ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САЙФУЛЛО МАҲКАМОВ. ЁДЕ АЗ ДӮСТИ ДЕРИНИ “ҶУМҲУРИЯТ”

САЙФУЛЛО МАҲКАМОВ. ЁДЕ АЗ ДӮСТИ ДЕРИНИ “ҶУМҲУРИЯТ”

12 июн 2024, Чоршанбе
1
0
Сайфулло Маҳкамовро хомакашони кишвар хуб мешинохтанд. Мавсуф дар баробари рӯзноманигор ва ношири номошоно будан, ҳамзамон, нависанда ва таҳқиқгари масоили таърихиву фарҳангӣ буд, ки чанде пеш аз дунё гузашт. Ӯ аз зумраи муаллифони фаъоли рӯзномаи «Ҷумҳурият» буд ва то вопасин нафас риштаи робитаро бо мо наканд. Қариб се даҳсола бо ин ҷаридаи таърихӣ ҳамкорӣ дошт ва на танҳо аз воқеаву хабарҳои тозаи зодгоҳаш – Истаравшан, балки ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Зафарободу Спитамен низ паёмҳо мефиристод.
Дар чандин озмунҳои ҷумҳуриявии рӯзнома, ки бо ҳамдастии шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид, иштироки фаъолона дошт. Аз ҷумла, соли 2018 дар Озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров баранда буд.
Кори муҳимтарине, ки соли 2000-ум сомон дод, дар ҳудуди вилояти Суғд таъсис додани ҳафтаномаи кӯдакону наврасон “Корвони умед” буд. Ин ҳафтанома барои зираку донишёр шудани чанд насли замони истиқлол дар вилоят хидмат кард ва ҳанӯз ҳам интишор меёбад.
Сайфулло Маҳкамов хатмкардаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ буд ва дар чанд соҳа таҷрибаи кофӣ дошт. Аз ҷумла, сармуҳарририи рӯзномаи “Заҳматкаш”, фаъолияти омӯзгорӣ, кор дар бойгонии шаҳри Истаравшан, ки муддате сардори он буд, ӯро мутахассиси пухта кард. Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва дорандаи Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000) мебошад. 
Охирин паёме, ки “Ҷумҳурият” дар соли 2023 доир ба Сайфулло Маҳкамов чоп кард, хабари чопи китоби наваш «Қиссаи як коса зардолуи қандак» буд. Китоб аз қиссаҳои саргузаштӣ ва хотираҳои муаллиф дар бораи бузургони илму адаб, аз ҷумла вохӯрии Бобоҷон Ғафуров бо Индира Ганди, ҳикмати тоқипӯшии аллома, дӯстии Бобоҷон Ғафуров бо шогирдаш таърихнигори маъруф Аҳрор Мухторов, инчунин, вохӯриву суҳбатҳои муфиди муаллиф бо худи академик Аҳрор Мухторов ҳикоят мекунад.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.06.2024 №: 111
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив