ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

03 июн 2024, Душанбе
15
0
Баъди хатми таҳсил дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами  12-и деҳаи Рӯмони вилояти Суғд  Муъминҷон Бобоев нахуст шомили техникуми шаҳри Душанбе шуда, онро  соли 1981 бо ихтисоси “иқтисодчӣ” хатм мекунад ва, ҳамзамон,  ҷиҳати маълумоти олӣ гирифтан ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи ҳамин тахассус дохил шуда, соли 1987 соҳиби  диплом мегардад. Солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ адои хизмат намуд.
 
Кӯшишу талош ва тараддудҳои пай дар пай шароит фароҳам меорад, ки ба орзуяш расида, дипломи  муҳандис-сохтмончиро дар бахши хуҷандии Донишкадаи  техникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба даст орад.  
- Ин даргоҳ - “ТоҷикГИНТИЗ” як дунёи дигар, як олами рангҳову нақшаҳоро  мемонд, - рӯзҳои аввали фаъолияташро ба хотир меорад Муъминҷон Бобоев, миллатҳои гуногун бо ҳам кор мекарданду эҷод, муҳокимаҳои дурударози тарҳҳо  маро бештар ба худ мекашиду  ҳисси кунҷковиамро меафзуд. 
Ба хотири ривоҷу равнақи соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ дар маҳалҳо соли 1989  ба  вазифаи муовини сардори бахши “ТоҷикГИНТИЗ” дар шаҳри Хуҷанд гузаронда шуда, соли 1993 сардори ин филиал таъин мешавад.  Моҳи августи соли 1999, ҳамзамон,  ба вазифаи директори филиали давлатии Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии “ТоҷикГИПРОСТРОЙ”-и шаҳри Хуҷанд таъин мегардад. Баъдан ин ташкилот  аз нав номнавис ва ба ҶДММ “Суғдшаҳрофар” табдил меёбад. Даврони соҳибистиқлолӣ аз шаҳрвандон, хоссатан мутахассисони соҳаҳои гуногун, тақозо мекард, ки баҳри  ривоҷу равнақи кишвари мустақилшуда тамоми неруи зеҳнӣ маврида истифода қарор гирад. Дар як муддати хеле кӯтоҳ  ҶДММ “Суғдшаҳрофар”  дар вилояту ҷумҳурӣ бо таҳияи тарҳҳои ҷолибу замонавӣ ном баровард. 
- Мо низ доимӣ дар талош будем, ки ба корфармоҳо, яъне муштариён он тарҳу лоиҳаеро, ки дилашон мехоҳаду тасаввур мекунанд,  омода созем, - мегӯяд Муъмнҷон Бобоев, - ана ҳамин муоширату ҳамкории дуҷониба ширкати моро дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят, ҳатто ҷумҳурӣ то андозае маҳбуб гардонд. Баъдан фармоишҳои басо ҷиддии аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру навоҳӣ низ рӯз ба рӯз афзоиш ёфтанд.Талошу кӯшишҳои мутахассисони “Суғдшаҳрофар” буд, ки самари кори онҳо  дар шакли иншоотҳои тайёри мактаб, қасри варзиш, бунгоҳи тиббӣ, чойхонаи миллӣ, осоишгоҳҳои замонавӣ дар ҳама гӯшаву канори кишвар қомат рост карданд.
Лоиҳакашони ин ширкат  дар ободу зебогардонии шаҳру навоҳӣ, кӯчаю хиёбонҳо, роҳраву гулгаштҳо муассир шуданд. Мутахассисони ин ҷо дар сохтмони иншоотҳои аҳамияти ҷумҳуридошта, ҷашнгирии 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва дигар иншоотҳои  миллӣ саҳм доранд. Дар қомат афрохтани иншоотҳое чун  варзишгоҳ барои  25 ҳазор нафар тамошобин дар шаҳри Хуҷанд, чойхонаи миллӣ барои 1200 ҷойи нишаст дар қасри “Арбоб”, бинои алоҳидаи осоишгоҳи “Баҳористон”,  амфитеатр барои  7 ҳазор ҷойи нишаст дар назди қасри “Арбоб”, қасрҳои фарҳанг дар  навоҳии Ҷаббор Расулов, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ ва даҳҳои дигар маҳз маҳсули кори лоиҳакашони ҶДММ "Суғдшаҳрофар" таҳти сарварии ин фарди кордону дурбин ва хирадманд мебошанд.
- Ҳар бор  аз назди ин ё он иншооте, ки зеби шаҳру ноҳия гаштааст, гузар кунам, маро эҳсоси  ифтихору шодӣ фаро мегирад, ки тарҳи онро мо омода кардаем. Зиндагиро ана  бо ҳамин бунёдкориҳо бояд маънидор кунем, - бо қаноатмандӣ  иброз медорад Муъминҷон Бобоев. 
                                        
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.06.2024 №: 104
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив