ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » "“ГАРДИШИ ДЕВБОД” ДАР НАҚДИ АДАБӢ"

"“ГАРДИШИ ДЕВБОД” ДАР НАҚДИ АДАБӢ"

20 июн 2024, Панҷшанбе
26
0
“Гардиши девбод” романи Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон аст, ки бо нашраш дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва китоби алоҳида аз тариқи нашриёти “Адаб” ҳаводорони зиёд пайдо кард. Ҳамзамон, он диққати пажӯҳишгарон, адабиётшиносонро ба худ ҷалб намуд ва дар бораи роман, маҳорати эҷодии нависандаи маҳбубу маъруф андешаҳояшонро иброз доштанду ба нашр расонданд. Инчунин, як ҳамоиши васеи илмӣ моҳи майи соли 2019 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Баррасӣ ва арзёбии романи “Гардиши девбод””, баргузор шуда буд, ки муаллифи ин сатрҳо низ дар он ширкат дошт ва барои рӯзнома гузориш омода намуд. Чунин як ҳамоиш дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ доир гардида буд. Ба асари нависанда баҳои баланд доданд ва зикр карданд, ки он дар тарбияи ватандӯстӣ, шинохти асолати хеш, ҳифзи марзу буми кишвар, гиромидошти арзишҳои миллӣ, тарбияи завқи эстетикии хонандагон таъсири нек гузоштаву мусоидат карда метавонад.
Хуршеда Ҳошимова, номзади илмҳои филология, асарро мавриди пажӯҳишу баррасӣ қарор ва онро дар китоби тозанашр ҷой дод ва тақризҳои адабиётшиносонро дар бораи роман гирдоварӣ карда, пешкаши хонандагон, унвонҷӯён ва аҳли илму адаб намуд. Дар “Пешгуфтор”-и ин китоб барҳақ нигоштааст: “Адибон инъикоскунандагони набзи ҷомеа ва воқеиятҳову падидаҳои замон мебошаанд, ки бо муҳимтарин арзишҳои умумии инсонӣ, аз қабили ҳофизаи таърихии миллӣ, суннатҳои миллӣ ва рушду пешрафти фарду ҷомеа ба сӯи ояндаи неку пурсафо таваҷҷуҳи хосе доранд. Ин мавзуъҳои муҳим адибонро дар арсаи адабиёт вомедоранд, ки тавассути воситаҳои ҳунарӣ ҳамчун доварони асил дар бештари масъалаҳои муҳими ҷомеа қазоват намоянд”.
Дар ин китоб боз навиштаҳои адабиётшиносон Абдунабӣ Сатторзода, Абдухолиқ Набавӣ, Шамсиддин Солеҳов, Сайфиддин Мирзоев, Наргис Раҳмонова, Сурайё Ҳайдарова, Атахон Сайфуллоев, Иброҳим Усмонов, Мисбоҳиддин Нарзиқул, Худоӣ Шарифов, Мирзо Шукурзода, Муртазоалӣ Муродов ҷой дода шудаанд.
Бешак, ин навиштаҳо ба хонанда барои дарки дуруст ва фаҳмиши дунёи эҷодии нависанда ёрӣ мерасонанд.
Гирдоварии тақризу навиштаҳо дар бораи ин ё он асари арзишманди адиби асил ба нафъи хонандагон буда, ба рушди адабиёт, такмили ҳунари адиб таъсири нек гузошта метавонад. Аз ин рӯ, амали Хуршеда Ҳошимова дар гирдоварӣ ва нашри китоби мазкур сазовори таҳсину дастгирист. Умед аст, ки дигар адабиётшиносон аз ин иқдом, ҳарчанд ки он нав нест, пайравӣ мекунанд.
 
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.06.2024 №: 116
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив