ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

12 июн 2023, Душанбе
27
0
 
Барои адиби шинохтаи водии Рашт Шафоати Назар, ки эҷодиёташ аз зуҳури шеър оғоз гардида, сипас, бо навиштани ҳикояву қиссаҳо сайқал ёфтаву се соли охир дар шеъри кӯдак низ, қалам меозмояд, рӯзгори падар, иштирокдори ҷабҳаҳои хунину корзорҳои қаҳрамононаи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои  1941 – 1945  намунаи ибрат буд. Қиблагоҳаш, тавре борҳо дар ёдномаҳо зикр кардааст, шахси китобдӯст, ҳунарманд, навозандаи чанд асбоби мусиқии халқӣ, бахусус дутор будааст. 
 
Вақте аз ҷанг бармегардад, як даст надошт, онро ба баҳои озодии Ватан аз фишори фашистони гитлерӣ дар фронт «монда омад». Ӯ нахуст дар мактаби деҳаи Дегаӣ аз фанни омодагии ҳарбӣ ба ҷавонон дарс медод, дарси садоқат ба Меҳан. Китобдӯст буд,  аз  ин  рӯ, дар мактаб  китобхона  созмон дод бо ёрии фарзандонаш Анваршоҳу Шафоат. Китобдори деҳот худ мехонд, дигаронро низ, ба мутолиа тарғиб мекард. Бастаи ҳамаи рӯзномаву маҷаллаҳоро дошт. Ҳамдеҳаҳоро аз навигариҳои ноҳия, кишвар ва ҷаҳон ошно месохт. Шахсе буд, аз ҳама воқеаҳо бохабар. 
Шафоати Назар ба корбарии падар бо меҳр ва бештар бо дилсӯзӣ менигарист. Медид, ки бо як даст нарм кардани замин, дарави алафу ғалла, бардоштани халтаи орд ба ӯ чи мушкилие меоранд. Аз ин рӯ, мекӯшид пайваста, дар вақтҳои фориғ аз дарс, дар паҳлуи падар бошад, ба кораш мадад расонад. Шафоат баробари ҷо ба ҷо гузоштани адабиёти китобхона ба мундариҷаи асарҳо эътибор медод, баъд ба хонданашон мепардохт, ҳамин тавр, мутолиа барояш ба шуғли доимӣ табдил ёфт. Дигар наметавонист рӯзе ҳикояе нахонад ё шеъре аз ёд накунад. Вақте синфи 10-ро хатм намуд, китобе намонда буд дар китобхонаи падараш, ки нахонда бошад. Дар рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Комсомолобод» ӯро ҳамчун шоири навқалами умедбахш, аллакай, мешинохтанд. 
Соли 1975, баъди хатми Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дар ҳамин рӯзнома ба фаъолият пардохт. Котиби масъул буд, бо дигар нашрияҳои кишвар ҳамкории густурда дошт, албатта, бо эҷоди шеърҳо. Намунаи ашъораш дар маҷмуаҳои дастаҷамъии «Чакомаи пирӯзӣ», «Гули себ», «Боли парвоз» ба нашр расида, аз қадамҳои аввалини шоир ба арсаи адабиёти тоҷик навид медоданд. Шеърҳояш ба сони оби ҷонбахши дарёчаҳои кӯҳии Нуробод гаҳе ба соҳилҳо ғулғула афканда, гоҳе ором мавҷ зада, дили ташнагони каломи нобро шодоб кардаанд.
Нависанда ва тарҷумони шинохта Ҳабибулло Имодӣ дар дебочаи китоби навбатии Шафоати Назар «Воқеаҳои нодир» чунин зикр намудааст: «Дар таърихи адабиёт бисёр нависандаҳои маъруфро метавон ном гирифт, ки мавзуи асосии эҷодиёташон аз ҳаёти шахсӣ, тарзи зиндагии мардуми деҳа, ноҳия ва ё минтақа сарчашма мегирад ва сипас ба паҳнои нисбатан васеъ мегузарад ва баъд ба сайри дунё мебарояд. Маҷмуаи ҳикояҳои латиф бо номи «Воқеаҳои нодир» аз саргузашти мардуми як деҳаи кӯҳистон маншаъ мегирад, аммо масъалагузориҳои нависанда доираи маҳдуди маҳалро шикаста, тамоми ҳудуди кишвар ва ҳам минтақаи Сибири Федератсияи Россияро фаро гирифтаанд. Аксари ҳикояҳои ӯ, ба мисли дурдонаҳои Убайди Зоконӣ, ба дилҳо шавқу сурур мебахшанд, зеро сарчашмаи онҳо аз зиндагии мардуми заҳматпешаанду муаллиф танҳо ба онҳо ҷомаи базеби адабӣ пӯшонда, бо зару зевари забони тоҷикӣ оростааст». 
Минбаъд аз зери хомаи пурсахои узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шафоати Назар китобҳои «Қиссаҳои муҳоҷират», «Ишқи духтари ёқут», «Фарзанди ду модар», «Чашмаи Кабкон», «Се рӯзи мусофират», «Нуқраоб», «Марвориди борон» эҷод ва нашр шуданд. Чӣ тавре ки Нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафар дар пешсаҳфаи «Чашмаи Кабкон» зикр намудааст: «Муҳаббат ба хоку диёр, кӯҳҳои сарсафеду пуштаҳои гандумзор ва ситоиши манзараҳои дилфиребу нотакрор мавзуи асосии ашъори Шафоати Назар буда, хонандаро ба некиву накукорӣ ҳидоят менамоянд». 
 
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 12.06.2023 №: 122
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив