ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ХОНУМ ЛИ ОК РЁН 

МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ХОНУМ ЛИ ОК РЁН 

29 март 2024, Ҷумъа
7
0
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид раиси Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рёнро ба ҳузур пазируфт. 
Зимни вохӯрӣ Давлаталӣ Саид иброз намуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея сол ба сол рушд менамояд ва ин ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошад. Ӯ доир ба вилояти Хатлон, ки яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф мебошад, ба меҳмонон маълумот дод.
Дар рафти дидор масъалаҳои тарғиботи ҳамкории дуҷониба, таъсиси Маркази омӯзиши технологияи нав, табодули таҷриба дар самти кишоварзӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, сайёҳӣ ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки вилояти Хатлон  яке  аз калонтарин  вилоятҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, 52 дарсади маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро истеҳсол менамояд. Ҳамасола дар ҳудуди он то 300 ҳазор тонна пахта ва 2,5 миллион тонна меваву сабзавот тавлид мегардад.
Зимни вохӯрӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва кушодани Маркази омӯзиши забони кореягӣ бо дастгирии Сафорати Корея дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сухан рафт. Ли Ок Рён иброз дошт, ки мақсади сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвияти ҳамкории фарҳангӣ бо ин кишвари зебои Осиёи Марказӣ мебошад.
Давлаталӣ Саид хонум Ли Ок Рёнро барои иштирок дар Форуми “Бохтар Фуд”, ки моҳи майи соли ҷорӣ баргузор мегардад, даъват намуд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият "
 
 
 
ВМКБ.  БОЗ ЯК ЛОИҲАИ СОХТМОНӢ МУАРРИФӢ ШУД
Бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа, сардори шуъбаи Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ оид ба шарикии байналмилалии комиссияи Аврупо Сара Риналди, директорати кулли  ширкати   “Помир энерҷӣ” Амрихон Раҳимов  ва дигар шахсони расмӣ  дар мавзеи Кӯпруки Сафеди ноҳияи Рӯшон  муаррифии лоиҳаи сохтмони зеристгоҳи нави барқии 10/35/110-киловаттаи “Вомар”  муаррифӣ гардид. Намояндаи ширкати “Помир энерҷӣ” меҳмононро бо лоиҳаи сохтмон шинос намуд. 
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот зикр намуд, ки талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сафарҳои корияшон ба  Аврупо масъалаи таъмини мардум бо қувваи барқ ва инкишофи саноати кишварро бо сарварони Иттиҳоди Аврупо муҳокима карда, шартномаҳо баста буданд, имрӯз натиҷаи худро дода истодаанд. Барномаи мазкур маҳз бо чунин талошҳои Пешвои муаззами миллат рӯйи кор омадааст. Ҳамчунин, раиси вилоят аз ояндаи энергетикаи вилоят ёдовар шуда, зикр намуд, ки вилоят нисбат ба дигар манотиқи кишвар бо қувваи барқ беҳтар таъмин аст ва бо сохтмони неругоҳҳои барқи обии  “Себзор” ва “Санобод”  мушкили таъмини барқ дар вилоят пурра бартараф мегардад. Махсусан, бунёди  НБО “Санобод” дар пешрафти саноаткунонии вилоят қадами бузурге  хоҳад шуд. Масалан,  имсол ният дорем, дар вилоят  50 корхонаи саноатиро сохта ба истифода диҳем, ки ин талаботро  ба неруи барқ  боз ҳам зиёд мекунад. Бинобар ин, Ҳукумати кишвар сохтмони неругоҳҳои нави барқи обӣ ва зеристгоҳҳои замонавии барқиро дар мамлакат равнақи тоза бахшидааст ва бунёди зеристгоҳи барқии “Вамар”  аз ҷумлаи ин тадбирҳост. 
Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа зимни  баромад таъкид сохт, ки роҳбарияти мамалакат, бахусус  Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба рушди энергетикаи кишвар таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир менамояд. Сохтмони НБО “Роғун” далели ин гуфтаҳост. Дар вилоят ҳам ба сохтмонҳои азими энергетикӣ оғоз бахшида шудааст. НБО “Санобод”, ки дар ноҳияи Рӯшон сохта мешавад, имконият медиҳад,  мо қувваи барқро ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба қисми шимолии Покистону Афғонистон, интиқол диҳем. 
Намояндаи Иттиҳоди Аврупо хонум Сара Риналди таъкид намуд, ки Иттиҳоди Аврупо бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории хуб дошта, ҳамеша дар масъалаи таъмини мардум ва корхонаҳои саноатӣ бо қувваи барқ  саҳм мегузорад.  
Дар фарҷоми тантана раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба меҳмонон барои ҳамкорӣ дар рушди энергетикаи вилоят  изҳори сипос намуд. Сипас, раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш  аз рафти сохтмони НБО “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа дидан карданд.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.03.2024 №: 57
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив