ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОБ. ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН

ОБ. ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН

12 июн 2023, Душанбе
43
0
 
Дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи оби тоза ва мушкилоти вобаста ба он аз ҷумлаи масоили мубрамест, ки вобаста ба муҳимияти гуногунпаҳлуии худ дар мадди назари доимии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо назардошти маҷмуи масъалаҳое, ки тайи чанд даҳсолаи охир дар иртибот ба коҳиши захираҳои об, афзоиши истеъмоли он, тағйироти иқлим, обшавии пиряхҳо ва дигар омилҳо дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мушоҳида мегарданд, Сарвари Тоҷикистон кӯшиш менамоянд, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо ҷалб созанд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи ҷаҳон қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.
22-24 марти соли 2023 дар Маҷмаи умумии СММ Конфронси оби СММ баргузор гашт. Президенти кишварамон зимни баромади худ дар Конфронс оид ба вазъи таъмини об ва мушкилиҳои мавҷуда дар ҷумҳурӣ суханронӣ намуда, ҳамзамон, як қатор дастовардҳои ҷумҳуриро дар соҳаи мазкур зикр кард. Инчунин, таъкид намуданд, ки ин ҳамоиш, ҳамчунин, барои таҳияи уҳдадории муштараки ҷонибҳо оид ба мавзуъ ва сабти он дар Рӯзномаи амал дар соҳаи об ҳамчун саҳми муносиби мо дар натиҷаҳои ин Конфронси таърихӣ хидмат хоҳад кард.
Баргузории чандин нишаст, конференсияҳои байналмилалӣ ва симпозиумҳо бо қарорҳои Маҷмаи умумии СММ оид ба об на танҳо барои муаррифии Тоҷикистон мусоидат намуд, балки тоҷиконро ҳамчун мардуми ташаббускору созанда, ки дар шароити амнияти куллӣ ва субот зиндагӣ доранд, ба оламиён ошно кард. Имрӯз муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об, талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд. 
Дар ҳақиқат, барои аксари минтақаи сайёра алҳол масъалаи норасоии об, алалхусус барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ба масъалаи мубрамтарин табдил ёфтааст. Дар баробари ин, масъалаи мазкур барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, торафт аҳамияти доғ пайдо менамояд. Маълумоти ниҳодҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои илмӣ – тадқиқотӣ мушкилоти афзояндаро дар ин соҳа чи дар миқёси ҷаҳонӣ ва чи минтақаву кишварҳои алоҳида собит месозанд. Дар баробари ин, норасоии об ба эҷоди силсилаи дигар масъалаҳои ҳалталабе сабаб гаштааст, ки дар сурати вусъаташон метавонанд ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти ҷиддии глобалӣ мувоҷеҳ созанд. Бо ишора ба ин нукта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш изҳор намуданд: “Проблемаи об, ҳамзамон, бо ҷиҳати соф гуманитарии он, инчунин, ҷиҳатҳои дигар, аз ҷумла ҷиҳатҳои иқтисодӣ ва экологӣ низ, дорад”.
Тибқи гузориши Панели байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар бораи уқёнусҳо ва криосфера (соли 2019) то охири садсолаи равон сеяки пиряхҳои ҷаҳон метавонанд аз байн раванд. Танҳо дар 50 соли охир дар Тоҷикистон беш аз ҳазор пирях пурра об шуда, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардид. Тибқи хулосаҳои коршиносон, се соли охир гармтарин солҳо дар тамоми давраи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Возеҳ аст, ки идомаи ин раванд, бо дарназардошти босуръат зиёд шудани талабот ба об дар натиҷаи афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисод, метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад. Аллакай, дар панҷ даҳсолаи охир нишондиҳандаи таъмини оби тоза ба сари ҳар нафар аҳолӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ 2,5 баробар ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ бошад, чор баробар коҳиш ёфтааст. Обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнус гардида, ба ҳаёт ва некуаҳволии садҳо миллион сокинони рӯи Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиравӣ, таҳдид менамояд.
Ба андешаи мо, ташаббусҳои Пешвои миллат дар роҳи ҳалли мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ саривақтӣ буда, бо ҳадафҳои хубу мақсаднок тарҳрезӣ шудаанд. Ин ташаббусҳои муфид аҳли башарро масъул менамоянд, ки дар истифодаи оқилонаи захираҳои об нақши бештар дошта бошанд. Ҷомеаи ҷаҳониро ниҳоят зарур аст, ки дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва таъсири ногувори он ба захираҳои обӣ бетараф набошанд. 
 
Маҳинахон САИДНАБИЕВА, донишҷӯи курси 4-уми ДДҲБСТ
Санаи нашр: 12.06.2023 №: 122
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив