ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАРҒОНА.  ТАҶЛИЛИ ЗОДРӮЗИ ДОНИШМАНДИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТӢ

ФАРҒОНА.  ТАҶЛИЛИ ЗОДРӮЗИ ДОНИШМАНДИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТӢ

20 июн 2024, Панҷшанбе
57
0
Бо ибтикори ҳокимияти вилояти Фарғона, маъмурияти Донишгоҳи давлатии Фарғона (ДДФ) ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона бахшида ба 80-солагии олим ва донишманди тоҷик, устоди ДДФ Фарҳод Исомиддинов маҳфили адабӣ баргузор шуд. Дар он, дар баробари мизбонони маҳфил, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, як гурӯҳ намояндагони илму адаб ва фарҳанги вилояти Суғд ширкат карданд. 
Маҳфилро ректори Донишгоҳи давлатии Фарғона, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Баҳодур Шермуҳаммедов ҳусни ифтитоҳ бахшид:  
– Фарҳод Исомиддинов баъди таъсиси гурӯҳи тоҷикӣ дар факултети филология барои кор ба Донишгоҳи давлатии Фарғона ба кор даъват шуд. Инак, ҳафт сол мешавад, ки таҳти сарпарастии ӯ гурӯҳҳои тоҷикиро даҳҳо ҷавонон хатм намуда, қисмати аъзами онҳо дар мактабҳои таҳсилашон ба забони тоҷикӣ аз забон ва адабиёти тоҷик сабақ медиҳанд ва бархе шомили магистратура шуда, корҳои пажӯҳишӣ мебаранд.  
Ӯ афзуд, ки устод Исомиддинов дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашти Тоҷикистон ба дунё омад, вале тақдир ӯро соли 1973 ба шаҳри Ангрени вилояти Тошкент овард. Мавсуф аз омӯзгори одӣ то мақоми сарметодисти  мактабҳои тоҷикии Маркази таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон расид. Баъдан, дар вазифаи мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва арабии Донишкадаи омӯзгории Ангрен фаъолият менамояд. 
Гуфта шуд, ки Фарҳод Исомиддинов соли 1997 бо роҳбарии доктори илмҳои филология Ҳасан Қудратуллоев дар мавзуи “Муқоисаи  достони  “Лисон-ут-тайр”-и Мир  Алишери  Навоӣ  бо  “Мантиқ-ут-тайр”-и Шайх Фаридуддини Аттор” рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Олими варзида муаллифи беш аз 200 мақолаи илмӣ, илмӣ-услубӣ ва илмӣ-оммавӣ, китобҳои дарсии “Забони тоҷикӣ” барои синфҳои 5, 8, 9-ум мебошад. 
– Фарҳод Исомиддиновро метавон васлгари риштаҳои дӯстиву рафоқати ду халқи ҳамсояву бародар: тоҷикону ӯзбекон номид. Вай аз шумори афродест, ки дар пайи ибтикори ду абармарди асил – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мунтазам дар ин самт гомҳои ҷиддӣ мебардорад ва дар беш аз пеш мустаҳкам шудани он саҳми муассир мегузорад,– гуфт зимни суханронӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Ба таъкиди сафири тоҷик, соҳибҷашн тамоми умри худро ба соҳаи маориф ва таълифи китобҳои дарсӣ бахшидааст. Инчунин, дар пайравӣ бо падараш Исомиддин, ки марди донишманду фозил буд, ба адабиётшиносӣ рӯй оварда,  китобу рисолаҳои “Унвонҳои адибон” (ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ), “Зулисонайн адиблар” (ё “Адибони зуллисонайн”), “Гулчини абёти баргузида”, “Чеҳраҳои Ангрен” ва “Пандномаи розҳо” (дар ҳаммуаллифӣ), “Пандрезаҳо”, “Шугунҳо ё ириму сиримҳо”, “Асрори рақамҳо”, “Алифбои шавқовар”, “Луғати вомвожаҳои  форсии  тоҷикӣ  дар  забони  ӯзбекӣ” ва амсоли онро таълиф кард. 
Профессорони тоҷик Матлубаи Мирзоюнус ва Туғрали Шокириён дар мавзуъҳои “Нахли пурсамари Понғоз” ва “Вижагиҳои тахайюлоти адабӣ”, шоира Фарзонабону дар мавзуи “Анъанаҳои зуллисонайнӣ дар муҳити адабии Хуҷанд”, раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Дилшода Ҳалимҷонова дар мавзуи “Муҳити адабии вилояти Фарғона” ва нотиқони дигар ба минбар баромада, саҳми Фарҳод Исомиддиновро дар рушди забон ва адабу фарҳанг хеле муносиб арзёбӣ намуданд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Фарғона
Санаи нашр: 20.06.2024 №: 116
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив