НОҲИЯИ РӮДАКӢ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ДУРАХШОНТАР МЕШАВАД
Ноҳияи Рӯдакӣ яке аз ноҳияҳои калонтарин ва сераҳолитарини ноҳияҳои ҷумҳурӣ буда, дар зарфи сиву се соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои хуби иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва дигар пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода дар оғози мусоҳиба бо хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” иброз дошт, ки тамоми комёбиҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ, тиббиву маърифатӣ, варзишиву сайёҳӣ аз даромадҳои молиявӣ вобастаанд. Аз ин рӯ, мо кӯшиш мекунем, ки пайваста қисми даромади буҷет боло равад. Ҳамин аст, ки моҳҳои январ-июни соли равон қисми даромади буҷети ноҳия аз рӯи контингент нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 миллиону 457 ҳазор сомонӣ афзуда, беш аз 128,4 миллион сомонӣ иҷро шуд. Ҳамчунин, ба буҷети маҳаллии ноҳия 112,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта зиёд аст. Инчунин, 230 лоиҳа барои амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025 бо сарфи беш аз 221,9 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки 148 лоиҳа бо маблағи беш аз 128 миллион сомонӣ иҷро шуд.
БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ
– Сохтмон барои ноҳияи Рӯдакӣ соҳаи муҳим буда, дар бунёду барқарорсозии инфрасохтор мавқеи хоссаро ишғол менамояд, – гуфт раиси ноҳия. – Аз ин рӯ, ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми январи соли 2022 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳои зарурӣ андешида, дар ин бора қарори раиси ноҳия низ аз якуми феврали соли 2022, таҳти №167, ба тасвиб расидааст. Тибқи қарори мазкур, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 369 иншооти соҳаи хоҷагии халқ тарҳрезӣ шудааст. Аллакай, ба ин муносибат 140 иншоот ба истифода супурда шуда, дар иншооти боқимонда сохтмон ва лоиҳакашӣ идома дорад, – иброз намуд А. Ҳикматуллозода.
БУНЁДИ 30 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ВА ҲАШТ БУНГОҲИ ТИББӢ
Нимсолаи аввали соли равон дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 18, 19, 77, 111 ва 138 30 синфхонаи иловагӣ барои 1322 ҷойи нишаст дар ду баст ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, сохтмони биноҳои иловагӣ ва синфхонаҳо дар назди ҳаждаҳ муассисаи таълимӣ бомаром идома дорад. Биноҳои иловагӣ дорои 161 синфхона ва 4025 ҷойи нишаст мебошанд, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан, мушкили норасоии ҷойи нишаст бартараф мегардад.
Дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, соҳибкорон ва аҳолии ноҳия ҳашт бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуда, сохтмони панҷ бунгоҳи тиббии дигар дар марҳалаи анҷомёбист. Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия сохтмони бинои замонавии ёрии таъҷилӣ ба маблағи беш аз чор миллион сомонӣ дар назди беморхонаи марказӣ оғоз гардида, ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ифтитоҳ меёбад.
САНОАТ. 17 КОРХОНА АЗ ФАЪОЛИЯТ МОНД
Абдуғаффор Ҳикматуллозода иброз дошт, ки соли ҷорӣ мо ба масъалаи саноатикунонии ноҳия диққати ҷиддӣ додем. Ин аст, ки 184 корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба беш аз 284,8 миллион сомонӣ расонданд, ки назар ба ҳамин давраи соли рафта 37 миллиону 575 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Мутаассифона, дар ин давра 17 корхона бо сабаби куҳнаю фарсудагии таҷҳизот ва ба итмом расидани муҳлати иҷозатнома фаъолият накард.
152 ҲОЛАТИ ҒАСБИ ЗАМИН ВА 39 ҚОНУНВАЙРОНКУНИИ ҶАШНУ МАРОСИМИ МИЛЛӢ
Тайи шаш моҳи соли равон дар ноҳия 152 ҳолати қонуншикании замин дар майдони 23,37 гектар ошкор гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли рафта 12 ҳолат бештар мебошад. Нисбат ба 130 нафар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 86700 сомонӣ ҷарима шуд. Илова бар ин, ҳаждаҳ мавод оид ба қонунвайронкунии замин дар майдони 1,81 гектар ба прокуратураи ноҳия барои додани баҳои ҳуқуқӣ пешниҳод гардида, ҳабдаҳ мавод ба Хадамоти иҷро барои рӯёндани ҷарима ба таври маҷбурӣ ирсол гашт.
Дар ин давра 1383 ҷашну маросим сабт шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 287-то кам аст. 39 амали қонунвайронкунии маъмурӣ бо вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шуда, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва ба суди ноҳия ирсол гардид.
Ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва таҳсилоти ғайриқонунии динӣ соли равон, тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, дар кӯчаву маҳаллаҳои осебпазири шаҳраку деҳоти ноҳия бо усули хона ба хона бо падару модари шаҳрвандоне, ки ба гурӯҳу ташкилотҳои экстремистию террористӣ ҷалб шудаанд, суҳбату вохӯриҳо баргузор гардиданд.
Абдуғаффор Ҳикматуллозода бо нигаронӣ, изҳор дошт, ки ҳоло 162 сокини ноҳия, ки ба гурӯҳу ташкилотҳои экстремистию террористӣ ҷалб шудааст, аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар кофтукови байналмилалӣ қарор дорад.
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба азми қавии мардуми ноҳия такя намуда, минбаъд низ, баҳри иҷрои ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ чораҳои амалиро роҳандозӣ карда, дар ин замина истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо туҳфаҳои меҳнатӣ ва руҳияи баланду садоқатмандӣ ба Ватан таъмин месозанд, – гуфт раиси ноҳия.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
27 март 2023, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)