ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МИНТАҚАИ РАШТ ВА САНЪАТИ МУСИҚӢ.  ФОСИЛАИ ДАҲСОЛАИ БЕҲОСИЛ

МИНТАҚАИ РАШТ ВА САНЪАТИ МУСИҚӢ.  ФОСИЛАИ ДАҲСОЛАИ БЕҲОСИЛ

10 апрел 2023, Душанбе
43
0

 
Даҳ сол мешавад, ки дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳадди ақал як донишҷӯ аз ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод таҳсил намекунад. Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди тарғиботу ташвиқоти пайваста ва сафари устодони муассиса ба ин минтақа ҳамасола нақшаи қабули Консерватория аз шаст то ҳафтод дарсад иҷро мешавад. Аз ҷумла, нақшаи қабули соли гузашта 69 дарсад мебошад.
Миралӣ Достизода, ректори Консерваторияи миллӣ, дар робита ба ин масъала гуфт: «Дар назари аввал муаммои мазкур бисёр сода метобад, аммо тасаввур кунед, ки дар муддати даҳ сол ва ҳатто зиёда аз он минтақаи калонтарини кишвар соҳиби як мутахассисии академии санъат набошад. Дар муассисаҳои фарҳангии водии Рашт кормандон аксаран бо маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи мусиқӣ фаъолият мебаранд ва корҳои тарғиботии ҳарсолаи мо барбод мераванд».
Воқеан ҳам, дар сӣ соли охир баъд аз шодравон Зафар Нозиму Амриддини Кабир, ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон  ва Ҷовидон Нозимов, сарояндае, ки дар аксари чорабиниҳои фарҳангии сатҳи баланд иштирок мекунад, чеҳраи равшан ва таъсиргузореро дар фарҳангу ҳунари Раштонзамин намебинем. Ҳол он ки мардуми ин диёр соҳиби завқи баланди ҳунариву эҷодӣ ва писарону духтарони қобил зиёд дорад.
Бино ба маълумоти дастрас, дар соли нави таҳсили 2022-2023 аз вилоятҳои Суғд 24 кас, Хатлон 50, ВМКБ 18 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 46 кас ба сафи донишҷӯёни Консерватория пайвастанд, ки хеле кам аст. Мутаассифона, аз ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод касе ҳуҷҷат насупурдааст.
- Ҳар сол чанд устоди Консерватория бо сафари махсус ба минтақаи Рашт мераванд, бо кормандони соҳаи фарҳанг, масъулони муассисаҳои таълимӣ, мудирони шуъбаҳои фарҳанг ва маориф, ҳатто бо баъзе аз хонаводаҳои алоҳида ва ҷавонону наврасони бомаҳорат вохӯриҳо мегузаронанд, суҳбатҳо меороянд. Дар раванди мулоқот маълум мешавад, ки ҳеҷ монеа нест ва бо ҳамовозӣ тасдиқ мекунанд, ки имсол ҳатман фарзандону шогирдони худро барои таҳсил мефиристем, аммо соли нави хониш сар мешаваду касе дари даргоҳи моро намекӯбад. Гӯё онҳо ба чашми мо хок мепошанд, моро мисли кӯдак фиреб медиҳанд. Дар соли ҷорӣ азм дорам, ки худам бо намояндагони Вазорати фарҳанг ба ин водӣ сафар анҷом диҳам ва аз асли қазия огоҳ шавам, - мегӯяд Миралӣ Достизода.
Масъулони Консерватория барои ҳалли масъала ва ба ҷойи зарурӣ расонда шудани садои дилашон нусхаи мактуберо дар ихтиёри мо гузоштанд, ки аз номи вазири фарҳанги ҷумҳурӣ ба унвони раисони шаҳру навоҳии мамлакат фиристода шудааст. Дар ин номаи аз таърихи 29 январи соли 2022 ирсолгардида, аз ҷумла омада: «Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ба тарбияи кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Вобаста ба ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки бо мақсади таъмини муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ бо мутахассисони баландмалакаи соҳаи санъати мусиқии касбӣ, ҷиҳати ҷалби довталабони боистеъдод барои таҳсил дар Консерваторияи миллӣ мусоидат намоед».
Ин ҳама таъкиду ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва номаи Вазорати фарҳанг чаро масъулони ноҳияҳои водии Раштро бетараф гузоштааст? 
Ба ин қазия аз даричаи дигар нигаристем. Ба яке аз навозандагони ҳаваскори водӣ Р. Қурбонов, ки дар баъзе аз маъракаҳои мардум хидмат ҳам мекунад, пешниҳод кардем, то ҳуҷҷатҳояшро ба Консерваторияи миллӣ супорад. Роҳбарият розӣ аст, ки агар маҳорат дошта бошад, бо таҳсили ройгон фаро гирифта шавад. Дар посух аз камии маош, аз маркази ноҳия дур будани манзилаш, зери савол будани ҷойи кори оянда «шикваҳо» шунидем. Азбаски ҳарфи ӯ ҷон дошт, аз нав ба ректори Консерватория муроҷиат кардем. Ӯ изҳор дошт: «Агар довталаб пасон соҳиби малакаи кофӣ ва ба муаррифии санъати тоҷик қодир бошад, омодаем, ки дар пойтахт, дар бузургтарин театрҳо ва муассисаҳои дигари ҳунарӣ бо ҷойи кор таъмин кунем. Барои мисол, ба 18 донишҷӯи хатмкунандаи соли гузашта аз ВМКБ дар шаҳри Душанбе ҷойи кор ёфтем ва инак, як сол боз онҳо дар чорабиниҳои сатҳи гуногун ҳунарнамоӣ мекунанд. Инчунин, бори нахуст баъди пайгириву пофишориҳо ҳамаи хатмкунандагони мо дар гӯшаву канори гуногуни кишвар кор ёфтанд, ки натиҷаи қаноатбахш мебошад».
Ин масъаларо аз Муҳриддин Низомӣ, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Мирзо Турсунзода низ пурсон шудем. Ӯ гуфт: «Воқеан ҳам, таваҷҷуҳи мардуми водии Рашт дар чанд соли охир ба санъати касбӣ костааст, вале дар мо, дар муқоиса ба Консерваторияи миллӣ чанд каси ангуштшумор аз он ҷо таҳсил доранд. Оянда ин масъаларо ҳатман баррасӣ ва пайгирӣ мекунем».
Ин дар ҳолест, ки бо ибтикори Президенти кишвар дар аксари ноҳияҳои минтақа биноҳои зебову замонавии фарҳанг ва толорҳои консертӣ боз шуда, ниёз ба мутахассис доранд.
- Хоҳиш мекунем, дигар хишт аз қолаб кӯчидааст. Мо бояд заминаҳои аз санъат дур шудани мардумро ҷӯем, чораандешӣ кунем. Дар рӯзнома нашр кунед, шояд дар маҳзари ом ифшо кардани ин камбудӣ зиёиёну масъулонро бетараф нагузорад ва бо таъсири онҳо ҳадди ақал ҳар сол 10-15 нафар ба Консерватория оянд ва аз назокатҳои мусиқии академӣ баҳравар шаванд. Ҳамзамон, ин таъкиду хоҳиши мо ба намояндагони ҳама шаҳру ноҳияҳо дахл дорад. Маблағи шатрномаи таҳсил гарон нест, қабул на тавассути Маркази миллии тестӣ, балки бо санҷиши садову маҳорат сурат мегирад, танҳо чашм ва дили ботинбин зарур аст, - афзуд Миралӣ Достизода.
Бояд ёдовар шуд, ки соли гузашта бори аввал дар таърихи Консерватория Шурои муштаракаи диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаҳои илмӣ таъсис ёфт ва нахустшумораи маҷаллаи илмӣ-оммавии «Мутриб» интишор ёфт.
Ин боргоҳи ҳунар ягона муассисаи академии омӯзиши санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, дирижёрӣ ва санъатшиносӣ буда, аз шароити зарурии таҳсил бархурдор аст. 

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 10.04.2023 №: 73
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив