ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ

ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ

16 январ 2024, Сешанбе
23
0


Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар кӯчаи Борбади шаҳр маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронда шуд. 
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода ва раиси шаҳри Бохтар Файзулло Баротзода, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ширкат намуданд. Дар маърака зиёда аз 150 дарахти сояфкану ҳамешасабз ва 500 гули садбарг шинонда шуд.
Шинондани дарахт ва бунёди боғу гулгашт ба ҳолати экологӣ таъсири амиқ гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонад. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳангоми суҳбат бо ҷавонон ва аъзои ҲХДТ иброз дошт, ки ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, бахусус, вилояти Хатлон, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардондани таллу теппаҳо мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.
Гуфта шуд, ки ин иқдом аз тарафи ҳизбиёни шаҳр минбаъд низ барои боз ҳам ободу зебо гардондани ҳудуди Бохтар идома дода шавад. Дар ин кор  мардум ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷалб карда шаванд. 

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 16.01.2024 №: 12
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив