ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «EXPO-2023. DOHA». Гӯшаи Тоҷикистонро 500 ҳазор  нафар тамошо кард

«EXPO-2023. DOHA». Гӯшаи Тоҷикистонро 500 ҳазор  нафар тамошо кард

23 январ 2024, Сешанбе
23
0


21-уми январ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO-2023. DOHA» маросими ифтитоҳи Рӯзи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, ки то имрӯз онро зиёда аз 500 ҳазор меҳмон тамошо кард. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO-2023. DOHA» дар майдони 1 миллиону 700 метри мураббаъ ташкил шуда, дар он беш аз 80 давлати ҷаҳон иштирок менамояд. Гӯшаи Тоҷикистон дар майдони наздик ба 800 метри мураббаъ доман гус-турда,  дар он намунае аз меваю хушкмеваҳо, сабзавоти тару тоза, асалу гиёҳҳои шифобахш ва обҳои мусаффои Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд. Ҳамарӯза зиёда аз 2 ҳазор нафар гӯшаро  тамошо карда, бо намунаи санъати боғдорию токпарварӣ, иқтидору имконоти энергетикиву сайёҳӣ ва истеҳсолӣ, инчунин, ҳунарҳои мардумии тоҷикон шинос мешаванд. Намоишгоҳ то 28-уми март идома меёбад.


Иштироки намояндаи Тоҷикистон  дар ҷаласаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ 
дар Давос
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар  ҷаласаи 54-уми солонаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ иштирок намуд.  
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҷаласаи солона аз 15 то 19-уми январ дар шаҳри Давоси Швейтсария баргузор гардида, дар он зиёда аз се ҳазор нафар аз 120 кишвари дунё, дар сатҳи сарварон, вазирони корҳои хориҷӣ, молия, иқтисод ва  роҳбарони бонкҳои марказӣ ва ширкатҳои хусусии фаромиллӣ иштирок намуданд.


Оғози ҳамкорӣ дар таҳияи ҳисобот оид ба иқлим ва рушд
Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки ҷаҳонӣ ҳамкориро дар таҳияи ҳисобот оид ба иқлим ва рушд (CCDR) оғоз намуданд.
Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ доданд, ҳадафи Ҳисоботи мазкур, ки то моҳи июли соли 2024 ба нақша гирифта шудааст, арзёбии осебпазирии мамлакат ба тағйирёбии иқлим, пешниҳоди стратегияҳои муассири мутобиқшавӣ, коҳиш додан ва гузоштани замина барои ташаббусҳои рушди устувор мебошад. Дар доираи раванди таҳияи Ҳисобот аз 15-ум то 19-уми январи соли 2024 аввалин машваратҳои ҳукуматӣ баргузор шуданд. 


Тақвияти ҳамкориҳои кишоварзӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Тақвияти ҳамкориҳои кишоварзӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо вазири кишоварзии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов баррасӣ  гардид.
Аз  Сафорат ба мо иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи санадҳои қаблан баимзорасидаро дар бахши кооператсияи саноатӣ муҳокима намуданд. Ҳамзамон, мусоҳибон оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои боғпарварӣ, кирмакпарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, гармхонаҳо ва омодасозии мутахассисони баландпоя табодули назар карданд.


Таҳияи нақшаи генералии маркази 65 шаҳру ноҳия
Айни замон таҳияи нақшаҳои генералии маркази 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумат тасдиқ ва мавриди амал қарор дорад. 
Тавре аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба “Ҷумҳурият” иттилоъ доданд, ин масъала дар ҷаласаи ҷамъбастии Кумита дар соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, ба таъмини риояи қонунгузорӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, амалишавии нақшаҳои генералӣ ва низоми иҷозатдиҳӣ дар фаъолияти мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ диққати махсус дода шуд.


Тақдими таҷҳизоти компютерӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист
Ба якчанд мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, марказу муассисаҳои тобеи Кумитаи ҳифзи муҳити зист 9 мошини замонавӣ  ва таҷҳизоти компютерӣ тақдим гардид. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода дар вазъияти тантанавӣ калиди мошинҳоро ба масъулон тақдим намуда, таъкид дошт, ки бар ивази чунин ғамхориҳои давлату Ҳукумат фаъолияташонро ба беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ равона созанд.


ХАТЛОН
Дар Ҷашни Сада намоиши ниҳол ва гулу буттаҳои мавсимӣ ташкил шуд
Дар вилояти Хатлон Ҷашни Сада бо риояи анъанаҳои ниёгон – афрӯхтани гулхани рамзӣ, намоиши ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ, гулу буттаҳои мавсимӣ, техникаҳои кишоварзӣ, оростани дастархони идона, базму тараб таҷлил гардид.
Аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси вилоят ба мо хабар доданд, ки дар ҷашнгоҳ намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳтарин намунаҳои маҳсулоти кишоварзӣ, анвои мухталифи таомҳои миллӣ, қаннодӣ, ниҳолу дарахтони мевадиҳанда ва ороиширо ба маъраз гузоштанд. Ҳамзамон, ҳунармандон бо пешниҳоди намунаҳо аз маҳсули дастони худ, ки муаррифии ҳар як халқу миллат маҳсуб мегардад, фаъолона иштирок намуданд.

Санаи нашр: 23.01.2024 №: 16
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив