои нашршудааш дар ин рӯзнома Зафар Мирзоён барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ гардид. 
Моҳе пештар буд, ки китоби ба тозагӣ нашршудаашро бо номи «Се шикасти ориёиҳо» ба аҳли эҷоди рӯзнома тақдим намуд. Дар хусуси ориёиҳои барӯманд, шинохти ҷашну маросими миллӣ, хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар эҳёи давлату давлатдорӣ, барқарории Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат суҳбати гарму ҷолиб намуд. Надонистем, ки ин охирин дидорбинӣ ва суҳбат бо дӯсти содиқи аҳли эҷод, муаллифи фаъоли рӯзнома мебошад.  Пас аз чанд рӯз беморияш хуруҷ кард ва оқибат бар ин асар морову дунёро падруд гуфт.
Зафар Мирзоён 5 майи соли 1949 дар шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг, чашм ба олами ҳастӣ кушода буд. Хатмкардаи факултаҳои шарқшиносӣ ва иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар солҳои 1972 ва 1994 буд. Фаъолияти меҳнатияш аз ассистентии кафедраи форсии факултаи шарқшиносӣ оғоз гаштааст. Баъд ҳамчун тарҷумон дар коргоҳҳои ҳамкориҳои техникии ИҶШС дар солҳои гуногун идома ёфтааст. Дар вазифаҳои мудири шуъбаи идеологии кумитаи партиявии ноҳияи Ховалинг, раиси Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Митра», роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб фаъолияти назаррас дошт. 
Аз шоҳномашиносони маъруфи кишвар маҳсуб мешуд. Беш аз 10 сол дар шаҳри Кӯлоб бо таъсиси маҳфили «Шоҳномахонӣ» онро сарварӣ кардааст. Инчунин, дар кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба донишҷӯён оид ба «Баёни андеша ба забони тоҷикӣ», «Усули нақднигорӣ дар журналистикаи муосир» дарс гуфтааст.  
Дар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва Эрон беш аз 500 мақолаи илмӣ ва публитсистӣ ба табъ расондааст. 
Китобҳояш бо номҳои «Ҷашни Наврӯз – омили худогоҳии миллии тоҷикон», «Ниёиши некон ва покон», «Худовандагори сухани порсӣ» ва «Се шикасти ориёиҳо» таълифу нашр шуда, ба дасти хонандагон ва дӯстдорони илму адабу каломи бадеъ расидаанд.
Зафар Мирзоён тамоми ҳастии худро дар хизмати мардуми кишвараш бо садоқат ва шинохти масъулияти як инсони худогоҳу донишманд бахшидааст. Номи некаш, фаъолияти пурсамару назаррасаш ҳаргиз аз хотирҳо нахоҳанд рафт. Ҷойи ӯ дар дидаву дилҳо буд ва, ҳамчунон, хоҳад монд.
 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 07.06.2023 №: 119
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив