ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОШКЕНТ.  ТОҶИКИСТОН ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ХУДРО МУАРРИФӢ КАРД

ТОШКЕНТ.  ТОҶИКИСТОН ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ХУДРО МУАРРИФӢ КАРД

04 ноябр 2024, Душанбе
22
0


Намоишгоҳ-ярмарка таҳти унвони Tashkent Travel March-2024 дар шакли B2B дар шаҳри Тошкент баргузор гардид. Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалӣ ду рӯз давом карда, дар он 60 созмони сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Миср, АМА, Малайзия, Русия, Гурҷистон ва Туркия ширкат намуданд. 
Ба сифати таъсисгари Намоишгоҳ-ярмаркаи мазкур Иттиҳодияи созмонҳои хусусии сайёҳӣ муаррифӣ гардид. Гуфта мешавад, ки ин чорабинӣ намояндагони муваффақтарин ширкатҳои сайёҳиро аз чор гӯшаи олам гирди ҳам овард. Аз ҷумла, се ширкати хусусии сайёҳии Тоҷикистон – Zarafshon Tour, Brilliant Tour ва Silkway Adventure  дар он  муваффақона ширкат карданд.  
  – Ҳадафи мо ҳарчи бештар муаррифӣ намудани имкониятҳои сайёҳии кишварамон ва ҷалби сайёҳон ба он мебошад, – гуфт ба “Ҷумҳурият” директори ширкати хусусии сайёҳии  Zarafshon Tour  Мансур Саидов.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳошияи ин Намоишгоҳ-ярмарка ба барқарор кардани робитаҳои корӣ, мубодилаи таҷриба ва муаррифии навовариҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ ноил шуданд. Мансур Саидов тазаккур дод, ки аз тариқи ширкати онҳо ҳудуди ду ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон боздид намуданд ва ин раванд идома дорад.
 – Танҳо дар давоми ду рӯзе, ки ин ҷо будем, бо намояндагони 22 ширкати хусусии сайёҳӣ музокира намудем. Интизор меравад, ки дар пояи ин ҳамкориҳо теъдоди зиёди сайёҳон аз кишварҳои Малайзия, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Гурҷистон ва ғайра ба Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард, – изҳор намуд  директори ширкати хусусии сайёҳии  Silkway Adventure  Наҷиб Шарифов.
  – Аз шиносоӣ бо ҳамкорони тоҷикистонии худ хеле сарфарозам. Бо таассуфи зиёд арз мекунам, ки сокини Бухорои Шариф шуда, ҳанӯз аз ин кишвари ҳамҷавору меҳмоннавози Тоҷикистон, табиати зебову гуворо, обу дарёҳои равонаш ва манзараҳои дилчаспу дилнишинаш лаззат набурдаам. Ин хатои худро дар фурсати наздиктарин ислоҳ хоҳам кард ва дӯстони худро барои ин кор ташвиқ хоҳам намуд, – мегӯяд иштирокчии ин Намоишгоҳ-ярмарка Нигина Иноятова.
Бояд гуфт, ки дар ҳошияи ин чорабинӣ конфронс баргузор гардид ва он масъалаҳои рақамикунонии бахши сайёҳиро дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор дод. 

Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”,
шаҳри Тошкент

Санаи нашр: 04.11.2024 №: 218
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив