ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

16 август 2023, Чоршанбе
58
0
 
Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати ноҳияи Дарвоз
15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Дарвоз бинои хуштарҳу замонавии Гимназияи № 1 барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуданд.
Бинои муҳташами таълимӣ 3-ошёна буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст барои беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва донишомӯзии хонандагон сохта шуд. Иншоот дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд ёфта, барои 840 хонанда пешбинӣ гардидааст. Дар ин муассисаи таълимӣ беш аз 50 омӯзгори соҳибтахассус фаъолият менамояд. Даргоҳи нави маърифат аз 28 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла биология, химия, физика, математика, синфхонаҳои компютерӣ, робототехника, зеҳни сунъӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Бино, ҳамчунин, дорои ошхона бо 80 ҷой буда, толори маҷлисгоҳи он бо санъати баланд ва шароиту имконоти муосир бунёд ёфтааст. Толор дорои 220 ҷойи нишаст буда, барои гузарондани ҳамоишу чорабиниҳои фарҳангӣ мувофиқ мебошад. Маҷлисгоҳи Гимназия бо мизу курсии босифат ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, бо санъати миллии меъморӣ оро ёфтааст.  
Таълим дар ин боргоҳи маърифат бо забонҳои тоҷикӣ ва русию англисӣ дар асоси барномаҳои давлатии таълимии соҳавӣ ба роҳ монда шудааст. Назорату идораи таълими хонандагон дар гимназия дар асоси барномаҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шуда, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беназир дониста мешавад.   
Дар ин даргоҳи маърифат ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи зиёд равона гардида, синфхонаҳои фаннӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 бо тамоми лавозимоту аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.  Ба хотири рушди варзиш дар Гимназия толори алоҳидаи варзиш бунёд ёфта, он барои навъҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла волейболу баскетбол ва футбол, пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, дар назди бинои таълимӣ майдони алоҳидаи футбол мавҷуд аст, ки барои гузарондани тамринҳои гуногун мусоид мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои зебои таълимӣ моҳи октябри соли 2022 оғоз ёфта, бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мактаби сохташавандаи Бадахшон” аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кохи сафед” бо риояи санъати хоси меъмории миллию аврупоӣ ба анҷом расидааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои боз ҳам такмил додани дониш ва рушди истеъдоду маҳорати хонандагони болаёқати ноҳияи Дарвоз имконияти хуб фароҳам омад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити замонавии таълиму тарбияи насли наврас дар бинои нави таълимӣ барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ба масъулон маслиҳатҳои муфид доданд.
Даргоҳи маърифат дорои шабакаи мустақили гармидиҳӣ буда, тариқи он синфхонаҳо дар фасли сармо гарм нигоҳ дошта мешаванд.
Бунёд ва ба истифода супурдани бинои зебою муҳташами таълимӣ дар маркази ноҳияи Дарвоз ин идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ин роҳ беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои замонавии таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи илмомӯзӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Гимназияро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли маорифи ноҳияи Дарвоз дар арафаи соли нави хониш арзёбӣ карда, омӯзгоронро ба беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, дар замири хонандагон бедор сохтани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни халқ ва муқаддасоти миллӣ ва ба роҳ мондани робитаи зич бо падару модарон, ҳидоят карданд.
Омӯзгорон дар навбати худ ба ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити муосир дар таълиму тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми бештар хоҳанд гузошт. Дар ноҳияи Дарвоз айни ҳол 48 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 муассисаи таҳсилоти асосӣ ва 14 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 4200 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 607 омӯзгор ба насли наврас дарс меомӯзад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Дарвоз дар доираи татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дар ин тадбири созанда саҳми соҳибкорони ватанӣ назаррас мебошад.
 
Ифтитоҳи меҳмонхонаи “Дарвоз Континентал” дар ноҳияи Дарвоз
15 август дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи замонавии “Дарвоз Континентал”-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти нави хизматрасонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатӣ бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидааст. Меҳмонхонаи замонавии чорситорадор аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 17 ҳуҷра, аз ҷумла 1 ҳуҷраи президентӣ, мебошад. Масоҳати умумии иншоот 1200 метри мураббаъро ташкил дода, дар он дигар инфрасохтори зарурӣ, аз қабили маркази савдо ва хизматрасонӣ, ошхона, дорухона ва толори варзишию солимгардонӣ барои мизоҷон, фароҳам оварда шудааст. Бо бунёди ин иншооти хизматрасонии сайёҳӣ 20 нафар сокини ноҳия бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Тамоми таҷҳизот ва лавозимоти меҳмонхона истеҳсоли ватанӣ буда, хизматрасонӣ дар он тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. Меҳмонхонаи “Дарвоз Континентал” аз иншооти муосирест, ки дар маркази ноҳияи Дарвоз ба хотири ободии як гӯшаи диёр, ҷалби сайёҳон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар ноҳияи Дарвоз айни ҳол 13 меҳмонхонаи замонавӣ, 9 ҳовмстей, истироҳатгоҳ, минтақаи шикор, ширкати сайёҳӣ, 26 мавзеи таърихию фарҳангӣ ва 5 мавзеи саёҳати экологӣ мавҷуд мебошад. Тибқи иттилоъ, аз оғози соли равон то инҷониб зиёда аз 3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба тамошои ин гӯшаи зебои Тоҷикистон омадааст.
Тули солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми шахсони саховатманди ин ноҳияи зебоманзару дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон – Дарвоз ободу зебо ва рушд ёфта, дар баробари пешрафти дигар соҳаҳо, дар бахши сайёҳӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия ва боздиди шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ бозгӯи он аст, ки сайёҳӣ дар ин мавзеъ соҳаи ояндадор аст. Бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ, табиати нотакрор, ёдгориҳои қадимаи таърихию фарҳангӣ, сайёҳии кӯҳнавардӣ, сайру саёҳат, этнография ва сайёҳии экологӣ дар ноҳияи Дарвоз хеле рушд кардааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити меҳмонхонаи муосир ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд доданд.
Муаррифии лоиҳаи бинои нави беморхонаи марказӣ 
ва шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дарвоз
15 август дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди бинои нави беморхонаи марказии ноҳия шинос шуданд.
Иншооти мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар заминаи бинои ҳозираи беморхонаи марказии ноҳия, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ нест, бунёд карда мешавад.
Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои нави беморхона 3-ошёна буда, аз 100 кати хоб иборат мебошад. Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ бинои нав бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз карда мешавад ва дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат барои сокинон ба шумор меравад. Айни ҳол беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз дорои панҷ шуъба буда, ба 22 ҳазору 700 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Ҳамчунин, 28 бунгоҳи тиббӣ, 7 маркази саломатӣ ва 2 беморхонаи минтақавӣ бо 50 кати хоб фаъолият дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар фурсати муайяншуда ва ба меъёрҳои муосир ҷавобгӯ сохтани бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз муаррифӣ гардид. Тибқи лоиҳа бинои шуъба 3-ошёна буда, бо назардошти талаботи замони муосир бунёд мегардад ва дар он ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои иҷрои уҳдадориҳои касбӣ ва пешрафти фаъолияти хизматӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
 
Дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб” 
дар отряди сарҳадии “Дарвоз”
15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб”-ро ифтитоҳ намуданд. 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар отряди сарҳадии “Дарвоз” дидбонгоҳҳои муосири сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Фархор, Шамсиддин Шоҳин ва Панҷи вилояти Хатлонро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати хеле кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд ва бо техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ муҷаҳҳаз бунёд шудааст, ба таври маҷозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шароити муосири хизмат ва омодагии ҳайати низомӣ барои ҳифзи марзи давлатӣ дар дидбонгоҳҳои нав фармондеҳони отрядҳои сарҳадӣ дар ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Фархор, Шамсиддин Шоҳин ва Панҷи вилояти Хатлон гузориш доданд. Дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои сарҳадбонон аз сифр бунёд гардида, дар он барои адои хизмати афсарону сарбозон тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти низомӣ моҳи феврали соли 2023 оғоз гардида, бинои дидбонгоҳи сарҳадӣ дар муҳлати кӯтоҳ мутобиқ ба талоботи замон сохта ба истифода дода шуд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб” аз маҷмааи бинои хонаи сарбозон бо 3 ҳуҷраи хоб барои 60 нафар иборат буда, бо тамоми лавозимоти хизмат, аз қабили рахти хоб, маводи шустушуйии шахсӣ барои ҳар як сарбоз пурра таъмин мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар дидбонгоҳи сарҳадӣ ошхонаи замонавӣ,  ҳаммоми муосир бо ҳуҷраи буғӣ, ҳуҷраҳои маишию хизматӣ, китобхона, сартарошхона, ҳуҷраҳои кории хизматӣ, анборҳои нигоҳдории силоҳ ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир мебошанд, ки бо тамоми таҷҳизоту  воситаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Дар ҷойи хӯроктайёркунии афсарону сарбозони дидбонгоҳ барои хизматчиёни ҳарбӣ таҷҳизоти муосири автоматикунондашуда насб шудааст, ки ин тадбир кори сарбозонро ҳангоми омода намудани хӯрок ва пухтани нон осон менамояд.
Дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб” дорои шабакаи алоҳидаи гармидиҳӣ мебошад. Гармии хонаҳои сарбозон, ҳуҷраҳои хизматӣ ва манзилҳои афсарон ба воситаи он таъмин карда мешавад. Бо мақсади бо ҷойи истиқомат таъмин намудани афсарон, ҳамзамон, дар назди дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб” 4 манзили зисти дуҳуҷрадор бо ошхона ва ҳаммоми алоҳида барои оилаҳои афсарон сохта шудааст. Манзилҳои истиқоматӣ аз ҷиҳати сохтмонӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бунёд гардида, бо тамоми лавозимоти рӯзгор, аз қабили техникаи маишӣ ва мебели нав пурра таъмин гаштаанд. Дар саҳни бинои дидбонгоҳ барои истироҳату фароғати фарзандони афсарон майдончаи замонавӣ сохта шудааст.  Ҳамзамон, дар ҳудуди дидбонгоҳи навбунёд иншооти зарурӣ, аз ҷумла анбор барои нигоҳдории маводи ғизоӣ, сабзавот, хоҷагидорӣ, сӯзишворӣ ва амволи шайъӣ, ҷой барои нигоҳдории воситаҳои нақлиёт,  майдони сафороии сарбозон ва майдончаи варзиш бунёд ёфтаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар дидбонгоҳи навбунёд бо афсарону сарбозон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро ба хизмати софдилона ба нафъи Ватан ҳидоят намуданд.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки сарҳадбонон бояд чун сипари боэътимод сарҳади давлатиро аз ҳамагуна таҳдиду хатарҳои замони нав, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, ҳифз намоянд.
 
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Дарвоз 
15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Дарвоз бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳмоннавози ноҳияи Дарвоз барои истиқболи гарму самимӣ ва дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Президенти мамлакат бо натиҷагирӣ аз сафари корӣ дар ноҳия бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки мардуми ватандӯсту заҳматқарини Дарвоз бо шукргузорӣ аз неъмати озодиву соҳибихтиёрӣ ва сулҳу оромӣ дар ҷодаи ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ содиқона кор карда истодаанд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ сокинони ноҳия, собиқадорону ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯйи соли 3-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафшон Ҳомидова ва нафақахӯр Гулписар Акобирова суханронӣ карда, ба Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи дастгириву ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
 
ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз соҳиби бинои нав шуд
15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвозро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот дар масоҳати 310 метри мураббаъ бунёд шуда, аз 2 ошёна иборат мебошад. Корҳои сохтмониро сокинони маҳаллӣ дар асоси талабот ва бо сифати баланд анҷом доданд. Намои берунаи бино бо нақшу нигори миллӣ оро ёфта, ба талаботи меъмории замони муосир ҷавобгӯ мебошад.
Иншооти наву замонавии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ ба кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз имкон медиҳад, ки баҳри татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалинамоии нақшаву барномаҳои ободонию бунёдкорӣ ва тарғибу ташвиқи ғояҳои миллӣ фаъолияти назаррас намоянд.
Дар ошёнаи якуми бино ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 30 ҷои нишаст ва иншооти ёрирасон ҷойгир аст. Дар ошёнаи дуюм бойгонӣ ва китобхона бо адабиёти бадеӣ ва соҳавӣ ташкил кардаанд, ки кормандон метавонанд аз он ба таври васеъ истифода намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандонро ба ҳисси масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ ҳидоят намуда, ба сокинони ватанпарвари ноҳияи Дарвоз барои саҳм гузоштан дар бунёди чунин иншооти замонавӣ изҳори сипос карданд.
 
Корхонаи истеҳсоли омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва ранги 
ҶДММ “Шимшо” (Shimsho) дар ноҳияи Дарвоз
15 август дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли омехтаҳои хушки сохтмонӣ  ва ранги Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шимшо” (Shimsho)-ро ба истифода супурданд.
Корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Солҳои рушди саноат - 2022-2026 дар деҳаи Дуробаки деҳоти Қалъаи Хумб аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Самандар Суннатзода бунёд гардидааст. Бо таъсиси корхонаи нави саноатӣ 25 нафар, ки аксари онҳо сокинони маҳаллӣ мебошанд, бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Бо назардошти истеҳсоли масолеҳи сохтмонии дорои маводи кимиёвӣ фаъолияти корхона тибқи меъёрҳои соҳавӣ дар як шабонарӯз 10 соати корӣ ба роҳ монда шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави саноатӣ дар як соат ба таври автоматӣ 8 тонна омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва 700 литр ранги ороишӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, дар корхона дар як шабонарӯз 80 тонна ва солона 15 ҳазору 500 тонна омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва рангҳои ороишӣ бошад, дар як шабонарӯз 7000 ва солона 1 миллиону 344 ҳазор литр истеҳсол карда мешаванд.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкорони ватанӣ дар самти таъсиси корхонаи нави саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот пешбинишуда баҳои баланд доданд. Хатҳои муосири технологӣ ба корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас шудаанд, ки онҳоро мутахассисони тоҷик васлу насб намуда, идора менамоянд. Ашёи хом - калсит, оҳак, гаҷ ва маҳлулҳои дигари кимиёвӣ аз конҳои маҳаллӣ ба корхона ворид мегарданд.
Ҳадаф аз таъсиси корхонаи муосири саноатӣ истифодаи босамари захираҳои мавҷудаи табиӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то марҳилаи ниҳоӣ ва бо ин восита истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ мебошад. Рангҳо ва омехтаҳои хушки сохтмонӣ, ки дар ин корхона истеҳсол мешаванд, аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар бозорҳо рақобатпазир мебошанд.
Бояд гуфт, ки омехтаҳои хушки сохтмонӣ дар халтаҳои 20, 25 ва 30 килограмм ва ранги ороишӣ бошад, дар қуттиҳои аз 10 то 20-литра бастабандӣ мегарданд. Раванди истеҳсоли омехтаҳои хушки сохтмонӣ аз чанд марҳила, аз ҷумла равона кардани хокаи калсит, омехта кардани он ба семент, гаҷу оҳак ва бастабандии маҳсулоти тайёр, иборат аст. Дар соҳаи сохтмон омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва ранг барои ороиши намои беруна ва дохили бинои иншооти гуногун васеъ истифода мегардад. Бо зиёд шудани талаботи аҳолӣ, ширкатҳои сохтмонӣ ва бозорҳо ба ин навъи масолеҳи сохтмонӣ ҳаҷми истеҳсолот афзоиш дода шуда, теъдоди кормандон низ, зиёд мегардад. Дар корхонаи истеҳсолӣ анборҳои алоҳидаи маҳсулоти хом ва тайёр мавҷуд буда, иншооти ёрирасон, аз қабили ошхона ва нуқтаи дастшӯӣ низ, сохта шудаанд.
Корхонаи истеҳсолӣ дорои озмоишгоҳи замонавӣ мебошад, ки мутахассисон бо истифода аз таҷҳизоти муосир сифати маҳсулотро дақиқ санҷида, баъдан ба бозорҳои мамлакат пешниҳод менамоянд. Дар даромадгоҳи корхонаи истеҳсоли омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва ранги Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шимшо” (Shimsho) намунаҳои маҳсулоти истеҳсолшуда муаррифӣ гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ноҳияи Дарвоз 15 корхонаи саноатӣ мавҷуд буда, дар онҳо, асосан, молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда истеҳсол карда мешаванд.  Дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия ба маблағи 11 миллиону 572 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст.
Дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар сармоягузорону соҳибкорони ватанӣ саҳми арзишманд мегузоранд. Ин тадбир дар афзоиши истеҳсолоти худӣ, таъмини сокинон бо ҷойи кор ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум нақши муҳим дорад.
Барои тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва ободу зебо гардидани ҳудуди корхонаи истеҳсоли омехтаҳои хушки сохтмонӣ  ва ранги Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шимшо” гулу буттаҳои мавсимӣ ва дарахтони сояафкани ҳамешасабзу ороишӣ  шинонда шудаанд.
 
Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли макарони
ҶДММ “Рател Паста” дар ноҳияи Дарвоз
15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз корхонаи истеҳсоли макарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рател Паста”-ро  ифтитоҳ намуданд.
Корхонаи  истеҳсоли макарон дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 35-cолагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди саноат бо мақсади таъмин намудани бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо 12 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Аксари коргарони корхона занону духтарони маҳаллӣ мебошанд, ки қаблан хонашин буданд.
Дар корхонаи нави саноатӣ аз навъҳои гандум ва орди аълосифат бо шаклҳои гуногун беш аз 10 намуди макарон истеҳсол шуда, дар борхалтаҳои аз 450 то 900 грамм бастабандӣ карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 3,6 тонна макарони босифат мебошад. Корхона имкон дорад, ки дар як моҳ 75,6 тонна ва дар як сол наздики 1000 тонна макарон истеҳсол намояд. Раванди истеҳсоли макарон тавассути хатти муосири технологӣ аз тайёр кардани хамир, ба шаклдарорӣ, буридани маҳсулоти хом, хушку ҷудо ва бастабандӣ кардан иборат мебошад. Ин раванд 45 дақиқаро дар бар гирифта, дар натиҷа макарони аълосифат истеҳсол мегардад.
Масоҳати бинои истеҳсолӣ 350 метри мураббаъро дар бар гирифта, дастгоҳу таҷҳизоти корхонаи навбунёд аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харид ва насб гардидааст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рател Паста” дар ноҳияи Дарвоз аз зумраи аввалин корхонаҳои саноатӣ аст, ки ба истеҳсоли макарон шуруъ намуд. Ин навъи маҳсулоти ғизоӣ ивазкунандаи воридот буда, талаботи аҳолӣ ба он зиёд мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз имкониятҳои корхонаи саноатӣ, ба сифати маҳсулоти хӯрокворӣ, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот ва ба содирот баровардани истеҳсолоти ватанӣ ба масъулон маслиҳат ва тавсияҳои судманд доданд.
Санаи нашр: 16.08.2023 №: 165
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив