ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НЮ-ЙОРК

НЮ-ЙОРК

18 апрел 2024, Панҷшанбе
3
0


НАШРИ КИТОБИ УСТОД АЙНӢ

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маросими рӯнамоии китоби сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ “Ҳамосаи миллии Тоҷикистон. Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” (ба забони англисӣ), ки дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нашр шудааст, баргузор гардид.
Китоби мазкур бо тарҷумаи профессори амрикоӣ Ҷонатан Зарман ва сарсухани  академик Муҳаммадюсуф Имомзода дар нашриёти “Роутлиҷ” ба табъ расид. 
Бояд таъкид сохт, ки асарро то имрӯз, аллакай, беш аз 120 китобхонаи  олам харидааст. Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иттилоъ доданд.


ҲАМОИШ БА ИФТИХОРИ ЗОДРӮЗИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

Дар Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ хабар медиҳад.
Дар ҷамъомад олимону устодони Институти забон ва адабиёт, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуъҳои «Дунявият дар осори устод Айнӣ», «Ҷойгоҳи таърих дар осори устод Айнӣ», «Айнӣ ва шоирони сабки ҳиндӣ» сухан ронда, хизматҳои барҷастаи устодро дар рушди илму адабиёт ва фарҳанги тоҷик баён доштанд. Ҳамзамон, дар конфронс роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти устод Айнӣ маълумоти муҳим дода шуд. 
Дар баробари ин, зимни  конфронс се китоби нав: «Мактубҳо», «Мир Алишери Навоӣ» ва «Намунаи адабиёти тоҷик» – «Шоҳнома»-и дигар», ки бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба муносибати 146-солагии Садриддин Айнӣ ба нашр расидаанд, рӯнамоӣ гардид. 
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 17.04.2024 №: 71
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив