ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “МАҚОМИ ШОИРА ФАРЗОНА ДАР АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК”

“МАҚОМИ ШОИРА ФАРЗОНА ДАР АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК”

08 ноябр 2024, Ҷумъа
26
0


Таҳти ҳамин унвон дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳамоиши байналмилалӣ доир шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ифтитоҳи ҳамоиши мазкур иброз дошт, ки зиёиёни тоҷик, аз ҷумла адибони тоҷик, дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таҳкими давлатдории навини Тоҷикистон, рушду нумӯи фарҳанг, адабиёт ва санъати миллӣ саҳми муассир мегузоранд.
– Имрӯз адабиёти муосири тоҷик ва умуман, адабиёти форсизабонони ҷаҳонро бе  сухани шоира Фарзона, бе шеъри ноби Фарзона тасаввур намешавад кард, – таъкид дошт раиси вилоят. – Адиби сермаҳсул маҳз бо эҷодиёти саршор аз ахлоқи баланди шеъру шоирӣ, Ватану ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ, фалсафию дорои мазмунҳои инсонӣ дар олами шеъру шоирӣ нақши муассир мегузорад. Ҳар сухани Фарзона, ҳар ишорати ӯ муҳаббат ба Ватан, даъват ба дӯстдории ин марзу бум аст. Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои сари давлат омадан дар талош ҳастанд, ки дар такя ба неруи пешқадами ҷомеа – аҳли зиё, нависандагон, намояндагони расонаҳои хабарӣ ба ҷаҳониён  собит созанд, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин халқҳоеанд, ки тамаддунсоз, сулҳофару шаҳрсозанд. Хушбахтона, шоираи маҳбуб, бону  Фарзона аз зумраи адибоне мебошад, ки бо сухани ноб, ашъори саршор аз ахлоқу даъват ба ватандӯстиву ватандорӣ ҷиҳати таҳкими давлати навини тоҷикон саҳми муассир мегузорад, зеро мафҳуми Ватан, дӯстдории Ватан дар ашъори шоираи маҳбуб мақоми асосӣ дошта, таъкидкунандаи нидои шоир маҳсуб меёбад.
Дар ҳамоиш дар баробари аҳли адабу ҳунари тамоми манотиқи кишвар, намояндагон аз ҷумҳуриҳои ҳамсояи Ӯзбекистон, Афғонистон, Россияву Эрон ширкат карданд.
Акбари Абдулло, раиси Хазинаи адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нишони фахрии сарисинагии Иттифоқро ба шоир Фарзона тақдим карда, ба ӯ барори эҷодӣ таманно намуд. Адабиётшинос А. Сатторзода ашъори Фарзонаро тозаписанд, камназир дар адабиёти тоҷик, бо нигориши хос, бо диди нав арзёбӣ кард.  
Профессор Ҷумъахони Ҳамро аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд нахуст, арзи сипоси хешро ба сарварони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстии ду халқ иброз дошта, таъкид кард, ки Фарзона бо ашъори ноби худ писанди на фақат мардуми Тоҷкистон, балки халқи Ӯзбекистон маҳсуб ёфта, шеъри адибро мехонанду дар матбуоти даврӣ васеъ истифода мебаранд, саҳифаҳои махсус мебахшанд.
– Фарзона шоири маҳбуби кулли форсизабонон аст, – иброз дошт Суҳайлӣ Юсуфӣ аз кишвари Эрон. – Шоира аз дили халқ, бо диду дарди халқ  шеър мегӯяд. 
Устоди Донишгоҳи давлатии Фарғона Масъуди Мирзо таъкид дошт, ки  Фарзона бо ин ашъору бо ин мақому манзалати шеър гуфтан танҳо Фарзонаи Тоҷикистон не, Фарзонаи ҳамаи халқҳои ҷаҳон, форсизабонҳост.
Шоири халқии Тоҷикистон Камоли Насрулло зимни суханронӣ иброз дошт, ки танҳо қироату хондани шеъри Фарзона кам аст, бояд ба олами шоир, ба диди ӯ, ба ҷаҳонбинии мавсуф ворид шуд. Олами биниши Фарзона куллан дигар аст – одамдӯстӣ, ҳамраъйӣ, шеъри муаддаб.
Баъдан, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона барои созмондиҳандагони ин ҳамоиш, махсусан Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бахши Иттифоқи нависандагон дар вилоят, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров арзи сипос карда, иброз дошт, ки мақсади эҷодиёти ӯ мақому манзалати инсон дар такопӯи зиндагӣ, тарғиби ҳувияти Ватан ва ватандӯстист.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 07.11.2024 №: 223
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив