ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФИДОИИ  ИЛМ

ФИДОИИ  ИЛМ

25 октябр 2023, Чоршанбе
26
0

 
Дар байни олимони санъатшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Низом Нурҷонов, ки тамоми фаъолияти ҳафтодсолаи ҷамъиятию тадқиқотии ӯ бо тавлиду инкишофи илми санъат пайваста аст, дар ҷойи аввал меистад. Ӯ зодаи Бухорои бостонист. Рисола ва китобҳои Н. Нурҷоновро оид ба театр, драматургия, санъати халқӣ, рақс, мусиқӣ, театри лӯхтак мутолиа намуда, мо бо ном ва эҷодиёти як қатор устодони саҳна, мутрибон, овозхонҳо, оҳангсозон шиносо мешавем, ки фаъолияти эҷодии онҳо дар Самарқанд, Бухоро, Тошканд, водии Фарғона сар шудааст ва онҳо дар гузоштани асосу ташаккули санъати касбии ҳам тоҷикон ва ҳам ӯзбекон баробар хизмат кардаанд. 
Н. Нурҷонов солҳои тулонӣ бо тадқиқи санъати халқӣ ва мусиқию рақс машғул шуда, дар ин хусус чандин асар таълиф намудааст: рисолаи дуҷилдаи «Мусиқии халқии Помир» (ҳамроҳи олими маъруфи ӯзбекистонӣ профессор Ф. Кароматов), «Драмаҳои халқии тоҷик» (Душанбе, «Дониш», 1989) «Дар олами балет» (Душанбе, «Ирфон», 1974), «Рангомезиҳои саҳна» (Душанбе, «Ирфон», 1983), мақолаҳои «Доир ба театри лӯхтаки Бухоро», «Баъзе хусусиятҳои архаистӣ дар рақсу пантомимаҳои тоҷикони кӯҳнишин», «Бозию тамошоҳо ва театри халқии тоҷикони Қаротегину Дарвоз», «Қайдҳо оид ба театри халқии лӯхтаки Хуҷанд» ва ғайра самараи ҷустуҷӯҳои чандинсола ва бозёфти илмии муаллиф мебошанд. Дар ҷо-ҷои асарҳои номбурда низ, хонанда бо барнома ва баъзе хусусиятҳои санъати актёрони халқӣ, мусиқӣ ва рақси мардуми ноҳияҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон, Самарқанду Бухоро шиносо мешавад.
Таъсиси шуъбаи санъатшиносии Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, ташкили робита ва ҳамкории шуъба бо институтҳои санъатшиносии Маскав, Санкт-Петербург, Киев, Тошканд, Алмаато, тайёр кардани як зумра олимони соҳаҳои гуногуни санъат – театр, драматургия, кино, мусиқӣ, тасвирӣ, меъморӣ бо ном ва фаъолияти Н. Нурҷонов пайваст аст. Шогирдони ӯ ҳоло дар Академияи илмҳо, донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ва Хуҷанду Самарқанд, ташкилотҳои эҷодӣ, театрҳо ва ғайра кор мекунанд. 
Нахустин киношиносони тоҷик, номзадҳои илми санъатшиносӣ Атохон Аҳроров ва Ҳазрат Сабоҳӣ – фарзандони Самарқанд, муаррихи анъанаҳои классикии мусиқии тоҷик Аскаралӣ Раҷабов (дастпарвари Донишгоҳи давлатии Самарқанд), мусиқишиноси моҳир Зоя Тоҷикова, олимони маъруфи санъати тасвирӣ Лутфияхон Айнӣ, Маннон Рӯзиев, Рауф Муродов, муҳаррири «Тоҷикфилм» Мансур Эркабоев шогирдони боистеъдоди Н. Нурҷонов  мебошанд,  аз  маслиҳатҳои пурқимати ӯ бисёр баҳра бурдаанд ва солҳои тулонӣ дар шуъбаи номбурда якҷоя тадқиқот мебаранд.
Аз соли дар Душанбе таъсис ёфтани Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Н. Нурҷонов аз таъриху назарияи театр дарс медод, бисёр актёрон, режиссёрони маъруфи театрҳои Тоҷикистон, аз ҷумла як гурӯҳ донишҷӯёни самарқандӣ, ки ояндаи театри тоҷиканд, аз маърузаҳои олим баҳра бурдаанд.
Камина нахустин шогирд – аспиранти Н. Нурҷонов мебошам ва солҳои дароз дар шуъба таҳти раҳнамоии ин марди некхоҳ ва донишманди асил дар соҳаи театр ва драматургия тадқиқот бурда, ҷиҳатҳои нозук ва мураккаби ин намуди санъатро омӯхтам. Аз он қаноатмандам, ки ҳаёт маро бо чунин инсони поквиҷдон, олими суботкор, боғайрат, меҳнатдӯст, пуртоқат ва марди хирадманд ошно намуд. Ин хел омад ба ҳама насиб намегардад. Инро ман имрӯз боз чуқуртар ҳис кардам ва хубтар фаҳмидам. Ғайри илми санъат ман аз устодам холисбаёнӣ, беғаразӣ, мустақилӣ, хулқу одоби касби олимиро омӯхтам.
Худи услуби таҳлилу тадқиқ ва номгӯи асарҳояш далолат медиҳанд, ки Н.Нурҷонов олими пурмаҳсул буд, аҳамияти ҷамъиятӣ ва сифатҳои илмии асарҳояш барои академик шудан бечуну чаро меарзид… Фаъолияти илмию ҷамъиятии ин олим серқирра аст. Н. Нурҷонов узви иттиҳодҳои нависандагон ва ходимони театрӣ, шурои илмӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои доктории Институти санъатшиносии Ҷумҳурии Ӯзбекистон буданд. Хизмати Н. Нурҷонов назди ҷамъият, Ватан, халқу миллат ва дар  ривоҷу равнақи илми санъат басо пурарзиш аст.

Мардон ШАРОФОВ,
 номзади илмҳои санъатшиносӣ

Санаи нашр: 25.10.2023 №: 211
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив