ФАРЗАНД РАФТ…
Марг, албатта, ногузир, омаданист ва аз он шарбат ҳама мечашад. Аммо марги ҷавонмард ва ба сол ҳам ҷавон, ки ғайричашмдошт сурат мегирад, дигар ва таҳаммулаш бас сангин мебошад. Хосса, марги фарзанд барои волидайн дарде бузург маҳсуб мешавад, ки тасаввурнопазир мебошад. Ба ин хотир, баргирифта аз таҷрибаи рӯзгор фармудаанд: «Сӯхтанро буттае медонад, ки бар он оташ афтодааст».
Имрӯз барои аҳли эҷоди рӯзнома навиштани ин сатрҳо, баёни дардҳо ва мусибати бузурги омада ба хонадони Мансур Абдуғаффоров, сардори раёсати котиботи рӯзномаи «Ҷумҳурият», ҳаргиз осон нест, ҳатто изҳори тасаллият низ.
Фарзанди бузурги ӯ Муҳаммадризо дунёро ва ҳамаи моро дар 26-солагӣ падруд гуфт. Албатта, мехост зиндагиро идома бидиҳад, чун онро дӯст медошт. Мехост ба Ватан, падару модар, пайвандон содиқона хидмат бикунад.
Мехост ба хотири кишвар, шодии падару модараш ба дастовардҳои бузург ноил бишавад, аммо чи метавонист кард, ки муҳлат ба анҷом расида буд.
Фарзанд рафт, дидаи равшан хароб шуд,
Дил об шуд, бирехт, ҷигарҳо кабоб шуд.
Бале ӯ рафту доғи ҳасрат ба дилҳои наздикон гузошт.
Ӯ рафту бас умедҳоро бар бод дод.
Ӯ рафту ду фарзанди хурдсолро ба ёдгор, аммо ятим гузошт.
Оре, чун умр бе овози по рафт. Бешак, ин ҷигаргӯшагони ӯ хуб ва осуда ба воя мерасанд ва зиндагии падари марҳумашонро идома мебахшанд.
Дар ин рӯзҳои бас вазнини ҳамкори азизамон бо изҳори тасаллият барояш сабри ҷамилро мехоҳем.
Аҳли эҷоди «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 16.06.2023 №: 125
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)