ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА “ҶУМҲУРИЯТ” ҶАВОБ ОМАД 

БА “ҶУМҲУРИЯТ” ҶАВОБ ОМАД 

13 июн 2024, Панҷшанбе
4
0
«МАЛАХ. БЕМАСЪУЛИЯТИИ МАСЪУЛОН БОВАРИИ ДЕҲҚОНОНРО БА СОХТОРҲОИ  ДАВЛАТӢ АЗ БАЙН МЕБАРАД»
 
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мақолаи рӯзноманигор Кароматулло Ато дар мавзуи «Малах. Бемасъулиятии масъулон боварии деҳқононро ба сохторҳои давлатӣ аз байн мебарад», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 24.04.2024 нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати кишоварзӣ аз 23.02.2024, №22 Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон таъсис дода шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамасола бо мақсади пешгирии саривақтии паҳншавии малах ва ҳашароти зараррасон, эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳо ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявӣ ташкил гардида, дар он вазоратҳо, кумитаву агентиҳои дахлдор, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, заминистифодабарандагон ва намояндагони онҳо вобаста карда мешаванд.
Мувофиқи маълумот, мутахассисони Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» соли равон дар майдони 219518 гектар мушоҳидаҳои баҳорӣ гузаронданд. Дар рафти  мушоҳидаҳо маълум гардид, ки дар 34 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, тибқи нақша, бояд дар майдони 124222 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронда шавад. Ба ҳолати  5-уми июни соли равон майдони паҳнгаштаи малах 117284 гектарро ташкил дода, аз аввали мавсим дар майдони 113672 гектар коркард гузаронда шуд. Дар майдонҳо 39 трактори дорупошӣ, 18 автомашина, 550 дорупошакҳои дастию моторӣ ва 743 нафар ба кор сафарбар гардидаанд. Ҷиҳати пешгирии саривақтӣ аз зарари малах ба зироатҳо коркарди кимиёвӣ бомаром идома дошта, майдонҳои паҳнгаштаи малах бо 30470 литр заҳрдору коркард карда шуд. Мавриди зикр аст, ки то имрӯз зарари малах ба зироатҳои кишоварзӣ, боғу ток ва чарогоҳҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии саривақтии паҳншавии малах ва эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳо тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.
 
Зеваршои ЗЕВАРШО, муовини вазири кишоварзӣ
Санаи нашр: 13.06.2024 №: 112
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив