ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАВЛАВӢ ДАР ОСОРИ АЙНӢ

МАВЛАВӢ ДАР ОСОРИ АЙНӢ

25 октябр 2023, Чоршанбе
19
0


 
Устод Айнӣ дар бораи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ китобу рисолаи алоҳида нанавиштааст, аммо дар осораш аз ӯ ном бурда ва ё ишорае карда, аз ашъораш намуна овардааст. Лиҳозо, метавон устодро аз нахустин касоне донист, ки дар осори илмиву адабиву оммавию публитсистиаш аз ӯ ёд кардаву ном бурдааст. Чун Мавлавӣ умри худро дар Рум (Туркияи имрӯза) сипарӣ кард ва бо номи Румӣ машҳур гардид, устод Айнӣ ӯро дар осораш ба номи Румӣ ёд менамояд, ном мебарад. Ӯ дар «Ёддоштҳо», дар бахши «Тайёрӣ ба сафари Бухоро барои таҳсил», ки ба нақли ба деҳа омадани Шарифҷон-махдум (Садри Зиё) ва байтбараки устод Айнӣ бо Мунзим ихтисос мегирад, як байти Мавлоноро аз забони Мунзим меорад ва менависад: «Дар охирҳои тобистони соли 1889 модаркалонам (модари модарам), ки як кампири 70-солаи барҷомонда буд, ба ман хабар фиристод, ки додарҳоямро гирифта ба пеши ӯ барам ва дар охири умраш моро бинад…
Дар рӯзҳое, ки мо дар он ҷо будем, дар Маҳалла ном деҳа, ки ба он ҷо наздик буд, аз Бухоро меҳмон омада будааст. Меҳмон писари қозикалон-домулло Абдушукури марҳум, Шарифҷон-махдум буда, мизбон соҳиби хона Мулло Абдусалом ном домуллои кунҷакии акаам будааст. Мулло Абдусалом барои хизмат кардан ба меҳмонон акаамро аз ҷои имоматиаш ҷеғ зада овардааст ва чун аз ӯ шунидааст, ки ман дар хонаи модаркалонам дар деҳаи Маҳаллаи Боло ҳастам, маро ҳам барои хизмат ҷеғ зада бурд… Акаам дар даруни меҳмонхона ба дастархонпаҳнкунӣ ва чойкашӣ маъмур буда, ман дар рӯи суффа ба самоворҷӯшонӣ машғул шудам… Дар вақте ки ман дар сари самовор нишаста чойникҳоро бо латта тоза мекардам, як бача аз меҳмонхона баромада, пеши ман омад, ки ба ман ҳамқад, аммо аз ман қоқтар ва бориктар менамуд ва ӯ дилгирона ба лаби суффа нишаста, худ ба худ гуфт: – Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ гуфтаанд:
Деҳ марав, деҳ мардро аҳмақ кунад,   
Ақлро бенуру беравнақ кунад.
Ман насиҳати Мавлоноро гӯш накарда, ба саҳро омадам, саҳро ба дилам зад. Дар ин ҷо лоақал ягон кас ёфт намешавад, ки ҳеҷ набошад, одам бо вай байтбарак карда, рӯзро гузаронад…». 
Воқеан, Шафеии Кадканӣ аз рӯи ҳамин байти Мавлоно, ки устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» овардааст, дар китоби «Шоири оинаҳо» аз ҳузури Мавлоно дар Мовароуннаҳр (албатта, «дар гӯшае») хабар дода, чунин менависад: «Аз Ҳофиз ва Бедил, ки бигзарем, шоирони дигаре, ки бешу кам дар муҳити адабии Мовароуннаҳр ҳузури ошкортаре доранд, яке Саъдӣ аст, ки шеъри ӯро дар муҳоварот бисёр мехонанд ва дигаре Соиб аст, ки дар канори Ҳофиз ба унвони Бобо Соиб аз ӯ ном мебаранд… Фирдавсӣ ва Мавлавӣ ва Ҷомӣ ва Камоли Хуҷандӣ ва Хусрави Деҳлавӣ ҳам дар гӯшаву канор ҳузур доранд, аммо на ба вусъати Бедилу Ҳофиз».
Дар ҳақиқат, Мавлоно дар «гӯшаву канор ҳузур» дорад, аммо бештар дар хонақоҳову масҷидҳо. Тавре ки мо инро дар ҳикояе, ки дар «Наводири Зиёия»-и Садри Зиё нақл шудааст, боздид менамоем: «Волиди моҷидам ҳикоят мекарданд, ки рӯзе ба нияти адои мактуба ба масҷиде даромадам. Дидам, шахсе ба хондани «Маснавӣ»-и Мавлонои Рум машғул, ҷамъе бар ӯ гирд омада. Баъзе ба тариқи муроқаба сар дар пеш афканда, бархе аз муҷозаба рӯю мӯи хеш канда. Фурсате таваққуф намудам, соате дар доираашон нишастам». 
Аз ин ҳикояи Садри Зиё маълум мешавад, ки Мавлоно танҳо дар қаламрави дину ирфону тасаввуф ва дар доираи маҳдуди хонақоҳу масҷидҳо ҳузур доштааст, на доираҳои илмиву адабию дунявӣ. Ба ин нақли Аҳмади Дониш, ки дар китоби ӯ-«Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития» мундариҷ аст, таваҷҷуҳ фармоед, ки доир ба замони амир Музаффар ва давлатдории турфаю аҷиби ӯ ба истеҳзо изҳори ақида менамояд: «Ва замони амир Музаффар доим ид буд ва давом ҷашну сур. Масалан, агар соли нав шавад, то ду моҳ сайру сури он хоб намекард, пас иди азҳо ё иди фитр меомад… Ва аз ҷумлаи русуми тоза, ки дар асри амир шуюъ ёфт, таъзими Наврӯз буд, ки чун Офтоб ба авосити ҳут расад, тараддуди ҷашну сур намуда, асбоби масхарагию дорбозию шуъбада ҷамъ менамоянд, то авосити моҳи савр ба ҳамаи деҳоту қура ва мазорот мардумро ба иҷтимоъ фармон дода, аснофи аҳли ҳарфро ба зӯру заҷр аз шаҳр бароварда, шаб ҳама шаб чароғон фармуда, қавволу мутриб ва муғаннию раққосу масхарабозро ба кор дароварда... Дар як тараф «Маснавӣ»-и Мавлавиро маърака гирифта мехонданд ва дар самте зикри ҷаҳр арра мекашиданд...
Тавре ки аз ин мисолҳо мебинем, Мавлоно, ба ҳар ҳол, дар гӯшаву канор ҳузур дорад, аммо, асосан, ба масобаи шахсияти диниву хонақоҳиву масҷидӣ, на дунявию илмиву адабиву миллӣ, ки, албатта, ин аз набудани давлати миллӣ шаҳодат медиҳад, ки мо баъд аз фурӯпошии Сомониён рӯ ба рӯ шуда будем. 
Ногуфта намонад, ки устод Айнӣ ҳамон байти болои Мавлоно(Деҳ марав, деҳ мардро аҳмақ кунад, Ақлро бенуру беравнақ кунад»)-ро дар китоби «Марги судхӯр» низ меорад. Онро аз забони Қориишкамба, ки ба орзую ҳавасҳои судхӯронаи ӯ иртибот мегирад, нақл менамояд. Ба қавли устод Айнӣ, «дар он вақтҳо дар деҳот судхӯрони заминдор ба деҳқонони камбағал ҳар сад тангаро ҳар моҳе то ба даҳ танга ба фоида мемонданд. Қориишкамба ин фоидаи калонро шунида оби даҳонаш мерафт ва ба судхӯрони саҳро ҳасад бурда дар оташи рашк монанди мӯи оташдида ба худ мепечид. Лекин аз саҳро рафтан ва ба бастани алоқа бо деҳқонон метарсид ва дар ҳақиқат ҳам ӯ, ки дар шаҳр, дар зери ҳимояти ҳокимони марказӣ ва бойҳои калон истода, аз ҳар кас дар шубҳа буд, наметавонист, ки ба саҳро дар байни деҳқонони пойбараҳна ва дар зери рақобати судхӯрони он ҷо равад. Ӯ, ки ҳар бомдод ба масҷиди Мағоқи Бухоро рафта «Маснавӣ»-и Ҷалолиддини Румиро мешунид ва ҳар гоҳ ки ҳисси судхӯриаш боло гирифта, шавқи ба деҳот рафтан дар дилаш ҷӯш занад, байти зерини «Маснавӣ»- ро, ки:
Деҳ марав, деҳ мардро аҳмақ кунад,
Ақлро бенуру беравнақ кунад
мебошад, зери лаб такрор карда, ба худ тасалло медод ва «Ман аҳмақ нестам, ки ба умеди фоидаи калон ба деҳот рафта, ҳам ҷони худро ва ҳам пули худро, ки аз ҷон ҳам ширинтар аст, дар зери хавфи талаф шудан гузорам», – мегуфт худ ба худ…».
Устод Айнӣ дар ҳамин асараш як бори дигар низ аз Мавлоно ва маснавихонӣ дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷиди Мағок, ки дар пагоҳ дар он ҷо маснавихонӣ мешуд ва Қориишкамба ба шунидани он хӯ гирфита буд, ба хонанда хабар медиҳад, ки он қазияи ба хабари инқилобро шунидану беҷоба шудани ӯ, яъне рӯи кор омадани болшевикон иртибот мегирад: «Қориишкамба дар тирамоҳи соли 1917 шунид, ки «болшевик» ном касе ба сари ҳукумат омадааст… Қориишкамба барои ҳал кардани ин масъала рост ба бонк рафта, то ки мудирро, ки «ягона одами ростгӯй» аст, дида, ҳақиқати ҳолро фаҳмад… Қориишкамба бо ҳамин мулоҳиза аз тарҷумон пурсид: «Ба сари ҳукумати Россия болшевик омадааст» мегӯянд, ин хабар рост аст ё дурӯғ? – Рост аст! тарҷимон ҷавоб дод… Қориишкамба ба хонааш рафта, ба куфтагии руҳӣ зуд дар ҷойи хобаш ёзид, аммо ӯро хоб намебурд, соате сад бор аз паҳлу ба паҳлу мегашт, чун мӯи дар оташ афтода, ба худ мепечид ва монанди сори саркӯфта, талвоса мекард ва ҳарчанд орзу кунад ҳам, рӯи осудагиро камедид… Вай баъд аз шунидани азони бомдод, ки як соат пештар аз баромадни офтоб гуфта мешуд, аз ҳавлиаш баромад, ба масҷиди Мағок рафта намози бомдодро бо ҷамоат адо кард, аммо дар ҳалқаи маснавихонӣ, ки ҳар пагоҳ дар он ҷо баъд аз бомдод ташкил меёфт ва пештар нишаста шунидани «Маснавӣ»-и Мавлавии Румиро одат карда буд, он рӯз нанишаст ва зуд аз масҷид баромада, ба пеши дари бинои банки подшоҳӣ, ки дар тими нав (дар пасажи Бухоро) воқеъ шуда буд, шитобкорона рафта, дар он ҷо ба рӯи санги мармар нишаста, аз Когон омадани мудири банкро нигарон шуд, то ки аз вай «хабарҳои хуши пухта»-ро шунида, осуда гардад…».
Дарвоқеъ, дар он замон маснавихонӣ роиҷ будааст. Бесабаб муаллифони қисми «Эзоҳот»-и китоби дувуми дуҷилдаи устод Айнӣ оид ба маснавихонӣ дар он рӯзгорон чунин нанавиштаанд: «Маснавии баъд аз намоз–дар баъзе ҷойҳо баъд аз намози бомдод ва дар баъзе ҷой баъд аз намози пешин қисме аз «Маснавӣ»-и Ҷалолиддини Румиро мехонданд».

(Идома дорад)
ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА


Санаи нашр: 25.10.2023 №: 211
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив