ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АЗ ИСТИҚРОРИ СУЛҲ ТО ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АЗ ИСТИҚРОРИ СУЛҲ ТО ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ

20 июн 2024, Панҷшанбе
48
0
 
Инак, мо дар остонаи ҷашни пуршукӯҳи нусратбахши миллӣ – Рӯзи  Ваҳдати миллӣ қарор дорем, ки 27 сол муқаддам дар заминаи талошҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Воқеан, 27-уми июни соли 1997, баъд аз ҳашт даври музокирот, дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расида, кишвари азизи моро таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба қаламрави саодат ворид кард.
Таърих ҳамчун довари ҳақбин фаромӯш нахоҳад кард, ки дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ ва истеҳкоми аркони давлатдории навини мо нақши роҳбари оқилу тавоно ва сиёсатмадори эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо барҷаставу мондагор аст. Ин фарзанди фарзонаи халқ аз лаҳзаҳои аввали ба саҳнаи сиёсат ворид шуданашон сокинони кишварро дар атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат ҷамъ оварда, давлату миллатро аз эҳтимоли нобудӣ наҷот бахшиданд. Тамоми қувваю дониш ва иродаю имконияти хешро барои таъмини ваҳдати миллӣ, сулҳи саросарӣ, баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва шурӯи музокирот равона сохтанд.
Боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди бонангу номуси ин сарзамин аст, ки имрӯз Сарвари давлати моро дар тамоми атрофу акнофи олам ҳамчун сиёсатмадори барҷаставу хайрхоҳи башар мешиносанд ва мактаби сулҳофариниашонро меомӯзанд. Ба қудрату тавоноӣ, ҷасорати фавқулода ва шахсияти камназирашон чи дар дохил ва чи дар маҳофили сиёсии ҷаҳони муосир эҳтиром мегузоранд.
Тавре маълум аст, Пешвои муаззами миллат дар баробари мудирияти оқилонаи низоми дохилӣ ва рушди устувори кишвар, инчунин Тоҷикистонро дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор муаррифӣ карда, номи тоҷики тоҷдорро ҳамчун мардуми тамаддунофар ба ҷойгоҳи аслиаш баргардонданд. Дар ин робита Чингиз Айтматов, нависандаи шуҳратёри қирғиз, шахсияти Сарвари давлати  моро  чунин тасвир кардааст: «Дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин бузургвор бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, тинҷию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузургвор дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд.». Ин нависандаи забардаст дар шахсияти Президенти маҳбуби кишвар, дар умум, ба хулқи инсонпарваронаи миллати тоҷик баҳои баланд додааст. Ин нукта бори дигар ишора ба он дорад, ки дурахши шахсияти тобноки Эмомалӣ Раҳмон обрӯи ҳар як тоҷик аст. Аз ин рӯ, мо бояд бо рафтору амали намунавиамон собит созем, ки меросбари таъриху фарҳанги бойи ниёгони хеш ҳастем ва ба ҳеҷ ваҷҳ нагузорем, ки ба номи миллат ва исми пуршарафи тоҷик доғеву газанде бирасад.
Тавре маълум аст, вақтҳои охир вазъи ҷаҳони муосир басо душвору печида ва пешгӯинашаванда гардида, зуҳуроти нангини терроризму ифротгароӣ ба суботу оромии кишварҳо халал эҷод менамояд. Дар ин робита, мо набояд фаромӯш созем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, давраҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар карда, чи гуна фоҷиаовару даҳшатнок будани оқибатҳои нангини онро медонад ва ҳамеша хостори сулҳу субот дар тамоми минтақаю ҷаҳон, риояву эҳтироми принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва арзишҳои волои инсонӣ, инчунин, ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалии ҳамҷавор дар заминаи эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад. 
Мо дар мавриди даҳшат ва оқибатҳои харобиовару фоҷиавии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зиёд тамаркуз карданӣ нестем, зеро он ҳама нобасомониҳо дар хотираи таърих маҳфузанду борҳо аз онҳо ёдовар ҳам шудаем. Танҳо лозим медонем, ки суханони Қаҳрамони Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъудро ба хонандагон гӯшзад кунем, ки чунин гуфта буд: «Истиқлолиятро ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори миқёси ҷаҳонӣ дод. Имрӯз ӯ маъруфтарин фарзанди Тоҷикистон, тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст. Алоқамандии хоси ман ба Эмомалӣ Раҳмон на аз баҳри он аст, ки мо ҳар ду тоҷикем (ҳамқавмем), балки онҳо асоси бунёдӣ доранд. Танҳо шахси хирадманд ва дӯстдори ватани худ метавонад дар муддати кӯтоҳ кишварро аз чанголи ҷанги шаҳрвандӣ, ки бар асари дасисаҳои душманони халқи тоҷик сар зад, берун оварад».
Ё худ мисраъҳои шоири маҳбубамон Бозор Собирро аз ёд набарем, ки фармудааст:
Номи туро нависем, эй Қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат.
Дар ҳақиқат, Пешвои муаззами миллат, ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, қаҳрамони ҳамаи арсаҳо ҳастанд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаашон кулли соҳаҳои хоҷагии халқ рушд намуд. Аз ҷумла, ба рушди маънавиёти ҷомеа, илму фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҳоло мо ба дурустӣ дарк менамоем, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, заминаҳои арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумиро низ ба вуҷуд оварда, дар маҷмуъ, муҳит ва фазои маънавиро дар ҷомеа шакл бахшидааст. 
Дар замони феълӣ, ба назари мо, барои боз ҳам таҳким бахшидани пояҳои ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ, пеш аз ҳама, бояд ба ҷавонон сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, оқибатҳои даҳшатбори он, аҳамияти сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ гаштаву баргашта фаҳмонда шавад, то дар зеҳни онҳо андешаи ваҳдати миллӣ ва садоқат ба ҳадафҳои умумимиллӣ амиқан ҷой гирад. Зеро на ҳамаи ҳамватанони мо бохабар аз онанд, ки душманони дохилию хориҷиамон ҳанӯз ҳам аз ниятҳои нопоки худ даст набардоштаанд ва мехоҳанд бо ҳар роҳу восита вазъро ноорому печида созанд. 
Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди солимфикри ҷомеа бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бар мабнои таҷрибаи сиёсию таърихӣ дар роҳандозии муваффақонаи барнома ва аҳдофи стратегии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда гузорад. Мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем. Ин нуктаи меҳварӣ, ки ҳамеша дар суханрониҳои Сарвари давлат ҳадафмандона ироа мегарданд, бояд сармашқи кори рӯзмарраи идорӣ, сиёсӣ, ташкилӣ, фикрӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҳар кадоми мо қарор бигирад. 
 
Муҳриддин НИЗОМӢ,
 ректори Донишкадаи давлатии 
фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи 
Мирзо Турсунзода, доктори 
илмҳои филология, профессор
Санаи нашр: 20.06.2024 №: 116
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив