ГӮШТӢ

02 июл 2024, Сешанбе
2
0
Чор медали паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё
Аз 22 то 30-юми июн дар шаҳри Аммони Урдун Чемпионати Осиё оид ба гӯштӣ миёни наврасони то 17-сола ва ҷавонони то 23-сола доир гашт. 
Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқа 10 нафар – 7 нафар миёни наврасон ва 3 нафар миёни ҷавонон ширкат варзида, 4 медал – 1 нуқра, 3 биринҷӣ ба даст оварданд. 
Медали нуқраро Мустафо Ахмедов (70 кг) миёни ҷавонон сазовор шуд. Ӯ дар гӯштии тарзи озод бар варзишгарони Ӯзбекистон ва Қирғизистон ғолиб омада, дар финал аз паҳлавони Ҳиндустон шикаст хӯрд.
Медалҳои биринҷиро миёни наврасон дар гӯштии юнонӣ-римӣ Муҳаммад Ғафуров (45 кг), Муҳаммад Султонзода (80 кг) ва дар гӯштии тарзи озод Алиризо Баҳромов (71 кг) мушарраф гардиданд.
 
 
Панҷ медали гӯштигирон дар Бозиҳои “Бачаҳои Осиё-2024”
26-уми июн дар шаҳри Якутияи Федератсияи Россия 8-ум Бозиҳои “Бачаҳои Осиё” оғоз гашт, ки то 6-уми июл идома меёбад. Бозиҳо бо иштироки варзишгарони 26 давлат, аз рӯи 24 намуди варзиш ҷараён дорад.
Дар риштаи гӯштӣ варзишгарони навраси мо панҷ медал – 2 тилло, 3 биринҷӣ – гирифтанд. Медалҳои тиллоро Идрис Баҳромов (57 кг) дар гӯштии тарзи озод ва Дамир Отаев (52 кг) дар гӯштии юнонӣ-римӣ ба даст оварданд. Умар Раҳимов (52 кг), Абдумуқим Набиев (68 кг) дар гӯштии тарзи озод ва Боймуҳаммад Нортоҷов (62 кг) дар гӯштии юнонӣ-римӣ ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд.
 
 
ҶУДО
Масъуди Аҳмадзод дар Челябинск “тилло” гирифт
29-30-юми июн дар шаҳри Челябински Федератсияи Россия Мусобиқаи байналмилалии ҷудо баргузор шуд.
Дар мусобиқа паҳлавонони Тоҷикистон, Муғу-листон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ширкат намуданд.
Дар вазни -73 кг ду варзишгарамон – Масъуди Аҳмадзод ва Абубакр Шеров баъди ғалабаҳои пай дар пай, дар финал бо ҳам вохӯрданд. Медали тилло насиби Масъуд гардид.
 
 
САМБО
Медали биринҷии Карликов дар Чемпионати Осиё/Уқёнус
Узви дастаи мунтахаби самбои кишвар Комрон Карликов (-98 кг) дар Чемпионати Осиё/Уқёнус медали биринҷӣ ба даст овард.
Чемпионат 29-30-юми июн дар Макао доир гашт. Дар он ҳудуди 300 варзишгари 21 давлати қора ширкат дошт. Ҷумҳурии моро ба ғайр аз Комрон, инчунин, Хуршед Маҷидов намояндагӣ кард.
 
 
ҶАШН
2-юми июл – Рӯзи журналистони риштаи варзиш
Бо ташаббуси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов Рӯзи байналмилалии журналистони риштаи варзиш таҷлил шуд.
Раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов хабарнигоронро бо иди касбӣ таҳният гуфта, иброз намуд, ки 2-юми июли соли 1924 Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ таъсис ёфтааст, ки имсол 100-сола шуд. Рӯзи журналистони варзишӣ бошад, аз соли 1995 таҷлил мегардад. Семинарҳои омӯзишӣ, бозиҳои шавқовар, конфронсу қадрдонии варзишгарон аз чорабиниҳои асосии ин ид мебошанд.
Бо хушнудӣ зикр шуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон бо дастгирии Президенти мамлакат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи кишвар Рустами Эмомалӣ шабакаҳои соҳавии варзиш ва футбол, нашрияи соҳавии “Варзиш-спорт” фаъолият доранд. Инчунин, ҳамаи расонаҳои хабарӣ гӯшаи варзиш доранд ва хабарҳои соҳаро фаъолона инъикос менамоянд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои муҳими соҳа баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки хабарнигорони варзишӣ зимни гузориш ва навиштани хабару мақола аз калимаҳои барои аҳолӣ фаҳмо истифода баранд.
Ҳамчунин, пешниҳод шуд, ки ба хотири гиромидошти чемпионҳо ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ ягон гулгашт дар пойтахт ташкил карда ва ё кӯчаву маҳаллае ба номашон гузошта шавад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.07.2024 №: 124
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив