ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАРТОЛДИ ҲАҚИҚАТГӮ. МУАЛЛИФИ ОЧЕРКИ ТАЪРИХИИ “ТОҶИКОН”

БАРТОЛДИ ҲАҚИҚАТГӮ. МУАЛЛИФИ ОЧЕРКИ ТАЪРИХИИ “ТОҶИКОН”

02 январ 2024, Сешанбе
40
0


 
Аз пажӯҳишу ҷустуҷӯҳои олимони тоҷик маълум мешавад, ки Василий Владимирович Бартолд сеюмин шахсест, ки соли 1925 бо номи “Тоҷикон” асари алоҳида (очерки пажӯҳишӣ) навишт. Маҳз ӯ аз аввалинҳо шуда парда аз рӯи ҳақиқат бардошт ва садо сар дод, ки “Тоҷиконро фаромӯш карданд!”. Ба ин иқтибос назар кунед: “Когда в 1920 году была утверждена Конституция Туркестанской республики, то древнейшие жители края, таджики были забыты”.
Аз ин иқтибос бармеояд, ки ин марди фозил ва ҳақиқатҷӯ дар баъзе мавридҳо аз худи тоҷикон бештар барои миллати мо ҷон коҳондааст. Бонги изтироб задааст, ки ин миллат тобеъ, безабон ва беҳувият нест, баръакс ҳамин “қавми муаззам” (таъбири устод Садриддин Айнӣ) созандаи тамаддун, адабиёт ва фарҳанги асил аст.

РАВЗАНАИ РОБИТА
Ин ҳама сӯзу гудоз, навиштани очерки алоҳидаи таърихӣ бо номи “Тоҷикон” ва меҳри ин бузургмард ба миллати мо аз куҷо сарчашма мегирад? Барои ёфтани посух ба ин савол, пеш аз ҳама, бояд бо зиндагиномаи пуртазоди олим ошно шавем.
Василий Владимирович Бартолд аз рӯи баъзе ҳуҷҷатҳо 3 ва дар баъзеи дигар 15 ноябри соли 1869 дар Санкт-Петербург ба дунё омад. Падару модараш олмонитаборони русшуда буданд ва замоне аз Ҳамбурги Олмон ба Русия муҳоҷир шуданд. Бартолд гимназияи 8-уми Петербургро соли 1887 бо медали тилло ва факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи Петербургро (1891) хатм намуд. Аз солҳои донишҷӯӣ ба таърихи пурталотуми мардумони Шарқ шавқ дошт ва омӯзишро дар ҷавонӣ оғоз кард. Аввалин мақолаи илмиаш «Дар бораи дини насронӣ дар Осиёи Миёна» унвон дошт ва бо ҳамин мақола сазовори медали нуқраи Донишгоҳ шуд. Бартолд солҳои 1891-1892 бо тавсияи арабшиноси маъруфи рус В. Р. Розен ба Финляндия, Олмон, Шведсия, Италия, Австрия ва Венгрия сафар карда, дониши худро такмил дод ва назди профессор А. Мюллер нозукиҳои забонҳои шарқ, аз ҷумла забонҳои арабӣ, порсӣ, туркиро омӯхт. Соли 1893 бо роҳхати Академияи илмҳои Россия ва Донишгоҳи Петербург бори аввал ба Осиёи Марказӣ омад ва ҷамъоварии маъхазҳоро оид ба таърихи ин сарзамин оғоз бахшид.
Бартолд дар давоми 38 соли фаъолияти илмию таҳқиқотӣ бештар аз 400 асар – рисолаҳои илмӣ ва мақолаҳову хотираҳо навиштааст, ки танҳо дар «Энсиклопедияи исломӣ» 246-тои онҳо ба табъ расида.
Ҳамчун шарқшиносони рус, профессор (1901) ва академики Академияи илмҳои Русия (1913) шуҳрату номи тамом дошт ва то ҳанӯз корҳои бунёдии ӯ дар шарқшиносиву тоҷикшиносӣ пояи асосианд.
Номбурда 19 августи соли 1930 дар Ленинград ҷон ба Ҳақ супурд ва мақбараи гулафшонаш он ҷост. 

ЧӢ ТАВР БАРТОЛД БА ТАЪРИХИ ТОҶИКОН РӮ ОВАРД?
Соли 1893 Академияи илмҳо ва донишгоҳи Петербург Бартолдро барои омӯзиши ёдгориҳои Осиёи Миёна фиристоданд. Дар ин сафар олими ҷавон ёдгориҳои Самарқанду Истаравшан (он замон Ӯротеппа), Шаҳристон ва водии Фарғонаро низ омӯхт. Азбаски донандаи забонҳои арабиву порсӣ ва хатти ин забонҳо буд, пайи баррасии ҷиддии маъхазҳои хаттӣ гардид. 
– Зимни сафари илмӣ дар Тошканд маҳфили “Дӯстдорони бостоншиносӣ”-ро созмон дода, дар рӯзномаҳои «Туркестанские ведомости» ва «Окраина» як силсила мақолаҳо чоп кард. Дар Хуҷанд, Истаравшан ва Шаҳристон низ бисёр маъхазҳои хаттиро баррасӣ намуд. Таҳқиқоти аввалини Бартолд бо номи «Туркистон дар даврони ҳуҷуми муғулҳо» соли 1900 интишор ёфт. Дар он бори нахуст сарчашмаҳои хаттии замони қадим ва асримиёнаи Хуросони Бузург мавриди таҳқиқ қарор гирифта, таърихи илмии он навишта шуд. Танҳо дар Англия се бор (1928, 1959, 1967) ба табъ расидани ин китоб далели арзиши баланд доштани он аст, - менависад Усмон Эшонзода, номзади илмҳои таърих, бостоншинос.
Пас аз ин, Бартолд асари «Тафсири таърихию ҷуғрофии Эрон»-ро (1903) таълиф намуд, ки он дар омӯзиши гузаштаи пуршарафи ин кишвар оғози давраи нав буд. Дар китоб садҳо сарчашма ва маълумоти манбаъҳои дигар таҳлил гардида, ахбори онҳо ҳаматарафа санҷида шуда, баҳои ҳақиқӣ гирифтаанд.
Таҳкурсии тавонову илмии таърихи Ориёнзаминро маҳз асарҳои Бартолд гузошта. Ӯ ҳар як санаву далелро дақиқ месанҷид ва барои ҳалли ҳар як масъалаи таърихӣ, маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ, маводи бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, сиккашиносӣ ва ғайраро васеъ истифода мебурд. Бобоҷон Ғафуров дар ин бора дар китоби “Тоҷикон”-и худ ишораҳои равшан дорад: “Тавсифи хеле хуб ва муътамади маъхазҳои оид ба таърихи Осиёи Миёнаи (Марказӣ)-и асрҳои IX-XII-ро (1963) маҳз Бартолд додааст”. Ё дар ҷойи дигар: “Маълумоти маъхазҳои хаттӣ оид ба истихроҷи маъдан дар Осиёи Марказӣ дар асарҳои Бартолд гирд оварда шудаанд”. 

«ТАДЖИКИ» ЧӢ ГУНА ИНШО ШУД?
Усмон Эшонзода ба таърихи тоҷикон меҳру робитаи махсус доштани Бартолдро таъкид карда, менависад: «Бо ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи январи соли 1925 донишмандони рус дар Тошканд «Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва мардуми ориёнасли берун аз он»-ро созмон доданд, ки он то соли 1930 фаъолият кард. Ба ин ҷамъият А. Семёнов, М. Андреев, Н. Корженевский ва дигарон шомил буданд. Бартолд агарчи дар Петербург зиндагӣ дошт, бо «Ҷамъият» ҳамкории зич намуда, барои аввалин маҷмуаи он «Тоҷикистон» (1925) мақолаи «Тоҷикон»-ро навишт».
Маълум мешавад, ки ангезаи навиштани очерки таърихии «Тоҷикон» фаъолияти «Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва мардуми ориёнасли берун аз он» будааст. Азбаски Бартолд вақти фаъолиятҳои илмӣ дар Осиёи Марказӣ дидаву дониста ва санҷида буд, ки тоҷикон қадимтарин сокинони ин минтақаанд, бо хоҳиши ҷамъияти мазкур асари «Таджики»-ро навишт ва дар олами шарқшиносӣ шӯру ғалаён ангехт. Ҳарчанд дар он замон ин очерки таърихӣ танҳо як гӯшзад шудани ҳақиқат буд, аммо баъдтар барои олимони дигар ҷодаи таҳқиқотро ҳамвор кард ва даҳҳо пасояндагони дигар ба ҳақиқати суханҳои Бартолд расиданд ва ба тоҷикон бо чашми дигар, бо назари хайрхоҳона нигаристанд.
Бобоҷон Ғафуров ба пажӯҳиши ҷиддӣ ва доманадори таърихи миллат оғоз кард. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки маҳз бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров чандин китобҳои ниҳоят камёфту ҷолиб аз силсилаи “Ёдгориҳои адабиёти Шарқ”, осори академик В. В. Бартолд дар нуҳ ҷилду даҳ китоб (1963-1977), маводи симпозиуму конфронсҳои шарқшиносии сатҳи ҷаҳонӣ рӯи чоп омаданд. Мавсуф ҳангоми эҷоди “Тоҷикон” аз осори Бартолд истифода бурда, дар чанд ҷо бо сипосу дуруд ибораҳои “Бартолд дуруст тахмин мекунад...”, “Нигаред ба асарҳои Бартолд”, “Ба Бартолд истинод овардем” истифода мебарад ва аксари ишораҳои илмии ин пажӯҳишгари ҷавонмардро муҳри тасдиқ мезанад.
Гутфан баҷост, ки дар бораи хидматҳои шоистаи ин марди хирад дар Тоҷикистон китобу асарҳои алоҳида навиштаанд, аз ҷумла, “Выдающийся русский востоковед В. В. Бартольд” (Акрамов Н. М.), Научно биографический очерк. Д. 1963, “О роли В. В. Бартольда в становлении науки и высшего образования в Советском Туркестане”. М., 1970. Акрамов Н. М, “Академик В. В. Бартолд”. Д., 1976. С. Ғуломшоев.
Абулқосими Лоҳутӣ, шоир ва нависандаи бузурги тоҷик, бо иншои сӯгномаи Бартолд ишора ба он мекунад, ки ӯ донандаи асрори Шарқ буд:
Дар бистари хок хуфта донандаи Шарқ,
Дар илму фунун марди намояндаи Шарқ.
Ӯ мурд, вале то ба абад зинда бувад 
Номаш ба радифи номи пояндаи Шарқ.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”


Санаи нашр: 29.12.2023 №: 251-252
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив