РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Яке аз шахсоне, ки тамоми фаъолияти меҳнатии хешро баҳри рушди соҳаи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй равона намудааст, номзади илмҳои тиб, дотсент Иззатулло Файзиев мебошад.
Ӯ 15 майи соли 1953 дар ноҳияи Шаҳристон таваллуд шудааст. Соли 1970 баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба Донишгоҳи тиббии шаҳри Одесса ба номи Н.И.Пирогов дохил шуда, солҳои 1975-1978 ҳамчун табиб-стоматологи шуъбаи ҷарроҳии стоматологии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии №1 (ҳоло БКШ №5) ва аз 01.02.1978 дар вазифаи мудири шуъбаи ҷарроҳии стоматологии БКШ №5 фаъолият намудааст. Соли 1987 рисолаи номзадиро бо муваффақият ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои тиб мегардад.
Солҳои 1984-1989 ҳамчун ассистенти кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ, солҳои 1990-1995 ба ҳайси мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино кор ва фаъолият намудааст. Аз моҳи январи соли 1996 то моҳи августи соли 2002 ҳамчун дотсент ва солҳои 2002-2004 ҳамчун мудири кафедраи стоматологияи шуъбаи Хуҷандии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино фаъолият дошт. Аз моҳи майи соли 2004 то соли 2016 ҳамчун мудири кафедраи стоматологии шуъбаи Хуҷандии ДТИБКСТ Ҷумҳурии Тоҷикистон корро идома дод.
Мавсуф табиби дараҷаи олӣ мебошад. Аз соли1995 то соли 2005 раисии созмони стоматологҳои вилояти Суғдро ба уҳда дошт.
И. Файзиев яке аз олимони машҳури соҳа ва мутахассиси ботаҷрибаи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй мебошад. Ӯ муаллифи зиёда аз 80 мақолаи илмист. Саҳмаш дар корҳои ташкилӣ ва гузарондани чорабиниҳои илмӣ-амалӣ, конференсияҳо, мизҳои мудаввар, назаррас мебошад. Аз ҷумла, соли 1999 бахшида ба 1100-солагии Абуали ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ—амалии стоматологҳои вилояти Суғдро доир намуд. Соли 1985 дар анҷумани стоматологии Тоҷикистон ва соли 1992 дар анҷумани стоматологии Ҷумҳурии Туркманистон дар шаҳри Ашқобод иштирок ва баромад кардааст.
Меҳнати ӯро бо нишони сарисинагии Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раҳматномаҳои маъмурияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва филиали Хуҷандии ДДТТ, МИҲД Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ намуданд. И. Файзиев бо донишу хоксорӣ, меҳнатдӯстию меҳрубонӣ ва масъулиятшиносию ташкилотчигӣ дар байни кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ соҳиби обрӯю этибори баланд мебошад.
Итминони комил дорем, ки минбаъд низ устод И.Файзиев донишу таҷриба ва истеъдоди фитрии хешро баҳри рушди соҳаи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй бахшида, ба ин васила, дар таҳкими рушди илми тиб саҳми муносиби хешро мегузорад ва баҳри солимии инсон ва ояндаи неки ӯ меҳнати шоиста менамояд.
М. ҚОСИМОВ,
директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи
илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй»
Санаи нашр: 16.06.2023 №: 125
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)