ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗДИДИ САРВАРИ ДАВЛАТ АЗ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ

БОЗДИДИ САРВАРИ ДАВЛАТ АЗ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ

28 май 2024, Сешанбе
19
0
 
28-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар таҷлили 30-юмин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади шиносоӣ бо вазъи будубоши ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба Маркази таълимии "Пойтахт" дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, нахуст бинои наву замонавии чорошёна иборат аз ошхона ва хобгоҳи сарбозонро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.
Сипас, Сарвари давлат бо шароити фароҳамгардидаи бинои навбунёди замонавӣ шинос шуданд. Бинои таълимӣ аз ҳуҷраҳои кор барои ҳайати афсарон, хобгоҳи васеъ ва барҳавои сарбозӣ, хонаи хизмати маишӣ, анбори нигоҳдории маҳсулоту сарулибоси ҳарбӣ, ҳуҷраи аслиҳа, хонаҳои фароғатӣ ва ҳаммом иборат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 28-уми майи соли 2022 дар ҳудуди Маркази таълимии “Пойтахт” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди ошхона ва хобгоҳи сарбозон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшида буданд.
Аснои шиносоӣ  бо  шароити  бинои  нави таълимӣ  Президенти кишвар бо сарбозон суҳбати самимӣ намуданд.
Зимни суҳбат бо гурӯҳи сарбозон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии ҳарбиро бояд аз ҳисоби ҳамин гуна сарбозони донову зирак, ҳушёру тануманд ва ватандӯсту фаъол, ки аз мактаби ҷасорат дар қисмҳои ҳарбӣ гузаштаанд, интихоб кард ва изҳори бовар намуданд, ки аз ҳисоби онҳо афсарону фармондеҳони беҳтарин омода кардан мумкин аст.
Бинои навбунёд барои омода намудани мутахассисони хурди сарҳадӣ нигаронда шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз аст.
Чунин шароити зарурӣ имкон фароҳам меорад, ки минбаъд мутахассисони хурди сарҳадӣ омода шуда, ҳамчун сарбозону афсарони содиқ бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ марзу буми давлатро ҳифзу ҳимоят намоянд.
Дар Маркази таълимӣ, инчунин, тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ, нуқтаҳои тиббӣ, майдонҳои сафороӣ, қисмҳои навбатдорӣ, нуқтаҳои назорати гузаргоҳ ва дигар биноҳои ёрирасон, таҷдиду навсозӣ гардиданд. Ҳамаи ҳуҷраҳо ва толорҳои иншооти нав бо тамоми таҷҳизот, мизу курсӣ ва дигар ашёи барои хизмати сарбозон зарурӣ муҷаҳҳазанд.
Иншооти нав бо пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳмгузории соҳибкорони ватанӣ мутобиқ ба талаботи муосир сохта шуд.
Ёдовар мешавем, ки ошхонаи Маркази таълимӣ бо назардошти талаботи муосир муҷаҳҳаз мебошад. Аз ҷумла, дастгоҳҳову таҷҳизоти ҳозиразамон барои омода кардани хӯроки сарбозон дар ошхонаи навбунёд насб гардида, он бо мизу курсӣ таъмин аст.
Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсӣ ва масъулонро вазифадор намуданд, ки ба сифати хӯроки сарбозон ва ғизонокии он диққати аввалиндараҷа диҳанд. Бо бунёди иншооти нави таъиноти ҳарбӣ шароити иҷтимоии афсарону сарбозон бамаротиб беҳтар мегардад.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва таваҷҷуҳи хоси Сарвари давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ мукаммал гардида, сафи Артиши миллӣ ва воҳидҳои низомӣ бо кадрҳои баландихтисос, ботаҷриба ва далеру содиқи Ватан пурра карда мешавад. Инчунин, ҳайати шахсӣ имкон дорад, нозукиҳои хизмати сарҳадӣ ва нишонзаниро дар майдончаи омӯзишӣ аз худ намуда, малакаи касбӣ ва омодабошии ҷангии худро ҷиҳати муҳофизати сарҳади давлатӣ сайқал диҳад.
Имрӯзҳо дар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, дар баробари мардон, бонувон низ содиқонаю софдилона фаъолияти босамар доранд, ки ин намунаи баланди шуҷоату шарафмандӣ ва нангу номуси ватандорӣ мебошад.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ истеҳсол мешаванд, дидан карданд.
Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди сабзавоту полизӣ, меваҷот, ғалладона ва маҳсулоти консервашуда муаррифӣ гардид.
Бо мақсади ғанӣ гардондани дастархони сарбозон бо маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла гӯшту шир, дар назди раёсати ақибгоҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ хоҷагиҳои ёрирасон ташкил шудааст, ки ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадиро бо маҳсулоти тару тозаи табиӣ таъмин менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадиро барои истифодаи босамар аз ҳар қитъа замин, ки дар ихтиёри хоҷагиҳои ёрирасон аст, ҳидоят карданд.
Дастур дода шуд, ки кишту парвариши маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза бештар шуда, қисме аз он барои фаслҳои тирамоҳу зимистон захира гардад.
Бо эҳсоси баланди худшиносӣ ва омодагии пайваста риояи талаботи ойинномаҳо ва интизоми қатъии ҳарбӣ асоси фаъолияти ҳаррӯзаи афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадиро ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки ҳамарӯза дар ин маркази таълимӣ афсарону сарбозони бонангу номус тавассути гузарондани машқҳои ҳарбӣ малакаи касбии худро сайқал дода, хизмати Ватан-Модарро содиқонаву софдилона адо менамоянд.
Қобил ба тазаккур аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли охир дар саросари мамлакат як қатор бинову иншооти ҳарбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои афсарон ва оилаҳои онҳо ва дигар иншооти ёрирасони низомӣ бунёд меёбанд.
Ин аст, ки имрӯз Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлат ташаккул ёфта, дар сафи пеши ҳимояи сулҳу суботи сартосарӣ, мубориза бар зидди қочоқбарон, пешгирии убури хатти сарҳади давлатӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи оромии кишвар қарор дорад.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсиро барои истифодаи муфид аз имконияти фароҳамшуда, муҳофизати сарҳади давлатӣ, пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолу озодии Ватан ва зиндагии ороми мардум вазифадор намуданд.
Санаи нашр: 28.05.2024 №: 99
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив