ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА

29 январ 2024, Душанбе
38
0

  
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои фаъолияташон, бо вуҷуди ташвишҳои зиёди сиёсӣ ва иқтисодӣ, ба соҳаи фарҳанг аҳамияти махсус медоданд. Ба таъбири дигар, ин абармарди таърихӣ кори давлатдории хешро бо фарҳанг оғоз карданд. Пешвои миллат ба хубӣ дарк намуданд, ки ниёгони бузургамон бо заҳмату талоши пайвастаашон дар роҳи илму адаб муваффақ гардида,  бароямон як фарҳанги волою ғанӣ ва инсонсозро ба мерос гузоштаанд. 
Воқеан, фарҳанги миллии мост, ки ба воситаи он чеҳраи аслии анъанаю суннатҳои миллӣ ва  бузургии ҷашнҳои бостонии моро ҷаҳониён эҳсос ва дарк менамоянд. Мусаллам аст, ки дастоварди беҳтарини замони истиқлолият ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва суботу амният дар ҷомеа буда, ҳамаи комёбиву мувафаққиятҳои баъдӣ, аз ҷумла ташаккулу такомул бахшидани фарҳанги миллӣ, самараи ин падидаҳои нодир мебошанд. 
Муллоаҳмадшоҳ Ҷурғосиев, сардори шуъбаи тарбияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, номзади илмҳои филологӣ, дар робита ба ин масъала, иброз дошт, ки яке аз корҳои муҳим ва ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба ҷашнҳои миллии тоҷикон ва аз нав эҳё кардани онҳо мебошад. Зеро ҷашну маросими фарҳангию суннатӣ муҳимтарин омили муттаҳидкунандаи умумиятҳои гуногуни башарӣ ба шумор мераванд. Маҳз ба туфайли пуштибонии Сарвари давлат, дар мамлакат ҷашнҳои миллӣ, махсусан Наврӯзи оламафрӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон, дар сатҳи хеле баланд таҷлил мегарданд. Тоҷикон аз зумраи он миллатҳои куҳанбунёду тамаддунофаранд, ки тавонистанд ҷашнҳои муқаддаси миллиашонро алорағми фишорҳои мафкураҳои ҳоким дар низомҳои гуногуни сиёсӣ беосеб то ба имрӯз бирасонанд. 
Ба гуфтаи М. Ҷурғосиев, ҷашнҳои миллии мо инсонҳоро муттаҳид намуда, дӯстиву муҳаббати онҳоро зиёдтар мегардонад. Ба ибораи дигар, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада дорои хусусиятҳои зиёди ахлоқӣ буда, инсонҳоро аз дуруғгӯиву паймоншиканӣ ва номеҳрубонӣ кардан ба ҳамдигар боз медоранд. Ин ҷашнҳо  аҳли башарро ба табиат наздиктар намуда, дилбастагиашонро ба зиндагӣ бештар месозанд. 
Агар Ҷамшедро асосгузори Ҷашни Наврӯз ва Фаридунро бунёдгузори Ҷашни Меҳргон донем, пас  Ҳушанг, ки  қабл аз ҳардуи инҳо умр ба сар бурдааст, Сада ва оташро офаридаву ҷовидона сохтааст. Ҷашни Сада 50 шабу 50 рӯз қабл аз Наврӯз фаро мерасад. Ҳангоми фарорасии ин Ҷашн аҷдодамон дар майдонҳои васеъ тамоми шаб гулхан афрӯхта, дар атрофи он рақсу бозӣ мекарданд. Дар ҷашнгоҳ шоҳону амирон ҷамъ меомаданд ва ҳамроҳи мардум хурсандӣ намуда, базмҳо меоростанд. Шоирон аз мавриди мусоид истифода бурда, дар васфи оташ ва шоҳону амирон шеърҳо эҷод карда, онҳоро ба худотарсию яздонпарастӣ талқин менамуданд. 
Ҷашни Сада то қабули дини мубини ислом дар эронзамин бо шукӯҳи хоса таҷлил мешуд. Аммо, дар даврони ҳукмронии Ғазнавиён (солҳои 962-1187) оҳиста-оҳиста аз байн рафт. Вале, боиси хушнудист, ки ба шарофати истиқлоли давлатии кишвари азизамон ва бо кӯшишу ибтикороти созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин Ҷашни фархунда дар қатори дигар ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик аз нав эҳё гардида, 6-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана дар иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Сада ҷашни таърихӣ ва миллии мо буда, ба ягон дин, махсусан ба дини зардуштӣ, иртибот надорад.  Тибқи иттилои сарчашмаҳои муътамади таърихӣ, Ҷашни Сада қабл аз зуҳури Зардушт дар сарзамини гузаштагонамон роиҷ буда, ниёгонамон бо шукронаи пайдо гардидани оташи гармибахшу рӯшанибахш, ин ҷашнро дар сатҳи баланд таҷлил мекарданд. Дар замони соҳибистиқолии Тоҷикистон низ Ҷашни мазкур дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, махсусан Сарвари давлат, қарор гирифт. Ҳоло бошад, Садаро дар Ватани мо бо риояи тамоми суннату анъанаҳояш ҷашн мегиранд. 
Дарвоқеъ, ҷашнҳои Меҳргон, Сада ва Наврӯз бештар хоси кишоварзон мебошанд, зеро дар гузашта ниёгони мо бештар ба зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул буданд. Аз ин рӯ, замон ва вақти фарорасии ин ҷашнҳо низ хеле ҷолиби диққат мебошанд. Масалан, бо фаро расидани Ҷашни  Сада кишоварзон заминҳои корамро омода менамоянд. Агар ба таври дигар гӯем, Ҷашни Сада заминае барои истиқболи Ҷашни Наврӯз аст.  Сипас, дар баробари фарорасии Наврӯз, киштукори деҳқон оғоз мешавад. Ҳамчунин, фарорасии Ҷашни Меҳргон  баробар аст бо поёни фасли ҷамъоварии ҳосили меҳнати деҳқон. Аз ин рӯ, замони муносибе  барои ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон ба ҳисоб меравад. 
Аз гуфтаҳои боло метавон ба хулосае омад, ки ҷашнҳои миллии тоҷикон инсонҳоро  дар руҳияи дӯстиву муҳаббат ва ҳамбастагӣ тарбия менамоянд. Мутаассифона, дар асрҳои охир ин ҷашнҳо дар ҳоли таназзул қарор доштанд. Хушбахтона, дар баробари ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ҷашну маросими миллӣ на танҳо аз нав эҳё гардиданд, балки дар давраи соҳибистиқлолӣ яке аз рукнҳои муҳими мафкураи миллии дунявии тоҷиконро ташкил доданд, ки поягузори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. 

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 29.01.2024 №: 20
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив