СУҒД. БЕШ АЗ 1600 ХОҶАГӢ НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТАРО ИҶРО КАРД
Имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд бомаром идома дорад. То 8-уми октябри соли равон 35 429 тонна пахта истеҳсол шудааст, ки 26,3 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, то имрӯз зиёда аз 1600 хоҷагии пахтакор аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта гузориш додааст.
Пахтакорони вилоят ният доранд, ки соли равон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда 134 ҳазору 530 тонна пахта ба даст оранд.
Ҳамарӯза беш аз 50 ҳазор саҳмдорону ёрдамчиён ба пахтачинӣ баромада, қариб 3,5 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ мекунанд.
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, хабар дод.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)