ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

02 июл 2024, Сешанбе
1
0
Дасти хунолуде, ки дар банди завлона афтод
Як сокини ноҳияи Вахш, ки аз ӯ марди 27-сола ном бурда мешавад, ба гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, гумонбар 26-уми июни соли 2024 собиқ ҳамсараш – ҷавонзани 22-солаи сокини шаҳри Душанберо бо духтари хурдсолаш ба наздаш даъват намуда, рӯзи дигар қасд ба ҷони ҳамсари собиқаш мекунад. Ӯ 27-уми июн дар дили шаб ҳангоми хоб будани собиқ ҳамсараш ӯро буғӣ карда, сипас барои пинҳон кардани ҷасад ба назди канали обгузар мебарад. Дар ҳамин асно қотили ҳамсар пай мебарад, ки ҷавонзан ҳанӯз зинда аст ва бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намуданаш, бо 5 зарби корд ӯро ба ҳалокат мерасонад.
Вобаста ба ин ҳолат алайҳи гумонбар бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
 
 
Вакили халқ барои тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд
Сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон, ҳамзамон, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Саразм” №29 (шаҳри Панҷакент) Қ.Усмонов ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ айбдор мешавад.
Тавре маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ин бора хабар дод, номбурда қасдан ва бо мақсади тасарруфи маблағҳои буҷетӣ зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти “Сохтмони пойгоҳи обкашӣ дар мавзеи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент” қубурҳои қаблан истифодашударо бо нархи нисбатан арзон харида, маблағҳои калони дар ин самт ҷудошударо бо роҳи азонихудкунӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ тасарруф намудааст.
Дар ин робита, нисбат ба Қ. Усмонов бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 323 (сохтакории хизматӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст. 
 
 
Қаллобӣ ва пайомади қонунии фиребгарӣ 
Кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Восеъро ба гумони содир намудани кирдори қаллобӣ боздошт карданд.
Ба иттилои маркази матбуоти ВКД, ин мард 4-уми майи соли ҷорӣ бо роҳи фиреб ба боварии марди 56-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 10 ҳазору 500 доллари ИМА ва 150 адад мизу курсӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад. Аммо, бархилофи аҳд то ҳол маблағро барнагардондааст, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.07.2024 №: 124
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив