ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГУЛИ САҲНА. БАРДОШТ АЗ МАҲФИЛИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 60-СОЛАГИИ ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИИ ГУЛАНДОМ САФАРАЛИЕВА

ГУЛИ САҲНА. БАРДОШТ АЗ МАҲФИЛИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 60-СОЛАГИИ ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИИ ГУЛАНДОМ САФАРАЛИЕВА

02 июл 2024, Сешанбе
4
0
Дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маҳфили эҷодӣ бахшида ба 60-солагии фаъолияти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гуландом Сафаралиева баргузор шуд. 
 
Муовини вазири фарҳанг Давлат Сафар зимни табрикоти худ иброз дошт, ки дар ин шоми зебо таҷлили  фаъолияти эҷодии ин бонуи саропо ҳунар ба Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ рост омадааст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки модарон ҳамеша хоҳони осоиштагӣ ва амонии рӯзгори мо буда, ваҳдатшиоранд. Имрӯзҳо мо шоҳиди ҷангҳои шадиди иттилоотӣ мебошем ва дар ин даврае, ки бархӯрди тамаддунҳост мардуми моро мебояд, ки ҳарчи бештар рӯ ба театр биёранд, зеро маҳз дар ин саҳна инсон ҷавҳари асосии худро дармеёбад. 
Арҷ гузоштан ба ҳунармандон нишони эҳтиром ба фарҳанг ва маънавиёт аст. Саҳми Гуландом Сафаралива низ дар рушди санъати театрӣ ва кинои тоҷик беназир буда, ӯ худ барои ҳунар офарида шудааст. Ҳар нақши офаридаи Гуландом табиӣ буда, ба дигараш монандӣ надорад ва на танҳо дар саҳна, балки берун аз он ҳам як олами беканори ҳунарро мемонад. 
Бояд ёдрас шуд, ки ин бонуи ҳунар 25-уми июни соли 1946 дар деҳаи Дошманди Кӯлоб чашм ба олам кушода, соли 1964 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм намудааст.  Беш аз  чил сол дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият намуда, зиёда аз 70 образи хотирмон меофарад. Гуландом Сафаралиева аз зумраи ҳунармандони ангуштшуморест, ки ҳам дар намоишҳои фоҷиавӣ  ва ҳам мазҳакавӣ бо маҳорати воло нақш мебозад. Ин ҳунарманди бомаҳорат дар ҳар образи офаридааш олами ботинии қаҳрамонашро амиқ мекушояд. Ҳунари волои ӯ бармало дар намоишномаҳои “Фоҷиаҳои хурд”, “Ҳуррият”, “Хизматгори ду хоҷа”, “Ваня-тағо”, “Эзоп”, “Ҳамлет”,  “Шоҳ Лир”, “Тӯй”, “Имтиҳон”, “Бой ва хидматгор”, Интизорӣ”, “Охирин арӯси амиралмуъминин”, “Афсонаҳои мӯйсафед”, “Эдип”,  “Нодира”, “Зебунисо” дарк мегардад. 
  Барои  хизматҳои арзанда дар рушди санъати театри тоҷик Гуландом Сафаралиева соли 1989 ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 1998 Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гардидааст.
– Солҳои рӯйи саҳна будан, образҳои гуногун офаридам, дар ҳар нақш қолаб шикастам ва кӯшиш кардам, то такрори дигараш набошад. Агар ба заҳмату ҳунари камтаринам баҳои сазовор медиҳед, хеле сарфарозам, чун дар роҳи ҳунар худро ҳеҷ гоҳ баркамол нашумурдаам, – иброз дошт бонуи ҳунар. 
Дар маҳфил намояндагони фарҳангу зиёиён ва ҳаводорони санъати театр иштирок намуда, барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони маҳбуби кишвар онро хотирмон гардонд.
                                                                                      
Судоба ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.07.2024 №: 124
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив