ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ.  РУШДИ САНОАТ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ТАШКИЛИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРИСТ

ВМКБ.  РУШДИ САНОАТ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ТАШКИЛИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРИСТ

02 октябр 2023, Душанбе
27
0


Алишер Мирзонабот,  раиси  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон, зимни машварати  назоратии  назди раис аз фаъолияти  нокифояи раёсати  Агентии меҳнат ва  шуғли аҳолии вилоят дар ҷалби коргарон ба кор дар иншооти бузурги  бунёдшавандаи шаҳри  Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят  изҳори нигаронӣ кард. Зикр гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ шумораи бекорон дар  вилоят аз ҳазорҳо нафар мегузарад, вале  феълан иншооти муҳим, ба мисли қитъаи роҳи  Дарвоз – даромадгоҳи ноҳияи  Рӯшон, шоҳроҳи  Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Кулма, Неругоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа, кӯпруки маҳаллаи Шарифободи шаҳри Хоруғ,  ба коргарон  ниёзмандии шадид доранд. 
Дар идораву муассиса ва ташкилотҳои буҷетии вилоят низ, вазифаҳои озод зиёданд. Соли равон зимни сафари кории  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба вилоят чандин иншооти хурду бузург мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки дар ин росто,  даҳҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил шуданд. Бо дастури  Пешвои  муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди боз чандин иншооти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ дар назар аст ва бо амалӣ гардидани ин  лоиҳаҳо  садҳо ҷойи нави корӣ муҳайё мешаванд. 
– Канӣ корҷӯёни шумо, то дар ин корхонаҳо машғули кор шаванд, пул кор кунанд, хонаводаҳои худро хӯронанду пӯшонанд, – пурсид раиси вилоят  аз масъулони раёсати   Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят ва афзуд. – Чаро ҳисоботҳои омории  шумо бо воқеият  мувофиқат намекунанд?
Дар зимн,  раиси вилоят супориш дод, ки  роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, раёсати  Агентии меҳнат ва  шуғли аҳолии вилоят ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо барои ба кор ҷалб намудани бекорон  дар ин иншоот ва дигар  корхонаву коргоҳҳо, муассисаву ташкилотҳо чораҷӯӣ намоянд. 
Дар ҳамин ҳол, аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Хоруғ  иттилоъ доданд, ки  шаҳрдорӣ   якҷоя бо бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  дар ярмаркаи ҷойҳои кори  холӣ ва вазифаҳои озод ба корҷӯён беш аз 70 ҷойи  кор дар минтақаҳои гуногуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳод карданд. Аз ҷумла, ба корҷӯён  20 ҷойи кор дар  сохтмони Неругоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа, 20 ҷойи кор дар сохтмони  роҳи мошингарди Дарвоз – Ванҷ то сарҳади ноҳияи Рӯшон ва 20 ҷойи кор дар сохтмони кӯпруки маҳаллаи Шарифобод  пешниҳод шуд. Зикр гардид, ки зиёда аз 10 ҷойи кори холии дигар дар идораву муассисаҳои вилоятию шаҳрӣ интизори корҷӯён аст. Муроҷиаткунандагон дар асоси роҳхати бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр ба корхонаҳое, ки ҷойҳои кори холӣ пешниҳод намуда буданд, фиристода шуданд. Бо вуҷуди ин, дар бисёр муассисаҳои вилоятӣ ҷойҳои корӣ то ба ҳол холӣ мондаанд.  Дар корхонаҳо, асосан,  мутахассисони варзидаву кордон намерасанд. 
Дар машварат, ҳамчунин, иҷрои супоришҳои протоколии машваратҳои қаблӣ, аз ҷумла ҷараёни иҷрои нақшаи таъмини мактаббачаҳо бо либоси мактабӣ, риояи забони давлатӣ дар идораву муассисаҳои вилоят, омодагӣ ба сафарбаркунии ҷавонон ба сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба ҳамоиши бонувон таҳти унвони  “Тараннуми  ваҳдат  дар  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон”, таъмини  нуқтаҳои аҳолинишини дурдаст бо маводи ниёзи аввал, тайёрӣ ба зимистони дарпешистода, баргузории озмунҳои  “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”  ва  “Илм– фурӯғи маърифат”, ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагиҳои кишоварзӣ  ва ғайра, мавриди таҳлил қарор гирифтанд ва ба масъулон ҷиҳати иҷрои саривақтию босифати вазифаҳои базиммаашон гузошташуда  супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.10.2023 №: 195
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив