ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОББОЗӢ. ХУД ВА ДИГАРОНРО ЭҲТИЁТ КУНЕД!

ОББОЗӢ. ХУД ВА ДИГАРОНРО ЭҲТИЁТ КУНЕД!

02 июл 2024, Сешанбе
9
0
 
Баробари фарорасии фасли гармо хурду бузург ҷиҳати фароғат майл ба соҳили дарёву кӯлу ҳавзҳо мекунанд. Аслан, мавсими оббозӣ дар ҳудуди кишвар аз моҳи июн то нимаи дувуми моҳи сентябр идома меёбад. Мутаассифона, гоҳо аз беэътиноӣ ва фориғболӣ дар чунин ҷойҳо воқеаҳои нохуш сар мезананд.  
 
ШУМОРАИ ҒАРҚШУДАГОН КОҲИШ  ЁФТА БОШАД ҲАМ…
Тоҷикистон кишвари офтобрӯя аст, бинобар ин, дар фасли тобистон ниёзи аҳолӣ ба оббозӣ  зиёд мегардад. Бояд гуфт, ки ҳарорати обҳои ноҳияҳои ҷануби кишвар назар ба дигар минтақаҳои он баландтар аст ва дар ин манотиқ оббозӣ аз охири моҳи апрел ва аввали моҳи май шуруъ мешавад. Умеда Юсуфӣ, сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар робита ба масъалаи мазкур чунин иброз намуд: «Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамасола, аз моҳи феврал сар карда, баҳри фароғати тобистона ва ҳифзи бехатарии шаҳрвандон ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо омодагӣ мегиранд. Имсол низ, дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илм, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати тандурустӣ гурӯҳи корӣ ташкил шуда, дар асоси нақшаи корӣ осоишгоҳҳову истироҳатгоҳҳое, ки дар гирду атрофи шаҳри Душанбе қарор доранд, мавриди  санҷиш қарор гирифтанд. Ҳамчунин, гурӯҳҳои корӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд. Албатта, масъулини соҳа ба хотири бехатарии сокинон тамоми чораҳоро меандешанд, вале, мутаассифона, ҳамасола ҳалокати одамон ба қайд гирифта мешавад. Агарчи имсол нисбат ба соли гузашта шумораи ғарқшудагон коҳиш ёфта бошад ҳам, ҳолатҳои ғарқшавии байни кӯдакону наврасон хеле барвақт оғоз шуд. Агар ба соли 2023 назар афканем, 160  нафар дар обанборҳои кишвар ба ҳалокат расид, аммо дар нимсолаи соли 2024 бошад, аллакай, 68 нафар ғарқ шуд, ки 31 нафари онҳо кӯдакону наврасонанд».  
 
ОМИЛИ АСОСИИ ҒАРҚШАВӢ
Тавре аз суҳбат бо мутахассис маълум гардид, дар гармои тобистон маҷрои дарёҳо хеле тез мешавад,  аз ин рӯ, шахс худро дар чунин ҳолат идора карда наметавонад ва дар натиҷа ба сангҳо бархӯрда ба ҳалокат мерасад. Бояд таъкид кард, ки бештари вақт маҳз бо айби калонсолон кӯдакону наврасон дар ҷойҳои мамнуъ оббозӣ мекунанд,  зеро онҳо на танҳо монеъ намешаванд, балки худ намуна  мебошанд. Ҳатто, ҳолатҳое ба назар мерасад, ки  овезаҳои «Дар ин ҷо оббозӣ кардан манъ аст»-и аз ҷониби Кумита насбшударо,  канда мепартоянд. 
Дигар омили ғарқшавӣ садамаҳои нақлиётӣ мебошанд, ки, аслан дар роҳҳои кӯҳии  Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Кӯлоб рух медиҳанд. Дар минтақаи Рашт бошад, сабаби асосии ин ҳолати нохуш, убур кардан аз лӯлаҳои байни обанборҳо мебошад. Сабаби дигар мадҳушии майпарастон аст, ки ҳангоми мастӣ ба дохили об медароянду дар натиҷа бо марг рӯ ба рӯ мегарданд. 
 
ЭҲТИЁТ НИМИ ҲАЁТ
Чуноне Умеда Юсуфӣ мегӯяд, дар ин мавсими фароғату истироҳат модарону падаронро зарур аст, ки мунтазам фарзандони худро аз оқибатҳои нохуши оббозӣ огоҳ намоянд. Бояд реҷаи истироҳатии фарзанди худро ҳатман таҳия кунанд, зеро таътили тобистона нав оғоз ёфтааст ва боз ду моҳи дигар идома меёбад. 
 
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 02.07.2024 №: 124
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив