ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РИЧАРД ФРАЙ.  ХОВАРШИНОСЕ БО ТАХАЛЛУСИ “ТОҶИКДӮСТ”

РИЧАРД ФРАЙ.  ХОВАРШИНОСЕ БО ТАХАЛЛУСИ “ТОҶИКДӮСТ”

16 январ 2024, Сешанбе
18
0


Ричард Фрай, марде бо тахаллуси “тоҷикдӯст”, волаву дилбастаи таъриху тамаддуни тоҷик буд. Мехост дар бораи ин таърихи бошукӯҳ, аммо пураламу пуртазоди мо китобе тадвин кунад ва собит созад, ки миллати тоҷик дар рушду равнақи тамаддуни башарӣ ҳиссаи шоистае дорад. Бо ин ҳадаф, китоби машҳури “Таърихи Табарӣ” -и Муҳаммад ибни Ҷарири Табариро ба забони англисӣ тарҷума кард. 

ЧЕҲРАНАМОӢ
Ричард Нелсон Фрай 10-уми январи соли 1920 дар шаҳри Бирмингеми иёлати Алабамаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба дунё омадааст. Соли 1941 Донишгоҳи Принстонро бо ихтисоси таъриху фалсафа ба итмом расонда, дар Донишгоҳи Лондон ба омӯзиши забонҳои порсӣ-тоҷикӣ, арабӣ ва туркӣ машғул мешавад. Аз соли 1946 дар донишгоҳҳои номошнои дунё Ҳарвард, Колумбия (ИМА), Ҳамбург, Франкфурти ба номи Ҳёте (Олмон) ва мактабҳои олии дигар давлатҳо аз фалсафаю таърихи фарҳанги Шарқ дарс дод. 
Солҳои 1991-1993 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чун профессор аз таъриху фалсафаи Шарқ дарс гуфт. «Таърихи Бухоро»-и Муҳаммад бини Ҷаъфари Наршахиро ба англисӣ тарҷума ва бо шарҳу тафсир интишор намуд. Китобаш «Мероси Эрон» ба забонҳои русӣ, порсӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва дигар забонҳо тарҷума гардид. Доктори илм, ховаршинос, забондон, профессори ифтихории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1991), шаҳрванди ифтихории шаҳри Бухоро (1993) Ричард Нелсон Фрай 27-уми марти соли 2014, дар 94-солагӣ, аз ҷаҳон чашм пӯшид. Ҷодае илмие, ки ӯ барои илми ховаршиносӣ боз кард, имрӯз низ раҳравону раҳовардҳои бешумор дорад.

МЕҲРИ ШАРҚ ВА ТОҶИКИСТОН
Ӯ дар замони авҷи Ҷанги дувуми ҷаҳон (1939 – 1945) дар Афғонистону Эрон хидмати ҳарбиро адо менамуд. Баъди ошноӣ бо мардуми ориёӣ, ки дар некиву дилсапедӣ ҳамто надоштанд, на танҳо ҳамчун олим хунсардона пайи ҷустану ҷамъоварии далелу арқом шуд, балки ба ҷаҳони ховаршиносиву эроншиносӣ бо тамоми ҳастияш фуру рафт. Бино ба гуфтаи ӯ, меҳри Ховар ҳанӯз аз кӯдакӣ, ҳангоми  ба дасташ албоми аксҳои кишвари Ҳиндустон афтодан, дар қалбаш маъво гирифт ва дар дилаш ҳамеша орзуи дидани ин сарзамини афсонавиро мепарварид.
Бо забонҳои порсӣ-тоҷикӣ, арабӣ ва туркӣ озодона ҳарф мезад ва менавишт. Барои ӯ Афғонистону Эрон ва Осиёи Марказӣ як қаламрав – қаламрав Ориён маҳсуб меёфт. Нигоҳаш ба таъриху тамаддуни муштараки мо ба нигоҳу назари устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров монанд буд. Ба ин хотир, китоби машҳури Ричард Фрай бо номи «Наследие Ирана» (Главная редакция Восточной литературы) соли 1972 дар Москва нашр шуд. Боиси тазаккур аст, ҳамин сол асари «Таджики»-и Бобоҷон Ғафуров низ дар Москва ба табъ расид ва шуҳрат пайдо кард. Яъне, ӯ қадам ба қадам бо бузургонамон таърихи моро меомӯхт ва ҳам решаҳои фарҳангиамонро меҷуст. Дар Москва бо Бобоҷон Ғафуров вохӯрда, қиссаи гуфтугузорашонро ба Сафарбеки Солеҳ, киносози тоҷик, нақл мекунад. Маҳз Ричард Фрай навишта буд: «Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон асари русӣ доир ба мавзуи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак, он «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аст”. 
Асли ҳадафи ин олими тоҷикпарвар бо забони англисӣ ба ҷаҳониён изҳор доштани хидмат ва ҳиссаи шоистаи ниёгони мо дар илму адаб ва нашри китобу рисола ва тарҷумаи асарҳои оламшумули фарзандони ориёӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар ин ҷода аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебурд. Аз ҷумла, тарбияи чандин шогирдони қобил дар самти ховаршиносӣ, эроншиносиву тоҷикшиносӣ нахуст ба ӯ тахаллуси “эрондӯст” ва, баъдан, “тоҷикдӯст”-ро армуғон овард. 
 
ОМАДАН БА ДУШАНБЕ ВА ТАЪЛИФИ  КИТОБИ “МЕРОСИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ”
Ричард Фрай оғози солҳои 90-уми асри ХХ ба Тоҷикистон омад. Бо пажӯҳишгарону суханшиносони мо дар чандин маҳфилу маҷлисҳо иштирок кард. Мавсуф аз дӯстони наздики Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ, Муқаддама Ашрафӣ, Акбар Турсон ба шумор мерафт. Иштирокдори аввалин Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» дар шаҳри Душанбе буд, ки бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар Донишгоҳи миллӣ ба тадрис оғоз бахшид. Вазъи сиёсии кишвари мо ноҷӯр ва нооромиҳо панҷа ба домани пойтахт зад. Фрай бо ҳамсараш Иден Набии суриягӣ, ки хостгоҳаш эронист ва ӯ ҳам профессори Донишгоҳи Ҳарвард буд, дар яке аз биноҳои холии Текстилкомбинати пойтахт ба ҷавонони тоҷик забони англисӣ меомӯзонданд. Маҳз он солҳо ба иншои китоби “Наследие Центральной Азии. От древности до тюркского нашествия” (“Мероси Осиёи Марказӣ. Аз замони бостон то истилои туркҳо”) пардохт ва он соли 2000-ум ба забонҳои русиву тоҷикӣ дар Душанбе интишор ёфт. Бино ба гуфтаи тарҷумони китоби ёдшуда Баҳриддин Алавӣ, Фрай дар Душанбе  се сол (1991-1993) зистааст. 
Баъди солҳои дуҳазорум робитаи равшанфикрони Душанбе бо Ричард Фрай гусаста бошад ҳам, аммо шогирдони ӯ чароғи робитаро фурӯзон медоштанд. Яке аз шогирдонаш сафири вақти ИМА дар Тоҷикистон Франклин Ҳаддл мебошад, ки солҳои 2001-2003 дар пойтахти мамлакат фаъолияти дипломатӣ дошт. 
Соли 2019 шогирди вафодор ва ҳамномаш – Ричард Фолтс бо навиштани китоби “Таърихи тоҷикон: эрониёни шарқӣ” аз нав номи Фрайро вирди забонҳо кард. Чунки ӯ дар оғози китоб аз устодаш ба некӣ ёд оварда, дар тамоми суҳбатҳояш бо журналистон хотиррасон месохт, ки асари мазкур бо ҳидояти Ричард Фрай нигошта шуд. Ричард Фолтс ба шаҳри Душанбе ва ба Бадахшон низ сафар намуд. Ҳамин тавр, робитаи руҳонии Ричард Фрай бо тоҷикон идома дорад...

Бузургмеҳри БАҲОДУР, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.01.2024 №: 12
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив