УСУЛИ МУАССИРИ ОЯНДАСОЗӢ. БАРДОШТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШУРОИ МИЛЛИИ КОР БО ҶАВОНОН
18 июли соли 2016 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид, ки ҳадаф аз таъсиси ин ниҳодро Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон маънидод намуданд.
Аз ҷониби Президенти мамлакат роҳбарӣ кардани Шуро намунаи олии эҳтиром ва эътимоди мақоми олии сиёсии кишвар ба ҷавонон мебошад. Тавре ки Пешвои миллат дар ҷаласаи нахустини Шуро 27 майи соли 2016 таъкид намуданд: “Моро зарур аст, ки дар муносибат бо ҷавонон усулҳои боз ҳам муассири ҳамкориро ҷорӣ намоем ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон тақвият бахшем”.
Дар асоси ин иқдоми бузурги Роҳбари давлат шуроҳои маҳаллии кор бо ҷавонон дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо таъсис ёфта, аз ҷониби раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо роҳбарӣ мешаванд. Ин раванд метавонад, ки насли ҷавонро дар масири ҳадафҳои олии давлату давлатдорӣ тарбият созад ва ояндаи боз ҳам дурахшонро замина гузорад.
Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Дар давоми 31 соли Истиқлоли давлатӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, инчунин, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар ин давра дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян шуданд. Махсусан, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расондани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул гаштанд, ки ҳар кадоме аз ин санадҳо дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим бозиданд.
Дар баробари дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Балҷувон низ, тарбияи насли наврас ва ҷавононро рисолати азалии хеш дониста, баҳри пешгирӣ аз ҳамагуна ҳодисаҳои номатлуб ва доғи рӯз дар ҳамкорӣ бо ҷомеа иқдом мекунанд, зеро таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ танҳо бо худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, дониши комил ва одобу ахлоқи ҳамида таъмин буда метавонад.
Ҳабиб ҶУМЪАЗОДА,
сардори ШВКД дар ноҳияи Балҷувон,
подполковники милитсия
Санаи нашр: 08.06.2023 №: 120
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)