ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА “ҶУМҲУРИЯТ” ҶАВОБ ОМАД 

БА “ҶУМҲУРИЯТ” ҶАВОБ ОМАД 

13 июн 2024, Панҷшанбе
11
0
“МОҲИПАРВАРӢ. КАДОМ ПРОБЛЕМАҲО САДДИ РУШДАНД?”
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи рӯзноманигор Кароматулло Аторо таҳти унвони “Моҳипарварӣ. Кадом проблемаҳо садди рушданд?”, ки 05.07.2023 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр шудааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад. 
Дар мақолаи мазкур рушд, дастовардҳо ва мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи моҳипарварӣ дарҷ гардидааст. Бояд гуфт, ки дар баробари рушди ҳар як соҳа мушкилот низ ҷой доранд ва масъулон ҷиҳати бартараф намудани онҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд.
Соҳаи моҳипарварӣ бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва назардошти захираҳои имконияти обӣ дар ҷумҳурӣ сол ба сол рушд меёбад. Бояд зикр намуд, ки ба ҳолати 01.05.2024 дар ҷумҳурӣ 385 хоҷагии моҳипарварӣ дар майдони 75968 гектар, аз он 73341,6 гектар обанборҳо ва 2626,8 гектар ҳавзҳо фаъолият дошта, хоҷагидорон 1411,5 тонна моҳӣ истеҳсол ва ба бозорҳои мамлакат пешниҳод намуданд. Инчунин, дар чор моҳи соли равон аз хориҷи мамлакат 168 тонна хӯроки моҳӣ ворид карда шуд.
Афзун гардидани миқдори хоҷагиҳои моҳипарварӣ, масоҳати ҳавзҳо, зиёд гардидани моҳиҳои зотию такмилӣ барои такрористеҳсолкунӣ, бунёди коргоҳҳои инкубатсионӣ ва истеҳсоли кирминамоҳиҳо, хӯроки омехтаи моҳӣ, зиёд намудани навъи моҳиҳои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда, таъмиру азнавсозии иншооти обтаъминкунӣ ва техникаву технологияи моҳипарварӣ, воридоти технологияҳои муосир ба зиёд шудани ҳаҷми истеҳсол, рушди соҳа ва таъмини бозори истеъмолии мамлакат мусоидат намуда истодааст.
Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати рушди соҳа дар ҷумҳурӣ “Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2023, №51 қабул гардида, дар доираи маблағгузориҳои Барнома хариди кирминамоҳӣ, моҳича аз дохил ва хориҷи кишвар, ворид намудани таҷҳизоти соҳавӣ, ташкили хоҷагиҳои нави гулмоҳипарварӣ, коргоҳҳои моҳичабарорӣ ва афзун намудани истеҳсоли хӯроки омехта ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҳисоби маблағҳои пешбинигардида дар соли 2023 ба 36 хоҷагии моҳипарварӣ 250 ҳазор дона моҳича дастрас шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади таъмини талаботи хоҷагиҳои ҷумҳурӣ бо кадрҳои баландихтисос дар соҳаи моҳипарварӣ дар факултети зооинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ихтисоси технологияи парвариши моҳӣ таъсис ёфт, ки 39 донишҷӯ ба таҳсили рӯзона ва 2 нафар ба магистратура фаро гирифта шуданд. Ҷиҳати пурсамар гузарондани машғулиятҳо дар самти моҳипарварӣ бо 35 хоҷагии моҳипарварӣ шартнома баста шудааст, ки донишҷӯён дарсҳои озмоишӣ, таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ ва пешаздипломии худро дар пойгоҳи хоҷагиҳо мегузаронанд.
Вазорат аз тамоми иқтидору имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, ҷиҳати зиёд кардани истеҳсоли гӯшти моҳӣ ва фаровонии бозори истеъмолӣ чораҳои заруриро меандешад. 
 
НАЗАРЗОДА М.Ф., муовини вазири кишоварзӣ
Санаи нашр: 13.06.2024 №: 112
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив