ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ МАҶМААИ ЛИЖАРОНИЮ САЙЁҲИИ “САФЕД-ДАРА”

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ МАҶМААИ ЛИЖАРОНИЮ САЙЁҲИИ “САФЕД-ДАРА”

05 январ 2024, Ҷумъа
9
0

 
29-уми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароити кору хизматрасонии маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-дара” дар ноҳияи Варзоб шинос шуда, марҳалаи дуюми роҳи танобиро мавриди истифода қарор доданд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини шароити созгори бахши сайёҳӣ ва ҷалби ҳар чи бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ дар мавзеи “Сафед-дара” аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафед-дара” як қатор иншооти муҳими соҳаи сайёҳӣ бунёд гардида, сохтмони дигар инфрасохтор идома дорад.
Дар маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-дара” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, бо шароити қабули мизоҷон дар котеҷи чӯбии дуошёна шинос шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи тадбирҳои басомонрасида изҳори қаноатмандӣ карда, сифати корҳоро баланд арзёбӣ карданд.
Президенти мамлакат ба масъулин ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои сохтмонӣ ва ташкили инфрасохтори зарурӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони котеҷҳои нав дар саҳни ҳавлии маҷмаа муаррифӣ шуд.
Пешвои миллат дар назди стансияи болоии маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-дара” аз тарабхонаи нав дидан карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ ва қабули мизоҷон дар тарабхонаи нав бо пахши тугма ба фаъолияти хатти дуюми роҳи танобӣ оғоз бахшиданд.
Масъулини  Ҷамъияти  дорои  масъулияти  маҳдуди “Сафед-дара” ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, марҳалаи сеюми корҳои бунёдиву созандагиро оғоз намуданд.
Соли ҷорӣ дар асоси шартнома бо ширкати “Допелмайер”-и Австрия сохтмони хатти дуюми роҳи танобӣ ба итмом расид.
Стансияи поёнии роҳи танобии мазкур дар баландии 2590 метр аз сатҳи баҳр ва стансияи болоӣ бошад, дар баландии 3020 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Дарозии хатти роҳи танобии дуюм 1600 метр буда, аз 21 кабина иборат мебошад. Дар маҷмуъ, дарозии ҳар ду роҳи танобӣ 3600 метрро ташкил дода, 42 кабина дорад.
Тавассути роҳи нави танобӣ Сарвари давлат бо корҳои дар мавзеъ баанҷомрасида шинос шуданд.
Дар стансияи болоии маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-дара” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ роҳи нави лижаронии “Сомонӣ”-ро ифтитоҳ карда, ба  оғози ҳаракати лижаронҳо дар ин масир оғоз бахшиданд.
Роҳи нави лижаронии “Сомонӣ” бо дарозии 7,2 км сохта шудаст. Бо бунёди роҳи нави лижаронӣ на танҳо варзишгарони навтаҷриба, балки лижаронҳои касбии сатҳи байналмилаливу минтақавӣ метавонанд аз он истифода намоянд. Дар умум, роҳи лижаронӣ дар маҷмаа аз поён то ба боло 30 км-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди маҷмаа 10 котеҷи 1 ва 2-ошёнаи сохти замонавӣ мавҷуд мебошад. Аз ҷумла, 6-тоаш аз маҳсулоти муосири сохтмонӣ ва 4-тои дигараш аз ғӯлачӯб бо услуби аврупоӣ сохта шудааст.
Дар котеҷҳо барои аз 4-8 нафар ҷойи хоб пешбинӣ гардидааст. Инчунин, дар назди стансияи болоии роҳи танобӣ дар баландии 2590 метр тарабхонаи “Чаман” бо услуби миллӣ бо зиёда аз 100 ҷойи нишаст эъмор гардид.
Ҳамзамон, дар маҷмаа бинои нав, ки дар он нуқтаи тиббӣ, хазина ва сервери идоракунии коммуникатсияи иттилоотӣ ҷойгир шудаанд, бунёд ёфтаанд. 
Баъди шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ дар маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-дара”, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватандӯст дар ободу зебо гардондани ин минтақаи дорои табиати нотакрори диёр баҳои баланд доданд.
Ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки барои дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани ин мавзеъ, ҷалби бештари сайёҳону меҳмонон, тарғибу ташвиқи намудҳои варзиши зимистона дар байни аҳолии мамлакат, ба сатҳи байналмилалӣ баровардани хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо, тарабхона, марказҳои савдо ва таъмини лавозимоти варзишию барфбозӣ, майдонҳои лижаронию барфгардӣ ва роҳҳои танобӣ тадбирҳо андешанд.

Санаи нашр: 02.01.2024 №: 1-2
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив