ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. «ШИРКАТИ АЛЮМИНИЙИ ТОҶИК» ҚАРЗАШРО АЗ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ ҚИСМАН ПАРДОХТ НАМУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. «ШИРКАТИ АЛЮМИНИЙИ ТОҶИК» ҚАРЗАШРО АЗ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ ҚИСМАН ПАРДОХТ НАМУД

18 октябр 2023, Чоршанбе
29
0


Бино ба иттилои роҳбари тиҷоратии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқи шаҳри Турсунзода» Муҳаммад Қурбонов, аҳолии шаҳри Турсунзода дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 33 миллиону 433 ҳазор сомонӣ ҳаққи истифодаи неруи барқро пардохтанд, ки 98 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
То аввали моҳи октябр қарзи аҳолӣ аз ҳисоби напардохтани маблағи қувваи барқи истифодашуда 6 миллиону 344 ҳазору 962 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, идораю ташкилоти давлатие, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз шабакаҳои барқ 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ вом доранд.
– Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи тоҷик» 320 миллион сомонӣ аз истифодаи неруи барқ қарздор буд. Масъулони Ширкат имсол як қисми қарзро пардохт намуданд, ки барои мо натиҷаи хуб аст. Алҳол қарзи корхонаи мазкур дар назди шабакаҳои барқ 297 миллиону 631 ҳазору 740 сомониро ташкил медиҳад. Сареҳ аст, ки «Ширкати алюминийи тоҷик» аҳамияти стратегӣ дорад ва мо ҳуқуқи аз қувваи барқ маҳрум намудани онро надорем. Бинобар ин, танҳо бо василаи корбариву ҳамдигарфаҳмӣ роҳи пардохти қарзро пайдо мекунем, – афзуд М. Қурбонов.
Барои ба низоми ғайринақдӣ гузаштани муштариёни шабакаҳои барқ аз ҷониби филиали КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода ба «Шабакаҳои барқи шаҳри Турсунзода» 14 адад POS-терминал дастрас гардид. М. Қурбонов мегӯяд, ки шумораи дастгоҳҳо барои хизмат расондан ба ҳамаи муштариёни шаҳр кофӣ нест. Аз ин рӯ, аз масъулони филиали «Амонатбонк» дархост карданд, ки онҳоро иловатан бо POS-терминал таъмин намоянд.

Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 18.10.2023 №: 207
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив