ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 6 ноябр. Бардошт аз ҳамоиши ҷашнӣ

6 ноябр. Бардошт аз ҳамоиши ҷашнӣ

08 ноябр 2024, Ҷумъа
17
0


Бо мақсади таҷлили сазовори Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила бо иштироки доираи васеи намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо Конфронси ҷумҳуриявии “Конститутсия – шоҳсутуни низоми давлатдорӣ”-ро баргузор намуд. 

Ҳамоиши тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, Гулбаҳор Ашурзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Маликшо Неъматзода, раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақил, Дилором Абдураҳимзода, судяи Суди конститутсионӣ, Давлатшоҳ Маҳмудов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доир ба нақши Конститутсия дар таҳкими давлати демократӣ андешаҳои худро баён доштанд.
Аз ҷумла, дар ин бора Гулбаҳор Ашурзода зикр намуд: “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои занон заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард. Маҳз бо қабули ин санади муҳим дигар барномаҳову стратегияҳои ояндадор қабул ва амалӣ шуда, ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҷамъиятии сокинон, алалхусус занон, танзими дурусти худро ёфт. Бо мақсади минбаъд низ таъмин намудани иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат, Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2027 ва Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2024-2028 қабул гардида, татбиқ мешаванд”.
Дар Конфронс, инчунин, зикр шуд, ки қабули Конститутсия дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт. 
Дар Конфронс як зумра бонувони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мамлакат бо сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оила қадр шуданд. 
Чорабинӣ бо барномаи рангини аҳли фарҳанги кишвар хотима ёфт.

Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 06.11.2024 №: 221-222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив