ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

26 июн 2024, Чоршанбе
18
0
Ҷавобгарӣ барои мардумфиребӣ ё ваъдаи кор дар Чехия
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Т. Рустамов, директор оид ба меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶДММ “Гардун”, ки ба фиреби 82 нафар айбдор мешавад, ба суд фиристода шудааст.
Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, номбурда дар асоси маслиҳати пешакӣ бо директори генералӣ ва сармуҳосиби ҳамин ҷамъият, инчунин, шаҳрванди Ҷумҳурии Чехия С. Васлав бо роҳи фиреб ба бовари 82 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон даромада, аз онҳо барои дар Чехия бо ҷойи кор таъмин намудан 98500 сомонӣ ва 50430 доллари ИМА гирифта, ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур алайҳи Т. Рустамов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ҳоло баъд аз тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан дар дасти суд қарор дорад. 
 
 
Сандуқи пулро дуздида ба дасти милитсия афтоданд
Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе ду сокини шаҳри Кӯлобро, ки аз онҳо мардони 27-сола ном бурда мешавад, ба гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карданд. 
Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора хабар дод, боздоштшудаҳо шаби 17-уми июни соли 2024 бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии марди 36-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо сандуқи оҳанин (сейф)-ро, ки дар дохилаш 120 ҳазор сомонӣ, соати дастӣ ва дигар таҷҳизот будааст, дуздидаанд. 
Айни ҳол нисбат ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
 
 
Ронандаи лаҷомгусехта 5 шабонарӯз ҳабс шуд
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нисбат ба як ронандаи қоидаситез ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ намуд.
Ин ронанда Исроил Аҳмадов, сокини шаҳри Ваҳдат буда, 17-уми июн дар кӯчаи Аҳрории назди майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе ба воситаи нақлиёти таҳти идорааш ҳаракатҳои бетартибона анҷом дода, оромии шаҳрвандонро халалдор намудааст.
Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 26.06.2024 №: 122
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив