МАШВАРАТИ КОРӢ
15 июн дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президент, роҳбарони як қатор идораву кумитаҳои давлатӣ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машварати корӣ доир карданд.
Дар кори машварат масъалаҳо вобаста ба рушди бахшҳои иқтисоди миллӣ, омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати дар сатҳи баланди тадорукотӣ баргузор кардани як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ, вусъати корҳои ободонӣ ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар тадбирҳои ободонию созандагӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти корҳои омодагӣ барои баргузории Вохӯрии панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, Сарвазири мамлакат, раиси Кумитаи тадорукот Қоҳир Расулзода гузориш дод.
Оид ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии саривақтию беталафи зироатҳо, гузарондани кишти такрорӣ, захираи кофии маводи озуқа ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ҳисоботи муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода шунида шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани чорабиниҳои банақшагирифташуда, омодабошӣ ба маъракаи зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи сӯзишворӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва ғайра супоришҳои мушаххас доданд.
Дастурҳои дигар ба Ҳукумати кишвар, кумитаҳои оид ба корҳои занон, кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкилу гузарондани таътили тобистона ва таъмини амнияту бехатарии кӯдакон дода шуданд.
Санаи нашр: 16.06.2023 №: 125
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
05 январ 2024, Ҷумъа
Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-479
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)