ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РИШВА.  МАФРӮШ ЗАМИНИ ХЕШ ЗИНҲОР...

РИШВА.  МАФРӮШ ЗАМИНИ ХЕШ ЗИНҲОР...

08 июн 2023, Панҷшанбе
24
0
Дар ҳама давр таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дар назди ҷомеа яке аз заминаҳои муҳими пешгирӣ ва рафъи амалҳои коррупсионӣ шинохта шудааст. Дар ҳар сурат рушди ин давлату миллат ва инкишофи ояндаи ҳаёти ҷомеа аз амал ва фаъолияти худи мо вобаста аст.
Агар мо дар назди ҷомеа эҳсоси масъулият намоем, барои ҳар амал ва фаъолиятамон ҷавобгар бошем, манфиатҳои миллат ва давлатро аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳиямон боло гузорем, вазифаҳои хешро содиқона ва софдилона ба иҷро расонем, мушкилоти ҷомеаро дар якҷоягӣ ҳаллу фасл созем, пас, бо итминон гуфта метавонем, ки заминае барои зуҳури коррупсия боқӣ намемонад ва сатҳи коррупсия дар кишвар комилан паст мегардад. Аз ин рӯ, зарур мешуморем, ки насли наврас ва ҷавонон ҳарчи бештар дар руҳияи масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа ва давлату миллат тарбия ёбанд.
Дар осори аксари бузургони илму адаби мо ришваситонӣ ва хӯрдани ҳаққи мардум сарзаниш ва зери тозиёнаи танқид гирифта мешаванд.   Устод Айнӣ давом додани анъанаҳои ниёгон, арзиши волои инсонӣ, некӣ ва некукориро талқин намуда, исрофкориву ришвахӯриро сахт интиқод мекунад: 
Хоҳӣ, ки шавӣ азиз, эй ҷон, 
Бахшою бидеҳ, магиру мастон. 
Бахшой, на бо тариқи исроф. 
Мақсуду савоб дору не лоф. 
 
Аз ҷумла, дар яке аз асарҳои муҳими худ «Таърихи инқилоби Бухоро» устод Садриддин Айнӣ дар бораи ҳаракатҳои намояндагони рус ва муомилаи онҳо нисбат ба ҳукумати амир ва ҷавонбухориён изҳори ақида намуда, менависад: «Намояндагони элчихона ба ҳаракати ислоҳотхоҳонаи ҷавонбухориён аз ҳукумати амир ҳам бошиддаттар монеъ буданд. Эшон дар аҳди амир Олимхон, вазир, қозикалон ва соири маъмурони бузург ва кӯчаки Бухороро тамом дар дасти худ гирифта буданд. Расмӣ ва ғайрирасмӣ аз маъмурони амир ришва пеш кашида, кисаи худро пур мекарданд».
Маълум мешавад, ки решаи порагириву порахӯрӣ ба солҳои пеш рафта мерасад. Ёдамон ҳаст шеъри маъруфи аллома Айнӣ бо номи «Заминро мафурӯш!» Шоир дар ин чакома бо овардани садҳо далел фурӯхтани замин ва ришвахӯриро мазаммат мекунад:
Бишнав зи мани ҳуҷастагуфтор
Мафрӯш замини хеш зинҳор.
Мафрӯш замин, ки гавҳар ин аст,
Гавҳар чӣ, шафиқамодар ин аст.
Ин хоки сияҳ, ки мушкбез аст,
Мафрӯш, ки модари азиз аст.
 
Дар фарҳанги миллии мо ба масъалаи ризқи ҳалол хӯрдан ва ҳалолкориву покизагӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст. Садсолаҳост, ки ин арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии мо мардумро аз гирифтор шудан ба амалҳои коррупсионӣ боздошта омадаанд ва бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар оянда низ, метавонанд чунин вазифаро ба хубӣ иҷро намоянд.
 
Замира АБДУСАЛОМЗОДА,
сардори бахши робита бо ҷомеа 
ва иттилооти Маркази миллии тестӣ 
Санаи нашр: 08.06.2023 №: 120
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив