ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭЙ ВАТАН, ЭЙ ТОҶИКИСТОН

ЭЙ ВАТАН, ЭЙ ТОҶИКИСТОН

16 январ 2024, Сешанбе
21
0


Даргаҳи бахти сафеди миллат астӣ, Тоҷикистон,
Модар астӣ, модари пурҳикмат астӣ, Тоҷикистон.
Дур аз ҷурму гуноҳу иллат астӣ, Тоҷикистон.
Баҳри ҳамчун шоире ман қимат астӣ, Тоҷикистон.

Эй Ватан, эй Тоҷикистон, ҳарфи ширини забонӣ,
Ҷони ҷону қанди андарзи каломи шоиронӣ.

Сарзамини ганҷрезу файзхезу файзборам,
Тоҷикистон, обу нони ту диҳад зӯру мадорам.
Аз ту дар паҳнои олам эътиборам шуд аёнтар,
Эй сутуни хонақоҳи ҷовидону пойдорам.

Эй Ватан, эй Тоҷикистон, ҳарфи ширини забонӣ,
Ҷони ҷону қанди андарзи каломи шоиронӣ.

Гул кунад аз ваҳдати мо дашту саҳроҳои сабзат,
Атр пошад аз муҳаббат мазраи паҳнои сабзат.
Ҷаннати рӯи замин бошад ҳама дунёи сабзат,
То Сурайё авҷ гирад шуҳрати фардои сабзат.

Эй Ватан, эй Тоҷикистон, ҳарфи ширини забонӣ,
Ҷони ҷону қанди андарзи каломи шоиронӣ.

Сарбаландиат шукӯҳе аз баландии Бадахшон,
Шуҳрамандиат  давоми сарнавишти Оли Сомон.
Медиҳам ҳамчун ватандори асилат баҳри ту ҷон,
Ин садо аз қаъри ҷони Суғду Хатлону Зарафшон.

Эй Ватан, эй Тоҷикистон, ҳарфи ширини забонӣ,
Ҷони ҷону қанди андарзи каломи шоиронӣ.

Ориёнасли ту дар Балху Бухоро ҷо гирифта,
Буалиат бо шарофат рӯи дунёро гирифта.
Мавлавиат шуҳрати болотар аз боло гирифта,
Номи тоҷик дар дили халқи ҷаҳон маъво гирифта.

Эй Ватан, эй Тоҷикистон, ҳарфи ширини забонӣ,
Ҷони ҷону қанди андарзи каломи шоиронӣ.

Тоҷикистон, меҳру армони тамоми тоҷиконӣ,
Ҳастии моро мадору қуввату дармони ҷонӣ, 
Бо Ману Мо баски мағзу устохонӣ, Тоҷикистон,
Номи тоҷик зинда бошад, ҷовидонӣ дар амонӣ.

Эй Ватан, эй Тоҷикистон, ҳарфи ширини забонӣ,
Ҷони ҷону қанди андарзи каломи шоиронӣ.

Ҷурабек МУЪМИН

Санаи нашр: 16.01.2024 №: 12
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив