ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУРАХШИ "СИТОРА"-И БОХТАР

ДУРАХШИ "СИТОРА"-И БОХТАР

12 июн 2024, Чоршанбе
7
0
Рақс яке аз анъанаҳои фарҳангии тамоми ҷомеаи башарӣ ба шумор меравад. Ҳар як миллат рақсҳои хоси худро дорад, ки гувоҳ аз таърихи куҳан доштанаш мебошад. 
Ансамблҳои рақсии "Зебо", "Ҷаҳоноро", "Лола" на фақат дар қаламрави Ҳукумати Шуравӣ, балки берун аз он низ машҳур гардиданд.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли кишвар ансамблҳои рақсӣ фаъолияти худро қатъ накарданд, балки рушд намуданд.
Шаҳри Бохтар, ки маркази маъмурии вилояти Хатлон аст, муассисаи давлатии ансамбли касбии рақсии "Ситора"-ро 28-уми марти соли 2016 таъсис дод, ки барои рушди фарҳанги миллии тоҷик саҳми худро мегузорад.
"Ситора" хеле ҷавон бошад ҳам, дар 8 соли фаъолияташ бо барномаҳои рангини консертӣ дар саросари кишвар номвар гаштааст. Дар ансамбли мазкур ҳоло 4 духтару 2 писар фаъолият намуда, ба онҳо устоди рақс нозукиҳои ин ҳунарро меомӯзонад. Бо вуҷуди он ки ҷавонони даста дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷ ва донишгоҳ таҳсил менамоянд, дар вақтҳои муайян ҳамарӯза ба тамрин машғуланд. 
Албатта, рақс аз ҳунарҳое дониста мешавад, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳ ба он зиёд шудааст. Он заҳмати зиёдеро тақозо мекунад. Ҳунарманди соҳаи рақс, қабл аз ҳама, бояд ҳусну ҷамоли зебо ва дарки комили мусиқӣ дошта бошад.
"Дар ансамбл духтарону писарони аз 14 то 25-сола ба тариқи озмун роҳ меёбанд. Қабл аз шомил шудан ба даста ризоияти волидони онҳо гирифта мешавад", - мегӯяд директори ансамбл Фарҳод Куганов.
Бинобар кам будани маош раққосаҳои даста тарки ин пеша карданд. Ва баъзе аз волидони раққосаҳо барои иштирок дар чорабиниҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ розигӣ намедиҳанд ва ин боиси руҳафтодагии раққосаҳо мешавад. "Лекин, - мегӯяд Фарҳод Куганов, - сараввал волидони раққосҳо руҳияи онҳоро мешикананд ва иҷозат намедиҳанд, ки дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳурӣ иштирок намоянд. Ва боз кам будани маош боис мешавад, ки тарки ин пеша кунанд. Барои мукаммал намудани гурӯҳ ба 40 нафар раққоса ниёз дорем".
Рақсидан дар саҳна дар назар саҳлу сода менамояд, аммо аз ҳунарпеша заҳмати зиёдеро тақозо мекунад. 
Дастаи рақсии "Ситора" муваққатан дар ошёнаи дувуми бинои Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳр қарор дошт. Дар арафаи таҷлили 28-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Бохтар қасри боҳашамати фарҳанг ба истифода дода шуд, ки алҳол ин ансамбл дар он ҷо, яъне дар кохи фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар фаъолият дошта, барои тамрин толору синфхонаҳои барҳавои замонавӣ фароҳам аст.
 
Қурбоналӣ ҚИЁМОВ, шаҳри Бохтар
Санаи нашр: 12.06.2024 №: 111
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив