ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Собиқ Дабири кулли СҲШ: «Созмон ба калонтарин иттиҳоди фароминтақавии навъи нав табдил ёфтааст» 

Собиқ Дабири кулли СҲШ: «Созмон ба калонтарин иттиҳоди фароминтақавии навъи нав табдил ёфтааст» 

02 июл 2024, Сешанбе
11
0
ТАСС. Рашид Олимов, собиқ Дабири кулли СҲШ, дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Global Times» изҳор дошт, ки тавсеаи Созмони ҳамкории Шанхай ба аъзои он имкон медиҳад, то мақоми Созмони навъи навро тасдиқ кунанд. 
Вай дар шарҳи дурнамои тавсеаи ин Созмон дар арафаи нишасти Остона гуфт: "Дар СҲШ давлати қавӣ ва заиф, бой ва камбизоат вуҷуд надорад, ҳамаи аъзои ин Созмон баробаранд. Қарорҳои СҲШ санҷида мешаванд ва манфиатҳои ҳар як кишварро ба инобат мегиранд".
Олимов тавзеҳ дод, ки қоидаи тиллоии дипломатияи СҲШ ин қабули ҳама тасмимҳо дар асоси ризоият аст. Вай ёдовар шуд, ки яке аз лаҳзаҳои муҳими нишасти дарпешистода дар Остона тасмими пазируфтани Беларус ба узвияти даҳумин узви комилҳуқуқи ин Созмон хоҳад буд. 
Рашид Олимов таваҷҷуҳи вижаро ба он ҷалб кард, ки дар 20 соли охир СҲШ, аз ҷумла нозирон ва шарикони муколама, тақрибан панҷ баробар афзоиш ёфта, ба “як ҷузъи ҷудонашавандаи меъмории мураккаби муносибатҳои байналмилалии муосир” табдил ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, дар солҳои охир ин Созмон ба калонтарин иттиҳоди трансминтақавии навъи нав табдил ёфтааст.
 
 
Мулоқоти Мирзиёев бо Гутерриш
Мир24. Дар мулоқоти Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, ки бо сафари расмӣ дар Ӯзбекистон қарор дорад, масъалаҳои таъмини сулҳи ҷаҳонию минтақавӣ, субот ва рушди устувор, тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ӯзбекистону Созмони Милали Муттаҳид ва татбиқи созишномаи лоиҳаҳои муштарак, ки ба ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор нигаронда шудаанд, баррасӣ гаштанд. 
Ҷонибҳо, ҳамчунин, вазъи Афғонистонро баррасӣ намуда, бар зарурати густариши кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар таъкид карданд. Дар поёни вохӯрӣ тарафҳо дар бораи таҳияи муштараки барномаи рушди Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо СММ  барои солҳои 2026-2030 ба мувофиқа расиданд.
 
 
Даъвати Президенти  Бразилия ба ҳалли низоъ дар Украина  
INTERFAX.RU. Президенти Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва   ба ҳалли низоъ дар Украина бо роҳи музокирот даъват намуд.
«Ин даргириро метавон дар сари мизи гуфтушунид ҳал кард», –  гуфт Роҳбари Бразилия.
Ӯ иброз доштааст, ки бо нақши фаъолтари Шурои амнияти СММ  аз   вазъи баамаломада ҷилавгирӣ кардан мумкин буд.
Лула да Силва афзуд, ки ӯ мушовир оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Селсо Аморимро барои баррасии имконоти ҳалли низоъ ба Украина ва Русия фиристод.
"Ман омодаам, ки  ёрӣ расонам", – иброз дошт Сарвари Бразилия.
 
 
Русия аз 1-уми июл ба муддати як моҳ раиси Шурои амнияти СММ шуд
RT. Дар давраи раёсати худ Русия се чорабинии калидиро ба нақша гирифтааст. Мубоҳисаи ошкоро оид ба ҳамкориҳои бисёрҷониба барои бунёди тартиботи одилонатар ва устувори ҷаҳонӣ ба нақша гирифта шудааст. Илова бар ин, 17-уми июл баҳсҳои ошкоро оид ба ҳалли низоъ дар Ховари Миёна дар назар аст. Ҳамчунин,  19-уми июл дар Шурои амният муҳокимаи ҳамкориҳои СММ бо созмонҳои минтақавӣ – СААД, ИДМ ва СҲШ барпо мегардад.
Қаблан Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ, гуфта буд, ки ҷаласаҳои Шурои амнияти СММ рӯзҳои 16 ва 17-уми июл таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров баргузор мешаванд.
 
 
 
 
Ҷаҳон  дар як сатр
ТАСС. Вазири корҳои дохилии Доғистон Абдурашид Магомедов гуфт: «Ҷангҷӯёне, ки ба калисо ва канисаҳои Доғистон ҳамла намуданд, қасди ҳуҷум ба масҷиди шиамазҳабонро низ доштанд. Танҳо баъзе ҳолатҳо, ки ман ҳоло дар бораи онҳо сухан рондан намехоҳам, онҳоро аз анҷом додани ин кор боздошт».  
 
 
RT. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҷараёни сафараш ба Минск ба шабакаи телевизионии "Беларус 1" хабар дод, ки Президенти Русия Владимир Путин ва Роҳбари Беларус Александр Лукашенко ният доранд рӯзҳои 3-4-уми июл дар саммити СҲШ дар Остона мулоқот кунанд.  
 
 
CentralAsia (CA). Дар интихоботи президентии Эрон ҳеҷ  номзад натавонист, беш аз 50 дарсади овози заруриро барои пирӯзӣ ба даст оварад. Рӯзномаи «Farhikhtegan» бо такя ба раиси ситоди интихоботии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳсин Исломӣ хабар медиҳад, ки даври дуюми интихобот 5-уми июл баргузор мешавад.
 
 
Bloomberg. Кумитаи миллии Ҳизби Демократии ИМА ба таври расмӣ пешбарӣ кардани номзадии Президент Ҷо Байден дар интихоботи моҳи ноябрро нимаи моҳи июл баррасӣ мекунад, то "ба баҳсҳои дохилии ҳизб дар бораи иваз кардани ӯ пас аз як баҳси бебарор бо Доналд Трамп хотима бахшад".
Санаи нашр: 02.07.2024 №: 124
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив