ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Мулоқот бо дабири кулли Фонди давлатии  сармоягузории Арабистони Саудӣ

Мулоқот бо дабири кулли Фонди давлатии  сармоягузории Арабистони Саудӣ

12 январ 2024, Ҷумъа
29
0


11-уми январи соли ҷорӣ  дар шаҳри Риёз мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо дабири кулли Фонди давлатии сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Саъд ал-Круд баргузор гашт. 
Тавре ба «Ҷумҳурият» аз Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла ҷалби сармоягузории Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон дар бахшҳои «энергияи сабз» ва истихроҷи маъдан баррасӣ шуданд.


Густариши ҳамкориҳо дар самти ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист зимни мулоқоти  раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо сафири Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграф баррасӣ гашт. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон, инчунин, масъалаҳои марбут ба гуногунии биологӣ ва тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуданд. Дар вохӯрӣ вобаста ба ҳамкориҳо дар самти тақвияти дониш, малака ва маҳорати касбии мутахассисон ва таҳкими иқтидори таҷҳизоти техникии минтақаҳои муҳофизатшаванда низ ибрози  назар шуд.


ТАВСЕАИ РОБИТАҲОИ ДӮСТОНА МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН
Ин матлаб дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Раҳматулло Нуримбетов дар меҳвари баррасӣ қарор дода шуд. 

Хабарнигори махсуси «Ҷумҳурият» дар Ӯзбекистон Мирасрор Аҳроров бо истинод ба дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон гузориш дод, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба истифодаи имкониятҳои васеи ҳамкориҳои байни ду кишвар изҳори назар намуданд. 


ДУШАНБЕ – МИЗБОНИ ШУРОИ БАЙНИДАВЛАТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ 
Имсол пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи 35-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ мешавад. 

Тавре дар Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ тавзеҳ доданд, ин тасмим зимни ҷаласаи 34-уми Шуро, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор гардид, тасдиқ шуд. Дар кори Шуро мамлакатҳои узви ИДМ ва даъватшавандаҳо: Федератсияи Россия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус, Ӯзбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Молдова, Арманистон ва Қирғизистон иштирок менамоянд. Инчунин, дар ҷаласа иштироки ҳайати Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ба сифати нозир пешбинӣ шудааст. 

Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 12.01.2024 №: 10
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив