ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧИЛУЧОРЧАШМА. ҚАТРАИ ОБИ ЗУЛОЛАШ МАРҲАМ АСТ

ЧИЛУЧОРЧАШМА. ҚАТРАИ ОБИ ЗУЛОЛАШ МАРҲАМ АСТ

13 июн 2024, Панҷшанбе
24
0
Тоҷикистон дорои мавзеъҳои зебои зиёде ба монанди Бешаи палангон, Зоркӯл, Даштиҷум, Ромит, Чилучорчашма, Чилдухтарон, Қарокӯл ва амсоли инҳо мебошад, ки дили ҳазорҳо сайёҳони дохиливу хориҷиро тасхир кардаанд. Ба ҳамин хотир, хориҷиён ватани маҳбубамонро ҳамчун диёри биҳиштосо тавсиф мекунанд. 
 
Ин бор сухан дар васфи Чилучорчашма мегӯем. Он мавзеи хушобу сарсабзи муъҷизавиест, ки дар канори дарёи Кофарниҳон қисмати ғарбии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ҷойгир буда, бостоншиносони шуравӣ ин мавзеъро ба давраи мезолит мансуб медонанд. Сокинони водии Бешкенту атрофи он Чилучорчашмаро ҳамчун чашмаи муқаддас ва атои Худованд шумурда, аз он бештар ҳамчун Чашмаҷон ном мебаранд. 
Шоир Сафармуҳаммад Аюбӣ чи хуш фармуда:
Қатраи оби зулолаш марҳам аст,
Косаи оби зулолаш беҳ аз 
Ҷоми Ҷам аст...
Нависанда ва публитсисти тоҷик, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим дар “Чилучорчашма” ном матлабаш,  бемуҳобо ин мавзеъро “муъҷизаи рӯи Замин” тавсиф намуда, таассуроташро аз сафар ба  Чилучорчашма чунин баён кардааст: “Ҳангоме ки меҳмони ин мавзеи афсонавӣ мешавӣ, худро хушбахт ҳис мекунӣ, меболӣ, шукр месозӣ, ки дар диёри тоҷикон чунин як макони муқаддас побарҷост...
Гӯё дар ин мавзеъ тамоми шоҳкориҳои табиати нозанин ба таври ҳайратовар ба ҷилва омадаанд. Оби мусаффои чашма аз қаъри Замин ҷӯш зада мебаромад ва дар атроф ҳавои тозае ба машом мерасид”.
Қобили зикр аст, ки давоми як моҳи охир  камина  якчанд маротиба аз мавзеи истироҳатию экологии Чилучорчашма дидан кардам. Айни замон дар ин ҷо корҳои ободонӣ беш аз пеш вусъат мегиранд. Тавре аз суҳбат бо муҳандисони сохтмонию техникӣ Аслиддин Саидов ва Баҳриддин Раҳимов маълум гардид, ин мавзеъ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав ба рӯйхати  иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ворид гардида, дар доираи лоиҳаи барқарорсозии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва мероси табиии ҷумҳурӣ аз соли 2023 дар иншооти мазкур корҳои бунёдкорию созандагӣ  ҷараён доранд. Мувофиқи лоиҳаи мазкур, дар ҳудуди мавзеи табиию экологии Чилучорчашма, ки беш аз 9 гектарро фаро гирифтааст, сохтмони ду таваққуфгоҳ барои нақлиёт, ҳавзи захиравӣ бо ғунҷоиши 360 мукаабметр об, се гулгашти муосир, ду фаввора, чилу чор дукон барои тоҷирон, ҳашт меҳмонхона ё худ коттеҷи муосир  ва ғайра дар назар дошта шудааст. 
Бояд таъкид сохт, ки бо ширкати мутахассисони варзидаи ҷумҳурӣ ва ҷалби сокинони  маҳаллӣ мавзеъ деворбандӣ шуда, сохтмони бештари иншооти номбаршуда  дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Дар назар дошта шудааст, ки корҳои барқарорсозию навсозии ёдгории  табиӣ ва  экологии Чилучорчашма то охири моҳи августи соли ҷорӣ ба анҷом мерасад ва иншооти навбунёд дар рӯзҳои таҷлили  Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор мегиранд.
Бо камоли дилпурӣ гуфта метавонем,  ки дар  ояндаи наздик Чилучорчашма  бо фарогирии ҳамаи инфрасохторҳояш,   ба макони ҳақиқии истироҳатию фароғатӣ ва нуқтаи дилпазири сайёҳӣ дар хизмати ҳамдиёрону шаҳрвандони кишварҳои дуру наздик қарор гирифта, фаъолияти он  ба ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.
 
Азиз БАҲРОМЗОДА, узви ИЖТ, Шаҳритус – Носири Хусрав
Санаи нашр: 13.06.2024 №: 112
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив