ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ.  АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ 

ВМКБ.  АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ 

03 феврал 2024, Шанбе
32
0


Фаъолияти  раёсати кишоварзии ВМКБ ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои корам, паст намудани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ нигаронда шудааст. Оид ба натиҷаҳои фаъолияти солонаи соҳаи кишоварзии вилоят дар суҳбат ба хабарнигори  “Ҷумҳурият” муовини сардори раёсати кишоварзии вилоят Раҷаббек Раҷаббеков  изҳори назар кард. 

Ба гуфтаи Раҷаббек Раҷаббеков, соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 10313 га  зироат кишт  шуд.  Ҳамчунин, дар  вилоят то ҳол дар майдони 122 гектар кишти такрорӣ гузарондаанд, ки нисбат ба нақша 26 га  зиёд мебошад. 
Сохторҳои хоҷагидории вилоят дар мавсими киштукори  баҳории соли гузашта бо тухмӣ пурра таъмин буданд. Ба ин, махсусан, таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба масъалаи таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии хушсифат, кумаки саривақтии Вазорати кишоварзии мамлакат мусоидат намуд. Афзудани майдони кишти тухмипарварии ибтидоии зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои сертификатсияшуда ва репродуксияашон баланд ва риояи агротехникаи пешқадам дар хоҷагиҳои вилоят омилҳои дигари  афзудани истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ мебошанд. 
Раҷаббек Раҷаббеков нақши гармхонаҳоро дар таъмини аҳолӣ бо картошкаву сабзавот махсус зикр намуда, гуфт,  ки айни ҳол дар вилоят 243 гармхонаи мавсимӣ ва 1 гармхонаи доимоамалкунанда дар масоҳати умумии 5 гектар  фаъолият доранд, ки  дар онҳо парвариши кабудӣ, сабзавоти барвақтӣ ва тайёр намудани кӯчати барвақтии сабзавот ба роҳ монда шудааст. 
Ягона гармхонаи доимоамалкунандаи вилоят, воқеъ дар ноҳияи  Рӯшон, соли гузашта дар доираи сафари кории  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  ВМКБ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аз ҳисоби он қариб 100 тонна сабзавот  дар бозорҳои шаҳри  Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон ба фурӯш бароварда шуд. Вале ин ҳанӯз аввали кор аст. Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки гармхонаҳо дар таъмини амнияти озуқаворӣ дар шароити кӯҳистони Бадахшон саҳми бештар гузошта метавонанд. Бинобар ин, ба рушди парвариши сабзавоту картошка дар гармхона  таваҷҷуҳи бештар равона  мегардад.
Бо супориши Алишер Мирзонабот, раиси вилоят, дар ин самт корҳои  муайян роҳандозӣ гардиданд. Аз ҷумла,  аз тарафи шарикони рушд дар шаҳру деҳоти вилоят  21 гармхона дар масоҳати умумии 1100 метри мураббаъ сохта, ба истифода дода шуд, ки аз  баҳори соли ҷорӣ  ҳамаи ин  гармхонаҳо ба кишти сабзавот фаро гирифта мешаванд. Сохтмони гармхонаҳо дар шаҳри  Хоруғ ва ноҳияи  Мурғоб  идома доранд. Раиси вилоят ба масъулони соҳа ва роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки  минбаъд бо мақсади афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бештари аҳолӣ бо  сабзавоти тару тоза дар тамоми фаслҳои сол, бунёди  гармхонаҳои ҳаҷман калон рӯйи даст гирифта шавад.  
Нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ барои фаслҳои зимистону баҳор ва аввали тобистон аз вазифаҳои муҳим ва афзалиятноки кишоварзон ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад, дар хоҷагиҳои вилоят 44  анборхона бо ғунҷоиши 2138 тонна  ва 1  сардхона бо ғунҷоиши 200 тонна мавҷуд буда, асосан, барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус картошка, меваю сабзавот истифода бурда мешаванд. Айни ҳол дар сардхона ва гармхонаҳои вилоят 7 тонна ғалладона, 6 тонна сабзавот, 99 тонна  картошка ва 2 тонна  мева захира шудааст.
Муовини сардори  раёсати кишоварзии вилоят  норасоии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ дар хоҷагиҳо, гаронии нархи нуриҳои минералӣ, кам истифода бурдани нуриҳои органикӣ (аксари аҳолӣ онро ҳамчун маводи сӯхт истифода мебаранд), норасоии қувваи корӣ дар хоҷагиҳои деҳқониро аз мушкилоти асосии соҳа  маънидод намуда, зикр кард, ки айни ҳол фаъолияти  раёсат барои бартараф намудани ин ва дигар камбудиҳои соҳа равона гардидааст.                                              

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.02.2024 №: 24
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив