ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲИСОР. МАКТАБИ МУСИҚӢ КАЙ СОҲИБИ БИНОИ НАВ МЕШАВАД?

ҲИСОР. МАКТАБИ МУСИҚӢ КАЙ СОҲИБИ БИНОИ НАВ МЕШАВАД?

19 июн 2024, Чоршанбе
12
0
Фарҳангу ҳунар дар тарбияи маънавии кӯдакон нақши муҳим доранд ва барои баланд бардоштани савияи ақлонию зеҳнӣ заминаи боэътимод мегузоранд.
 
Чанде пеш, кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг бо мақсади омӯзиш, баррасии вазъи муассисаҳои таълимии соҳа аз Мактаби бачагонаи санъати шаҳри Ҳисор дидан намудем. Ин даргоҳи ҳунар яке аз куҳантарин мактабҳои мусиқии ҷумҳурӣ буда, аз соли 1964 фаъолият дорад. Дар бинои якошёна 17 дафтари корӣ ҷойгир буда, 6-тои он бо қарори раиси шаҳр ба маркази санъат ва эҷоди кӯдакон ба номи Парии Ҳисорӣ дода шудааст. Ба 210 хонандаи Мактаби мазкур 26 омӯзгор ва 2 консертмейстер дарс мегӯянд. Муассиса дорои 9 шуъба: асбобҳои нафасӣ, зарбӣ, зарбӣ-торӣ, камонӣ, мизробиҳо, овозхонии анъанавӣ, хореография, рассомӣ ва драма мебошад.
Устодон ва шогирдони Мактаб дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок мекунанд. Кӯдакон дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», фестивали «Ҳафтаи китоб», Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб», барномаи Телевизиони «Баҳористон» - «Парвин» соҳиби ҷоизаҳо шудаанд.
Соли 2023 яке аз шуъбаҳои асосӣ – рассомӣ, ки ба он духтарон бештар таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, ба бисёр дастовардҳо ноил гашт. Иштироки хонандагон дар озмуну чорабиниҳои гуногун, ба мисли «Андалеб-2023» дар боғи фарҳангии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе, намоиши «Об – манбаи ҳаёт», Иди Наврӯз-2023 дар қалъаи Ҳисор, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон фаъолияти дастпарварони ин шуъба ба таври шоиста муаррифӣ гардиданд. 
Мутаассифона, бояд зикр намуд: бинои куҳнае, ки дар асри гузашта сохта шудааст, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест. Ба ин хотир, шуъбаи рассомӣ дар бинои Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор (Мактаб низ тобеи ин муассиса аст) фаъолият менамояд. Ҳарчанд ки устодони ботаҷрибаи шуъбаи рассомӣ собиқаи кории зиёд доранд, ҷалб накардани омӯзгорони ҷавон боиси нигаронист. Умуман, дар Мактаби санъат бештар нафақахӯрон кор мекунанд. Тадқиқоти гузарондаи мо, аз рӯи пурсишномаҳо оид ба истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) нишон дод, ки муаллимони солхӯрда аз истифодаи технологияҳои муосир дур монда, барои омӯхтан низ рағбат надоранд. Дар ин самт ҷалб кардани кадрҳои ҷавон барои беҳтар намудани сатҳу сифати фанҳои таълимӣ бо истифода аз технологияҳои ҳозиразамон дар фаъолияти омӯзгорӣ мусоидат менамояд. Аз 26 омӯзгор танҳо 4-тоаш зан мебошад.
«Бо дастгирии мудири бахши фарҳанг Бахтиёр Иброҳимов барои шуъбаи рақс 28 маҷмуъ либоси рақсӣ, тоқӣ ва дигар лавозимот харидорӣ шуд. Хонандагони шуъбаи хореография (рақс) дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва озмунҳо низ фаъолона иштирок менамоянд», – мегӯяд устоди рақс Гулмаҳмад Назарзода.
Хулоса, дар Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Ҳисор ба номи Саид Ҳамроев новобаста ба вазъи ногувори бинои таълимӣ, раванди таълим дар бахшҳои рассомӣ, омӯзиши мусиқии аҷдодӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Устодони муассиса баҳри соҳибтахассус намудани шогирдонашон пайваста чорабиниҳои дохилимуассисавӣ ташкил намуда, кӯшиш менамоянд, ки онҳо дар оянда, соҳибкасб ва  номбардори миллат гарданд.
Бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бунёди мактаби нави муҷаҳҳаз бо лавозимоти хониш, асбобҳои мусиқии миллӣ ва аврупоӣ тарҳрезӣ шудааст. Аминем, ки бунёди Мактаби замонавии санъати бачагона сатҳи донишандӯзии хонандагонро баланд  менамояд ва  раванди таълим хубтару беҳтар мегардад. 
 
Саида РУСТАМОВА, 
мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ
Санаи нашр: 19.06.2024 №: 115
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив