ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

ХАТЛОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

12 июн 2024, Чоршанбе
25
0
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади огоҳ шудан аз рафти корҳои деҳқонӣ ва сохтмонӣ ба ноҳияи Носири Хусрав сафар кард. Раиси вилоят дар деҳоти Истиқлоли ноҳия аз хоҷагии деҳқонии “Эҳёи чашма” боздид намуд.
Хоҷагии деҳқонии «Эҳёи чашма» дорои 5,15 гектар замин буда,  дар он 1200 бех ниҳоли олуи сиёҳ, 330 бех  зардолу, 30 бех  гелос ва 80 бех  чормағз шинонда шудааст. Айни ҳол деҳқон нақша дорад, ки 30 тонна олуи сиёҳ ҷамъоварӣ намуда, ба бозорҳои дохилӣ ва беруна содирот намояд. Хоҷагидор дар байни қатори дарахтон кишти зироати хӯроки чорво – бедаро ба роҳ мондааст.
Раиси вилоят  дар ҳамин деҳот бо фаъолияти токзори хоҷагии деҳқонии “Васила” шинос шуд. Хоҷагӣ соли 2017 таъсис дода шуда, дорои 1,75 гектар замин  мебошад. Қобили зикр аст, ки 4-уми августи соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин хоҷагӣ дидан карда, ба саҳмдоронаш кушоиши кор таманно карда буданд.
Роҳбари хоҷагӣ Мусулмон Тошбеков ба раиси вилоят иттилоъ дод, ки дар хоҷагӣ 8 нафар кор карда, дар токзор ангури навъҳои «Ҳусайнӣ»,   «Шоҳона», «Ғалаба», «Аватар» ва ангури пешпазакро парвариш мекунанд. Давлаталӣ Саид бо хоҷагидорон суҳбат намуда,  таъкид намуд, ки самараноку оқилона истифода намудани зиминҳои корами обӣ, заминҳои ёрирасони президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлат маҳсуб меёбад.
Зимнан, раиси вилоят дар ҳамин ҷо аз хоҷагии деҳқонии “Неъматҷон-2010” дидан намуд. Хоҷагии мазкур дорои 3 гектар замин аст. Саҳмдорони хоҷагӣ ба парвариши кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, картошка, пиёзи барвақтӣ ва ғалладонагиҳо, машғул мебошанд.
Давлаталӣ Саид ба кишоварзону боғдорон ва масъулони соҳаи кишоварзии ноҳия барои истифодаи самараноки ҳар порча замин, рӯёндани ҳосили дилхоҳ, таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои кишвар дастуру тавсияҳои муфид дод.
Раиси вилоят дар  деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав бо рафти корҳои сохтмонии хонаҳои хизматӣ барои хизматчиёни давлатӣ шинос шуд. Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, 12 хонаи 1, 2 ва 3-ҳуҷрадорро дар бар мегирад. Мувофиқи нақша, соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.
Давлаталӣ Саид дар деҳаи Муродтеппа бо рафти корҳои сохтмони бинои иловагӣ дар назди МТМУ№3 шинос гардид. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои 320 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шудааст. Иншоот бо саҳми падару модарон, соҳибкорон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохта, то 1-уми сентябр ба истифода дода мешавад. Раиси вилоят зимни суҳбат бо сохтмончиён ва омӯзгорони Муассиса ба кори онҳо баҳои хуб дода, ташаббуси эшонро шоистаи таҳсин хонд ва афзуд, ки мизу курсӣ, дигар лавозимоти таълимӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъмин карда мешавад. 
Барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳолати 1-уми апрели соли ҷорӣ, тибқи маълумоти оморӣ, дар вилоят 2762  биною иншоот  ба маблағи умумии 2 миллиарду 58 миллиону 92,7 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 12.06.2024 №: 111
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив