ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Тоҷикистон масъалаи таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётиро ба миён гузошт 

Тоҷикистон масъалаи таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётиро ба миён гузошт 

01 май 2023, Душанбе
15
0


Бо назардошти воқеияти геополитикии муосир, Тоҷикистон зарур мешуморад, ки ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда шавад. Дар робита ба ин, таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ мувофиқи мақсад аст. 
Дар ин бора Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, дар ҷаласаи 10-уми машваратии вазирони нақлиёти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гашт, изҳор дошт.
Гуфта шуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, сармоягузории хусусӣ, инчунин, дастгирии институтҳои байналмилалии молиявӣ ва кишварҳои эҳдокунанда (донор) то имрӯз дар соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ 60 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 2 миллиард доллари ИМА амалӣ гардидааст. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ зиёда аз 2200 км роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Имрӯз дар соҳа 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 1 миллиарду 122 миллион доллари ИМА амалӣ мешавад.


Вохӯрии гурӯҳҳои кории Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзҳои 25-29 апрели соли 2023 дар шаҳри Ботканд вохӯрии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, – иттилоъ дод Вазорати корҳои хориҷӣ.
Зимни гуфтушунид ҷонибҳо оид ба масъалаи муайян кардани нуқтаи пайвастшавии хатти сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон табодули афкор намуданд.
Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад.


Мулоқот бо президенти Палатаи савдо ва саноати Италия 
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода президенти Палатаи савдо ва саноати Италия Фердинандо Пелаззоро ба ҳузур пазируфт. Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии Тоҷикистону Италия ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳоли рушд аст. Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта мубодилаи молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Италия 18,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил кард.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода таваҷҷуҳи меҳмононро ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ, сайёҳӣ ва гардишгарии вилоят ҷалб намуда, тазаккур дод, ки дар Тоҷикистон барои сармоягузорӣ фазои мусоид мавҷуд буда, дар мамлакат минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолият доранд. Имкониятҳо дар соҳаи кишоварзӣ низ, фаровон буда, тарафҳо метавонанд барои ташкили корхонаҳои муштарак ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти пахтагин лоиҳаҳои муҳимро амалӣ созанд.


Қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои қабул ва муроҷиати шаҳрвандон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сафар кард.
Шуъбаи иттилоотӣ – таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар медиҳад, ки 17 нафар доир ба масъалаҳои расондани ёрии молиявӣ ба оилаҳои ниёзманду серфарзанд, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, замин барои сохтмони муассисаи таълимӣ ва бунгоҳи тиббӣ, кашидани хатти оби нӯшокӣ, иваз намудани симчӯбҳои куҳна, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо муроҷиат намуданд.
Давлаталӣ Саид ба масъулон барои иҷрои масъалаҳои зикршуда супоришҳои қатъӣ дода, ҳамзамон, ба фаъолони ноҳия дастур дод, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода карда, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, хӯроки дусоларо захира намоянд.


Машғулияти ротавӣ-тактикӣ дар машқгоҳи «Фахробод»
Дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод»-и гарнизони Хатлон машғулияти ротавӣ-тактикии ҷузъу томи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамал бо омӯзиши маълумоти иктишофӣ  ва коркарду баррасии он аз рӯи тамсила (макет), ки дар он матлаби машқҳои навбатӣ пешбинӣ гардида буд, оғоз ёфт. Дар ин хусус Вазорати мудофиа хабар дод.
Зимни оғози машғулият гурӯҳҳои таъиншуда пас аз муайян намудани мавзеи ҷойгиршавии душманони шартӣ ба амалиёт шуруъ ва иҷрои вазифаҳои ҷангиро дар самти безарар гардондани душманони эҳтимолӣ амалӣ намуданд.
Дар ин тамринҳо ҳайати шахсии ҷузъу томи десантӣ бо истифода аз авиатсия, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, мошинҳои махсуси зиреҳдор ва дигар силоҳу муҳимоти ҳарбӣ вазифаҳоро ба иҷро расонданд.

Санаи нашр: 01.05.2023 №: 90
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив